Рӯзи гузашта дар наздикии яке аз масҷидҳои музофоти Нангарҳори Афғонистон таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он 4 сокини осоишта кушта ва 3 тани дигар захм бардошт.
Абдулло Ходим Станикзой, сарвари пулиси вилояти Нангарҳор ба хабаргузориҳо гуфтааст, инфиҷор дар қаламрави шаҳри Ҷалолобод, маркази маъмурии музофот ба вуқӯъ пайваст.
Тибқи маълумоти қаблӣ маводи мунфаҷираро дар мотосикле, ки наздикии масҷид меистод, дуруст карда ва онро аз тариқи идораи мавҷӣ фаъол кардаанд.
Ҳадамоти ҳифзи тартиботи Афғонистон соҳиби нақлиётро боздошт карда, иртиботи ӯ бо ошубгаронро санҷиш мекунад. То кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.
Мӯҳр