Бахшҳо

Эътимоди триллионерҳо ба ояндаи “Роғун”: $500 млн не, 4,5 миллиард $ доданӣ буданд (АКС)

Бонки миллии Тоҷикистон аз фурӯши бомуваффақияти 500 миллион доллар вомбаргҳои давлатӣ барои сохтмони “Роғун” дар бозори ҷаҳонӣ иттилоъ дода, афзудааст, ки ширкатҳои триллионери ҷаҳон омода буданд, то 4,5 миллиард доллар вомбаргҳои "Роғун"-ро харанд.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ тавваҷҷуҳи зиёди ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон далели эътимоди онҳо ба ояндаи нерӯгоҳи “Роғун” мебошад.

Манбаъ мегӯяд, ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз санаи 28 август то 8 сентябри соли 2017 дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» фурӯши бомуваффақияти коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” таъмин намуданд: “Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 300 намояндаи ширкатҳои бонуфузи сармоягузорӣ, аз ҷумла Голдман Сакс (дороиҳо - 1,3 трлн. доллари ИМА), Блэк Рок (дороиҳо - 5,4 трлн. доллари ИМА), Пимко (дороиҳо - 1,6 трлн. доллари ИМА), Морган Стенлий (дороиҳо - 420 млрд. доллари ИМА), Фиделити (дороиҳо - 2,13 трлн. доллари ИМА), Веллингтон Менеджмент Груп (дороиҳо зиёда аз 1,0 трлн. доллари ИМА), Ҷ.П. Морган (дороиҳо - 1,7 трлн. доллари ИМА) ва дигарҳо гуфтушунид анҷом дод”.

Ба иттилои манбаъ зимни вохӯрӣ ва муҳокимарониҳо бо сармоягузорони байналмилалӣ имкон фароҳам омад, ки диққати сармоягузорон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардад: “Дар натиҷа пешниҳоди хариди сармоягузорон ба вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба 4,5 миллиард доллари ИМА зиёд гардида, пас аз гузаронидани гуфтушунидҳо, фоизи даромаднокии купони вомбаргҳо аз 8% то ба 7,125% солона коҳиш дода шуд ва вомбаргҳои давлатӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА ба бозори молиявии ҷаҳонӣ бароварда шуданд”.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки фоизи купони вомбаргҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вомбаргҳои 10-солаи давлатҳои дорои рейтинги “B” дар солҳои 2016-2017 яке аз пасттаринҳо ба ҳисоб меравад: “ Омили асосии ба даст омадани чунин натиҷа ин 9 маротиба зиёд будани дархостҳо барои хариди вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 290 сармоягузори байналмилалӣ мебошад, ки ин аз боварии сармоягузорони байналмилалӣ дар бомуваффақият ба анҷом расонидани сохтмони иншооти стратегии НБО “Роғун” гувоҳӣ медиҳад.

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ афзуд, вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба идоракунандагони фондҳо (85%), аз ҷумла ба сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), давлатҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) фурӯхта шуданд: “Дар навбати худ сармоягузорони байналмилалӣ дар баробари хариди вомбаргҳо инчунин аз омодагии хеш дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз дигар усулҳои сармоягузорӣ ибрози назар намуданд”.


Эътимоди триллионерҳо ба ояндаи “Роғун”: $500 млн не, 4,5 миллиард $ доданӣ буданд (АКС)

Эътимоди триллионерҳо ба ояндаи “Роғун”: $500 млн не, 4,5 миллиард $ доданӣ буданд (АКС)

Эътимоди триллионерҳо ба ояндаи “Роғун”: $500 млн не, 4,5 миллиард $ доданӣ буданд (АКС)

Эътимоди триллионерҳо ба ояндаи “Роғун”: $500 млн не, 4,5 миллиард $ доданӣ буданд (АКС)

Эътимоди триллионерҳо ба ояндаи “Роғун”: $500 млн не, 4,5 миллиард $ доданӣ буданд (АКС)
Мӯҳр
тошболта
аз х,амсояи наздик дида, бегонаи дур хуб будааст (ач,аб замоне)...

журналист
Чӣ хел «эътимод»-и аҷиииб!!! «$500 млн не, $4,5 млрд доданӣ буданд», лекин надоданд. Ҳамин аст эътимод? Э рӯйи ҳамин хел «эътимод»-ашон сафеду сиёҳ шавад! Эътимод кардагӣ намегӯяд, ки $4,5 млрд доданӣ будем, балки бароварда бо эътимод медиҳад. Албатта бо эътимод ва умед ба он, ки дар оянда бо фоидаҳояш бозпас мегирад!!! Эҳҳҳ эътимод, эътимод... тамоман маънову мазмунатро табдил додаанд-ку инҳо!!!

Акнун хамин хам дастовард шуд ми ин кадар тарифу тавсиф ин биржаи фонди ки дар хорич як кори мамули аст ва садсолахо хариду фуруши когазхои киматнок дар ончо мешавад Кафолати давлатхо гарави эътимоднокист на сахми фарде Онхо бачаи холаи касе нестанд ва хакашонро намебахшанд Фикр мекунам дигар хама имиджсозихо лофхои бехуда ва пиархо дасти кори чоплусонест ки ба ВАО таъсиргузоранд

Darvesh
Muhtaram BONKI MILLI baroi chi hamash bo DOLLAR??????
Ehtiromi puli milira doren okhir????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)