Дар ин бора аз ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд.
Бино ба гуфти манбаъ, ин силоҳҳо асосан аз автомати Калашников, снайпер, пулемет ва дигар намудҳо иборатанд. Гуфта мешавад, ба ин кор пешвоёни мардум ва занону модарон ҷалб гардида, зимнан як гурӯҳ ҷавонон силоҳҳои худро ба давлат супориданд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳоло идома доранд.
Халъи силоҳ яке аз шартҳоест, ки 25-уми июл ҳукумати Тоҷикистон пас аз як рӯзи даргирӣ дар назди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ гузошт. Он замон бо тақозои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оташбас эълон шуд ва барои гурӯҳҳои силоҳбадаст шароит фароҳам омад, ки яроқҳояшонро супоранд.
Мӯҳр