Дар ин бора ба Озодагон аз раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба хабари манбаъ Шерозқул Ҳусейнови 25 сола, корманди беморхонаи ноҳияи Айнӣ, ки автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-ро меронд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дар-Дар суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, онро аз даст медиҳад. Дар натиҷа сабукрав ба дарёи «Зарафшон» чаппа мешавад. «Ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр