Варзишгарони тоҷик дар риштаи тенниси рўи миз дар ҳайати ҷуфтӣ бо як бурди дастаи Озарбойҷон бо натиҷаи 4 бар1 ва бохт аз тими Эрон бо натиҷаи 3 бар 1 барандаи медали биринҷии Мусобиқоти байналмилалӣ гардиданд.
Тавре ба Озодагон аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур дар шаҳри Қазвини Эрон баргузор шуда, Тоҷикистонро се варзишгар - Ҳусейн Сомониев, Ҳувайдулло Султонов ва Дамири Шодӣ муаррифӣ намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, баъди мусобиқаи мазкур варзишгарон дар машғулияти таълимӣ-варзишӣ, ки тӯли 10 рўз идома дошт, иштирок намуданд.
Ёдрас мешавем, ки даҳаи сеюми моҳи феврали соли ҷорӣ Федератсияи тенниси рўи миз дар кишвар сабқати Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи мизро баргузор менамояд ва лаёқатмандонро барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон, ки аз 13-ум то 20-уми май дар шаҳри Парижи Фаронса доир мешавад, интихоб мекунад.
Мӯҳр