Интиқолдиҳандагони бензин ба Тоҷикистон сар аз 1-уми август зимни содироти як тонна бензин аз Русия 302 доллари амрикоӣ боҷи содиротӣ месупоранд, ки дар муқоиса бо нишондоди моҳи ҷорӣ 30 доллар арзонтар аст.
Тибқи ҳисобҳои Вазорати молияи Русия боҷи содиротӣ барои бензин аз 332 то 302 доллар ва барои маҳсулоти рушани нафтии дигар аз 243 то 222 доллари амрикоӣ арзонтар хоҳад шуд. Сабаби асосии арзон шудани боҷи содиротӣ ба поёнравии нархи нафт дар ҷаҳон рабт дода мешавад. Нархи нафт аз 15-уми июн то 15-уми июл ба ҳисоби миёна 95 доллари амрикоиро ташкил додаст.
Аммо рӯзҳои охир бозори нафти ҷаҳонро боз раванди болоравии нарх фаро гирифтаст. Имрӯз нархи як бушка нефт то 107 доллари амрикоӣ боло рафт. Дар сурати идомаи раванди мазкур дар назар аст, ки аз моҳи сентябр Русия боҷи содиротиашро боз баланд кунад.
Ҳаҷми боҷи содиротии Русия яке аз омилҳои ташаккулдиҳандаи нархи сӯзишворӣ дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон маҳсуб ёфта, вобаста ба коҳишу афзоиши ҳаҷми боҷ нархҳо ҳам пасту баланд мешаванд.
Мӯҳр