Бахшҳо
22 дек 2012 06:27Адабиёт

Реша дар хок

Ту аз ин дашти хушки ташна рӯзе кӯч хоҳӣ кардВа ашки ман туро бидруд хоҳад гуфт,Нигоҳат талху афсурдаст, Дилатро хор-хори ноумедӣ сахт озурдаст, Ғами ин нобасомонӣ ҳама тӯшу тавонатро зи тан бурдаст. Ту бо хуну арақ ин ҷангали пажмурдаро рангу рамақ додӣ,Ту бо дасти тиҳӣ бо он ҳама тӯфони бунёдкан дарафтодӣ,Туро кӯчидан аз ин хок дил баркандан аз ҷон аст!Туро бо барг-барги ин чаман пайванди пинҳон аст.Туро ин абри зулматгустари бераҳми беборон,Туро ин хушксолиҳои пай дар пай,Туро аз нимараҳ баргаштани ёрон,Туро тазвири ғамхорон Зи по афканд.Туро ҳангомаи шуми шағолон, бонги  бе таътили зоғон, дар сутӯҳ овард.Ту бо пешонии поки наҷиби хеш,Ки аз он сӯи гандумзорТулӯъи бошукӯхаш хуштар аз сад тоҷи хуршед аст,Ту бо он гунаҳои сӯхта аз офтоби дашт,Ту бо он чеҳраи афрӯхта аз оташи ғайрат,Ки дар чашмони ман волотар аз сад Ҷоми Ҷамшед аст,Ту бо чашмони ғамборе,Ки рӯзе чашмаи ҷӯшони шодӣ будва инак ҳасрату афсӯс бар он соя афкандаст, хоҳӣ рафт,Ва ашки ман туро бидруд хоҳад гуфт.Ман ин ҷо реша дар хокам,Ман ин ҷо ошиқи ин хок, агар олуда ё покам,Ман ин ҷо то нафас боқист, мемонам,Ман аз ин ҷо чи мехоҳам, намедонам,Умеди рӯшноӣ гарчи дар ин тирагиҳо нест,Ман ин ҷо боз дар ин дашти хушки ташна меронам,Ман ин ҷо рӯзи охир аз дили ин хок, бо дасти тиҳӣ гул бармеафшонам.Ман ин ҷо рӯзи охир аз ситеғи кӯҳ чун хуршедСуруди фатҳ мехонам.Ва медонамТу рӯзе боз хоҳӣ гашт. Фаридуни Муширӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)