Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 14:28

Шӯрои уламо дар бораи sms-ҳо бо номи Худо: Агар ба 20 кас нафиристӣ...

17 октябр 2017, 14:27

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон шеваи таҳдидидомези паҳнсозии паёмакҳои дорои муҳтавои диниро шарҳ додааст.

Корбарони сомонаи Шӯрои уламо суол кардаанд, ки вақтҳои охир паёмакҳо дар бораи номҳои Худо ва ё ҳаёти Пайғомбар (с) зиёд ирсол мешаванд ва дар онҳо таъкид мегардад, ки агар ин паёмро ба даҳ ё бист нафар равон накунӣ, даҳ ё бист соли ризқи инсон кам мешавад: “Оё бовар ва амал кардан ба он дуруст аст?”

Шӯрои уламо посух додааст, ки “албатта ҳифз ва азбар намудани асмои ҳуснои Худованд аҷру подоши бузурге дар бар дорад, инчунин огоҳӣ аз сират ва зиндагиномаи Расули акрам (с) низ фазилатҳои зиёдеро дорост ва бояд ҳар як нафар ба қадри имкон аз ин маълумот огоҳӣ дошта бошад, аммо ин иддао, ки агар матолиби паёмакро ба даҳ ё бист нафар равон накунӣ, даҳ ё бист соли ризқат кам мешавад, асоси шаръӣ надорад ва набояд ба он бовар кард”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Апанди

  • 17 октябр 2017 14:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Безор кардан , ба хамин смс-хояшон. Мактуб аз араб сауди, хозир Ливерпуль рафтай. Девонахо. ...
Ин кадар бесавод, бефахманд.
Посух додан
  • ali

  • 17 октябр 2017 15:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Апанди,
Мактуб аслан аз Сауди нест ин паемакхоро дар давлатхои бо ном мусалмони мусалмонони чохил ирсол мекунанд,аммо дар мавриди Ливерпуль гуфтаниам ки дар хамачой мусалмонон хастанд чун Худованд дар хамачо бандахояшро чой кардааст.
Посух додан
  • ыапыва

  • 18 октябр 2017 13:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бо хамин паемакхо як намуд вирус аниктараш троянкиро шумо равон менамоед, ки дар натича ирсолкунандаи аввал бурд менамояд аз чанд чихат

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!