Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД иттилоъ доданд.
Тибқи ииттилллои манбаъ, рӯзи 27-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Баҳром Авғонови 35 сола, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба ҷарии 200 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони автомашина Бибимайсара Ашуроваи 54 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Мирдалер Обидови 25 сола, сокини ноҳияи Исфара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки рӯзи 26-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Абдуҷалол Каримови 25 сола, сокини деҳаи Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, аснои ҳаракат дар 210 километрии роҳи мошингарди Ваҳдат-Ҷиргатол суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, аз ӯҳдаи идораи он набаромада, ноболиғон Муҳаммади Мустафо, 9 сола, сокини деҳаи Зарафшони ҳамин ноҳия, хонандаи синфи 4-уми мактаби таҳсилоти умумии №11 ва Идибек Хушвахтови 12 сола, сокини ҳамонҷо, хонандаи синфи 6-уми мактаби таҳсилоти умумии №11-ро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр