Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:42

Баррасии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар дидори Э.Раҳмон ва Ҳ.Ҳаҷҷар

12 сентябр 2017, 18:27

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 12 сентябр дар мулоқот бо Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар, президенти Бонки исломии рушд аз тавсеаи ҳамкориҳо бо ин созмон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот таъкид гардидааст, ки аз оғози ҳамкорӣ бо ин бонк маблағи зиёда аз 335 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок равона гардидааст. Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар кишвар ба маблағи зиёда аз 173 миллион доллари амрикоӣ 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти маориф, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, энергетика, обёрӣ намудани заминҳо ва нақлиёт амалӣ шуда истодааст: “Соли ҷорӣ аз тарафи Бонки Исломии Рушд ду лоиҳаи дигар - сохтмони ду қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб ва лоиҳаи беҳтар намудани хадамоти саломатии модар ва кӯдак ҷонибдорӣ гардид”.

Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро, ки бо мақсади густариши рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар қабул гардидааст, баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар мулоқот омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Бонки исломии рушд, алалхусус, "Барномаи махсус барои Осиёи Миёна барои солҳои 2016-2020" ва "Фонди ҳаёт ва воситаҳои ҳаёт" таъкид шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!