Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёти вижа дар ноҳияи Фирдавсӣ Ханизагул Собироваро боздошт карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ин хонуми 41 сола, ки айни замон дар ягон ҷой фаъолият намекунад, бо ҷурми одамфурӯшӣ дастгир шудааст. Номбурда 17-уми феврали соли 2011 дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат тифле ба дунё меорад ва рӯзи 6-уми апрели соли 2012 бо миёнаравии Зарина Мавлоноваи 37 сола онро бар ивази 1000 доллари амрикоӣ ба Раъно Набиеваи 56 сола, сокини шаҳри Чкаловск мефурӯшад. Айни ҳол тафтиши ин парванда идома дорад.
Мӯҳр