Даҳҳо нафар донишҷӯёни норизо имрӯз дар назди бинои Вазорати маорифи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даст ба тазоҳурот задаанд.
Ҷамъомадагон аз ҷараёни имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар изҳори норозигӣ карда, аз вазир талаб доранд, ки адолат барқарор шавад. Ба гуфтаи бархе аз ҷамъомадагон сатҳи донишу саводнокӣ зимни қабул ба муассисаҳои олии таълимӣ сарфи назар шуда, қабули довталабон аксаран тавассути маблағ ва шиносбозӣ сурат гирифтаст.
Масъулини вазорати маорифи Тоҷикистон изҳор медоранд, ки айни ҳол намояндагони Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар бинои вазорат қарор доранд ва аллакай ба қабули норизоён оғоз кардаанд. Масъулини ин вазорат мегӯянд, дар сурати лозима омодаанд дуюмбора аз ҷавонони норизо имтиҳон гиранд.
Мӯҳр