Дар Тоҷикистон давоми як ҳафтаи охир нархи карам 70 фоиз арзон шуда, аз 2 сомонию 63 дирам ба 1 сомонию 68 дирам поён фаромадааст.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди 94 дирам арзон шудани карам, дар муқоиса бо моҳи июни соли 2011 15 дар сад қиматтар мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар бозорҳои «Саховат» ва «Шоҳмансур» арзиши як дона карам 1 сомонию 70 дирамро ташкил медиҳад. Дар нуқтаи бозори «Деҳқон» бошад, як дона карамро бар ивази 1 сомонию 50 дирам мефурӯшанд. Аммо ба иттилои сарчашмаи хабар нишондоди баландтарин дар бозори Варзоб ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо арзиши як дона карам 1 сомонию 80 дирам будааст.
Мӯҳр