Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:23

Суғд ба озмуни «Атласи тоҷик» омода мешавад

26 апрел 2012, 10:29

Дар шимоли кишвар озмуни вилоятии «Атласи тоҷик» баргузор мешавад.

Тавре ба Озодагон аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар робита қарори раиси вилоят тасвиб шудааст. Дар қарори мазкур омадааст, ки озмуни мазкур бо мақсади эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзгордории халқи тоҷик, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ имзо шудааст.
«Низомнома, ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва харҷномаи Озмун тасдиқ шудааст. Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон- ташкилоту муассисаҳои дӯзандагӣ, тарроҳон новобаста аз синну сол иштирок хоҳанд кард. Озмун дар  намудҳои либоси кӯдакона, рӯзмарра, идона ва қадима доир мегардад»,-афзуд манбаъ.

Сарчашмаи хабар мегӯяд, дар вақти  баҳодиҳӣ нишондодҳои маҳсулоти дӯзандагӣ, зебоӣ ва дизайни либос, нотакрории он, тобиш ва обуранг, интихоби ашёи ороишӣ ва пардоз ба назар гирифта мешавад.

Озмуни «Атласи тоҷик» нимаи дуюми моҳи июни соли равон баргузор мешавад.



 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!