Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:07

Даъвати “Суғдсинамо”: Дар рушди синамои миллӣ саҳим бошед!

6 октябр 2017, 09:29

Дар Душанбе намоиши филмҳои ҳунарии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” шурӯъ мешавад.

Кормандони ин муассиса мегӯянд, аз 6 то 16 октябр дар кинотеатри “Ватан” ҳамарӯза ду филм манзури бинандаҳо мегардад: “Соатҳои 14:00 филми “12 соли интизорӣ” ва соатҳои 17:00 филми нави “Тангно” намоиш дода мешавад”.

Масъулини “Суғдсинамо” аз сокинону меҳмонони пойтахти Тоҷикистон даъват кардаанд, бо тамошои ин филмҳо дар рушди синамои миллӣ саҳм бигузоранд.

“Суғдсинамо” чанд сол пеш бо ибтикори раҳбарияти вилояти Суғд таъсис ёфт ва онро коргардон ва ҳунарманди ҷавону бомаҳорат Муҳиддини Музаффар раҳбарӣ мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Таҳияи чунин синамои пурмазмуну диданӣ ва муҳимтар аз ҳама ба дили халқ наздик кори саҳлу осон нест.Хосатан дар муҳите, ки аллакай мардумаш ба филмҳои хориҷӣ майл пайдо намудаанд.Воқеан, коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар аз баҳри хеш гузашт, бо тамоми ҳастӣ вориди дунëи ҳунар шуд.Ва имрӯз бо тамоми неруе, ки дорад, баҳри лаҳзае фароғати мо, ғизои маънавӣ гирифтани мо моҳҳоро дар сардиву гармиҳо ба филмофарӣ мебахшад. Ҳарчанд дилаш ба ëди ëри меҳрубону фарзандаш гум мезанад, таҳаммул мекунад...Маҳз туфайли ҳамин талошҳову истеъдоди нотакрор филмҳояш Ормонҳо, Паймон, 12 соли интизорӣ, Коса, Духтари Сайҳун, Тангно соҳиби Шоҳҷоизаву армуғонҳо гаштааст.Аммо як бурди филмҳо ин ҷост, ки ба зиндагии мардум воқеан наздик аст ва зимни тамошояш садҳо ашк рехтаву нисбати қаҳрамонҳои филм бетараф буда натавонистанд.
Ҳар яки Шумо азизонро ба тамошои ин филмҳо даъват намуда, таманно дорам, Муҳиддинҷон ҳаргиз хаста набошад.Ба бахти миллати тоҷик зинда бошӣ ва ҳамеша чун имрӯз бо нируи даҳчанд қаҳрамони синамобазм бошӣ.
Бо орзуҳои нек Фирӯзаи Абдулазиз

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!