Таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон ва масъулини дастгоҳи иҷроияи президент машварати корӣ баргузор шуд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар нишаст роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, мушовирони давлатӣ ва ёварони райисҷумҳур ва дигар шахсони иштирок намуда, рафти иҷрои амру фармонҳои президенти кишвар ва дастуру супоришҳои дар вақти сафарҳои дохилӣ додашуда баррасӣ шуд.Таъкид гардид, ки иҷрои босамар, саривақтӣ ва босифати амру фармон ва дастуру супоришҳои президент таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд. Таваҷҷӯҳи аслӣ ба иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои охири корӣ ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон додашуда, ки моҳиятан ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дахл доштанд, зоҳир карда шуд.
Мӯҳр