Бахшҳо

Сафири Арабистони Саудӣ дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев

Рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон масъулини оҷонсиҳои сайёҳии Арабистони Саудӣ ташриф меоранд.Дар ин бора сафири ин кишвар дар Душанбе Бандар Муҳаммад Ҷамил Маҳмуд зимни як мулоқоташ имрӯз бо райиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев иброз дошт.

Тавре ба «Озодагон»,Шафкат Саидов, ёвари райиси Маҷлиси Миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ иттилоъ дод, 10-уми июн Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири фавқулодда ва мухтори шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби  Бандар Муҳаммад Ҷамил Маҳмудро бо хохиши ӯ ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев дипломати арабро бобати таъин шуданаш ба ҳайси нахустин сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти ӯ дар ин вазифаи олӣ, ки дар кишвари мо шурӯъ кардааст, сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама дар самти иқтисодӣ тақвияти тоза касб хоҳанд кард.

Сарчашмаи хабар афзуд, ҷаноби  Бандар Муҳаммад Ҷамил Маҳмуд бо сипосмандӣ аз қабул, мӯҳтавои сӯҳбат ва пазироӣ аз пешниҳодоти райиси Маҷлиси миллӣ иброз дошт, ки бобати расидан ба ҳадафҳои созанда, ки баҳри рушди муносибатҳои мутақобилан судманди кишварҳо нигаронида шудаанд, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.Аз ҷумла, изҳор дошт, ки ҳамчун қадами нахустин ҷониби сафорат тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик баҳри тақвияти ҳамкориҳо оид ба муаррифии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони Арабистони Саудӣ ба кишвари афсонавии Тоҷикистон сафари ҳайати бонуфзи роҳбарони Агентиҳои сайёҳии Арабистони Саудиро ташкил намояд, ки бо итминон он метавонад дар пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши муассир гузорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)