Сабаби асосии нобоварии мардум ба қонунҳо аз моҳияти давлатдории мо ва тарзу усули идораи он вобастагӣ дорад. Қонунҳоро мақомоте қабул менамоянд, ки асосан манфиатҳои як ҳизбро ҳимоя мекунад.
Музокираҳои парламентӣ бо ҷалби намояндагони ҳизбҳои мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин коршиносони эътирофшуда, новобаста аз мавқеи шаҳрвандии онҳо вуҷуд надорад. Дар натиҷа қонунҳо номукаммал буда, ормонҳои шаҳрвандонро ба инобат намегиранд. Конститутсия низ мукаммал нест. Бинобар ин усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар амал тадбиқ нашудааст. Вакилон ва парлумон рисолати худ ва таъиноти иҷтимоияшонро ҳамчун мақомоти олии қонунгузорӣ ва намояндагӣ ба анҷом расонида натавониста истодаанд. Тартиби интихоб, таъин ва тасдиқи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарту шароитеро муҳайё кардааст, ки онҳо масъулияти худро дар назди парлумон эҳсос намекунанд. Ин ва дигар омилу сабабҳо боиси нобоварӣ ба қонунҳо дар ҷомеа шудаанд.
Барои мутолиаи идомаи ин сӯҳбат нишонии зерро нохун бизанед: https://ozodagon.tj/sr/item/16304
Мӯҳр