Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур миқдори зиёди маводи мухаддир забт ва мусодира карда шуд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни ин амалиёт Сайҳумроҳ Обидови 47- сола, сокини ноҳияи Бохтар бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ-2107, рақами давлатиаш 01-54 РТ 01, ки ба номбурда тааллуқ дорад, 1 килою 762 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 10 килою 694 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, таштишот идома дорад.
Мӯҳр