Аз аввали моҳи июл то оғози моҳи август арзиши гӯшти гов 20 фоиз қиммат шудаст.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар айни ҳол як кило гӯшти гов дар пойтахти кишвар бо арзиши 35 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ба иттилои манбаъ, ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон як кило гӯшти говро аз нуқтаҳои савдо бо арзиши 27 сомонӣ харидан мумкин буд.
«Аз ҳама гӯшти арзон дар дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои «Шоҳмансур» аст. Як килои онро 29 сомонӣ мефурӯшанд. Дар бозори «Саховат» як кило гӯш 33 сомонӣ нархгузорӣ шудааст»,-афзуд сарчашмаи хабар.
Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки аз ҳама нархи гарон дар бозори «Деҳқон» мушоҳида шудааст. Як кило гӯшти говро ин ҷо 35 сомонӣ ба фӯруш гузоштаанд.
Аммо бархе сокинони пойтахт бо нигаронӣ мегӯянд, дар баъзе дӯконҳои гуштфурӯшии шаҳри Душанбе як кило гӯшти гов аз 35 сомонӣ ҳам бештар савдо мешавад.
Мӯҳр