Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:36

Дипломати тоҷик қаҳрамони мусобиқаи тенниси рӯи миз дар Теҳрон

12 сентябр 2017, 16:54

Як дипломати тоҷик қаҳрамони мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни сафоратхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ эълон гардидааст.

Торнамои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, атташеи иқтисодии сафорати Душанбе дар Теҳрон дар мусобиқаи тенниси рӯи миз ҳамаи ҳарифонашро шикаст дода, ба мақоми аввал расид ва медал, диплом ва ҷоизаи асосиро соҳиб шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин нахустин мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни кормандони сафоратхонаҳои кишварҳои узви СҲИ буда, бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии СҲИ роҳандозӣ шудааст: “Рақобатҳо миёни 17 нафар аз кишварҳои узви СҲИ бо ҳакамии доварони варзида бо роҳбарии довари дараҷаи байналмилалӣ Муҷтабо Собирӣ доир гардид”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсану офарин ба Давлатов Ахё барин дипломате, ки обуруйи миллату давлати хешро дар арсаи байналмилали баланд мебардорад
Посух додан
  • дипломат

  • 12 сентябр 2017 19:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуб ку!?
Вактхои бекориашро бефоида нагузарондааст, чаноби дипломат.
Дипломатхои точик дар хорича бештар вакт бекоранд, бо компютер картабози мекунанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!