Бахшҳо

Шӯрои уламо: Ҳамкориҳо бо ниҳодҳои расмии динии Федератсияи Русия дар сатҳи хуб қарор дорад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гилаи Албир Крганов, муфтии шаҳри Маскавро оид ба ҳамкорӣ накардани ҷониби Тоҷикистон дар самти пешгирии ифротгароӣ миёни муҳоҷирин расман шарҳ дод.

Ин ниҳоди динии кишвар дар иттилоияи расмие мегӯяд, ҳамкориҳои Шӯрои уламо бо ниҳодҳои расмии динии Федератсияи Русия дар сатҳи хуб қарор дорад. Ба иттиллои манбаъ, намояндагони Шӯрои уламо, аз ҷумла раиси Шӯро Саидмукаррам Абдуқодирзода дар гузашта барои иштирок дар ҳамоишҳои динии Федератсияи Русия ба ин кишвар сафар карда, дар доираи он бо чанд гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик низ дидору мулоқотҳо анҷом дода буд. Манбаъ мегӯяд, Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар оянда низ бо истифода аз фурсатҳои фароҳам ҳамкориҳои худро тақвият хоҳад дод.

Албир Крганов, муфтии шаҳри Маскав ду рӯз пеш дар як нишастии хабарӣ аз хатари ифротгаро шудани муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ва таҳдидҳои гуруҳи нави террористие, ки дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон ташаккул меёбад, ҳушдор дода гуфт, шоҳиди зиёд ифротӣ шудани муҳоҷирин ҳастанд, ки омилҳои зиёд дошта, яке аз он таблиғоти ифротгароён дар миёни ин шаҳрвандон аст, ки бисёр осебпазиранд. Крганов зимни баромадаш изҳор дошт, дар самти пешгии ифротгароӣ миёни муҳоҷирин бо ҷониби Узбакистон ҳамкории ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, вале Тоҷикистон дар ин самт ҳамкорӣ намекунад: “Аз Тоҷикистон дар Русия муҳоҷир бисёр аст. Имрӯзҳо дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон “Хуросон” ном гуруҳи нави тундраву ифротие дар ҳоли шакл гирифтан аст, ки чандин ҳазор ҷангҷӯ дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бисёр осебпазир аст, эҳтимоли ин хатар кам нест, ки он ифротиён бо бисёре аз тоҷиконе, ки дар Русия муҳоҷиранд, пайванд ёбанд. Аз ин рӯ мо кушиш дорем ҳам бо муфтиёти Тоҷикистон ва ҳам бо дигар сохторҳо ҳамкорӣ ҷӯем”.

Ӯ гуфтааст, ниҳодҳои тоҷик бояд дар ин масъала таваҷҷуҳи лозимаро равона созанд, зеро ифротӣ шудани муҳоҷирон ба зиёни мост, заро пеш аз ҳама ба амнияту субот дар ҷомеъа ва кишвари мо хатар дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)