Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:09

АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе

26 октябр 2017, 11:51

Маъюбони Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа ҳастанд ва бояд аз имконоти онҳо истифода бурда шавад. Ин нукта дар нахустин Анҷумани маъюбони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, садо дод.

Асадулло Зикрихудоев,
роҳбари иттиҳодияи маъюбони Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бовар дорад, пас аз ин анҷуман ба масъалаҳое, ки пешниҳод мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир мегардад: “Ин қишри ҷомеа метавонанд ҳамчун сармояи меҳнатӣ дар оянда дар рушду нумуи мо саҳми арзанда гузоранд. Ба ин анҷуман аз минтақаҳои кишвар маъюбони ҷавон гирд омадаанд. Мо бовар дорем, ин анҷуман қадаме мешавад дар оянда шахсони имконияташон маҳдуд боз ҳам фаъол гаштаву дар ҷоме саҳмгузор бошанд”.

Ба гуфти роҳбари Иттиҳодияи маъюбони Тоҷикистон имрӯз қонуну имтиёзҳое, ки давлат барои онҳо муайян кардааст, муттаасифона ба таври зарурӣ дар амал татбиқ намешавад. Ӯ мегӯяд, ҳамасола роҳҳову биноҳои боҳашамат сохта мешаванд, аммо имконияти маъюбон ба назар гирифта намешавад: “Тули 10-15 соле, ки мо фаъолият дорем, талаботи мо қисман ба назар гирифта мешавад ва дар акси ҳол як дастрасие мекунанд, ки гӯиё кардем, аммо он ба талаботи замонавию дизайни универсалие, ки мегӯянд, ҷавобгӯ нест ва мо баҳри амалӣ гаштани ин кор бо Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар ҳамкорӣ ҳастем. Аммо аксари сохтомонҳоро ки сектори хусусӣ анҷом медиҳад, онҳо кушиш мекунанд хароҷотро аз ҳисоби мо камтар кунанд, ки ин ба қонун мухолифат мекунанд”.

Ҷаноби Зикрихудоев мегӯяд, аз соли оянда агар ин масъалаҳо ба таври ҷиддӣ ҳалли худро наёбанд маҷбур мешаванд, ба Прокуратура ва дигар сохторҳои дахлдор муроҷиат кунанд.

Рамзиддин Ҷӯраев, намояндаи Иттиҳодияи маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, маъюбон на фақат талабгори як чиз ҳастанд, онҳо ҳунар доранд, машғулият доранд: “Мехоҳем нишон диҳем, ки мо ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷамъият ҳастем ва имрӯз нишон медиҳем ки чигуна бо ҳам кор кард”.

Шаҳзода Султонбоева, ки дар маркази “Имконият” машғули кор аст, мегӯяд, он ҷо рақси комбо ё дунафараро тамрин мекунад ва дар ин анҷуман низ онро намоиш медиҳад. Номбурда низ мушкили аслии маъюбонро дастнорас будани биноҳо барои ҳаракат ва набудани таҷҳизоти маъюбӣ унвон карда гуфт, ҳаракат дар баъзе биноҳо на танҳо барои нафарони маъюб, балки барои модароне, ки фарзанди хурдашон дар аробачаҳо мегардонанд, мушкил аст. Ба гуфти ӯ имрӯз мушкили дигари маъюбон, ки бештар дар ноҳияҳо ва деҳаҳо ба чашм мерасад, таҳсил кор ва оила барпо кардан аст.

Тибқи омори расмӣ ҳоло дар кишвар 150 ҳазор маъюб сабти ном шуда, ки наздики 26 ҳазори он то синни 18 сола мебошанд. Дар умум маъюбон наздики 2 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!