Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 13:53

Раҳимзода: Сиёсати ҳукуматро ба муҳоҷирон дуруст фаҳмонед

12 сентябр 2017, 09:23

Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия хоҳиш кардааст, ки сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро ба муҳоҷирони тоҷик дуруст фаҳмонанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД даъвати Раҳимзода ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо бо намояндагони диаспораҳои тоҷик дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия садо дод.

Вазири корҳои дохилӣ ҳозиринро аз вазъи сиёсии дохили кишвар минтақа ва ҷаҳон огоҳ намуда аз хатарҳои ба давлати мо таъсирасонанда ҳушдор додааст: “Аз намояндагони диаспораҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар минтақаҳои фаъолияташон, ки шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул ҳастанд сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дуруст фахмонида аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав ва экстремистию терористӣ ҷилавгири намоянд”.

Дафтари матбуоти ВКД аз қавли намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия иттилоъ додааст, ки “онҳо пайваста бо ниҳодҳои давлатӣ дар хамкорӣ қарор доранд ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии Пешвои миллат дастгирӣ менамоянд”.


Раҳимзода: Сиёсати ҳукуматро ба муҳоҷирон дуруст фаҳмонед

Раҳимзода: Сиёсати ҳукуматро ба муҳоҷирон дуруст фаҳмонед

Раҳимзода: Сиёсати ҳукуматро ба муҳоҷирон дуруст фаҳмонед

Раҳимзода: Сиёсати ҳукуматро ба муҳоҷирон дуруст фаҳмонед


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фирдавс

  • 12 сентябр 2017 09:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом Инора падарка тиян аз бахри хамай чиз мегузаран

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!