Бақияи умумии қарзҳои додашуда дар қаламрави ҷумҳурӣ давоми 8 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардид.
Тавре ба Озодагон аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ин афзоиш ба баланд шудани талаботи аҳолӣ бастагӣ дорад. Манбаъ афзуд, таркиби бақияи қарзҳои номбурда аз 70,4 фоиз ё 3 448,7 миллион сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 29,6 фоиз ё 1 450,9 миллион сомонӣ қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад. Ҳамзамон ҳиссаи қарзҳои дарозмӯҳлат ба ҳисоби миёна бо суръати 12,7 фоизи солона зиёд мешаванд. Дар ин давра фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 20,46 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,38 фоизи солонаро ташкил намуд.
«Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки чун пештара талаботи мардум ба қарзҳои хурд рӯ ба афзуншавӣ дорад, дар ҳашт моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 25,1 фоиз бештар қарз дода шудааст. Аз он ҷумла, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба маблағи 430,3 миллион сомонӣ қарзҳои хӯрд дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,0 фоиз зиёд мебошад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр