Бахшҳо
26 май 2011 06:31Сӯҳбати рӯз

Ҳукумат пеши роҳи ҷавононро гирифта наметавонад

(Сӯҳбати ихтисосии  «Озодагон» бо ҳуқуқшинос, муовини аввали райиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов) Ахиран, парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» тағйирот ворид намуд, ки он аз ҷониби ҷомеаъи шаҳрвандӣ ба таври мухталиф шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Дар робита ба ин  «Озодагон» тасмим гирифт, то бо Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори тоҷик сӯҳбатеро анҷом бидиҳад.

Озодагон: Бо ворид гардидани тағйирот ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» таҳсил дар хориҷ аз кишвар барои ҷавонон маҳдуд гардид. Аз нигоҳи қонунгузории Тоҷикистон оё ин нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон нест?

Шокирҷон Ҳакимов: Аслан, гузариш ба ҳамин масъала нодуруст аст. Қонунгузории Тоҷикистон динро аз давлат ҷудо кардааст, яъне масҷид низ аз мактаб ҷудо аст ва ин меъёри қонун низ риоя нашудааст.  Мутобиқи сарқонуни Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ҳудуди кишвар озодона ҳаракат намуда, берун аз Тоҷикистон сафар намояд. Ҳамзамон, дастрасӣ ба маълумот низ озод буда, ворид намудани низоми иҷозатномагирӣ аллакай хилофи қонун аст ва он ҳуқуқҳои шаҳрвандро поймол мекунад. Ворид намудани чунин тағйирот ба қонун ва ба расмият даровардани он низ бемантиқ аст. Зеро, агар шаҳрванд назди худ мақсади гирифтани маълумоти олии диниро дар хориҷ аз кишвар гузошта бошад, пас на давлат ва на қонун ба ӯ монеаъ  эҷод карда наметавонанд. Шаҳрванд метавонад, асноди лозимаро на ҳамчун довталаб, балки ҳамчун корҷӯ ва ё сайёҳ пешниҳод намояд. Баъдан, аксари донишгоҳу донишкадаҳои байналмилалӣ дар шакли маблағгузории шартномавӣ фаъолият доранд. Аз ин хотир, беҳтар мебуд агар ҳукумати Тоҷикистон таҳсили шаҳрвандонро дар муассисаҳои таълимии динӣ дар дигар шакл ба танзим дарорад.

Илова бар ин чанде пеш дар заминаи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди ҷомеаи байналмилалӣ, ба хусус САҲА низоми раводид бекор шуд. Ҳамакнун агар шаҳрванд даъватнома дошта ӯро барои кор, таҳсил ва ё иқомат даъват намоянд, пас шаҳрванд ҳуқуқ дорад, бидуни иҷозатномаи масъулин, ҳатто мақомоти амниятии кишвар ба хориҷ сафар намояд.

Бо вуҷуди он, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон дар баъзе масоили динӣ худро таҳаммулпазир вонамуд мекунанд, аммо дар амал мо акси ҳолро мебинем. Дар оддитарин масъала имкониятҳои мардуми ихлосмандро маҳдуд мекунанд, ки ин боиси нигаронист.

Озодагон: Ба андешаи шумо ин ҳама маҳдудкуниҳо, ки зикр намудед, чӣ пайомад оварда метавонад?

Шокирҷон Ҳакимов: Боз ҳам мегӯям, агар ҷавони тоҷик хоҳиши дар хориҷ аз кишвар таҳсил карданро дошта бошад мову шумо ба ӯ монеа эҷод карда наметавонем. Беҳтар мо бояд роҳеро пайдо намоем, ки ҷавонон аз ҳар гуна таълими диниву тундгароӣ, ки ҳукумат аз он сару садо баланд мекунад, худ даст кашанд. Мо, бояд сатҳи олимон ва заминаҳои техникии омӯзиширо бо донишгоҳҳои динии давлатҳои байналмилалӣ мутобиқ намоем. Чунин тарзи ба низом дарорие, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон пеш гирифтанд, ҳеч вақт ба коҳиш ёфтани теъдоди довталабони ихлосманд мусоидат нахоҳад кард. Баръакс, ин як навъ навмедиро дар миёни ҷавонон нисбат ба миллат ва давлати худ ба вуҷуд меорад. Ин гуна маҳдудкуниҳо бойиси бетаваҷҷӯҳии ҷавонон ба марзу буми худ мешавад, ки хеле бад аст.

Озодагон: Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон пайваста аз хатари исломгароиву ифротӣ шудани ҷомеаи тоҷик ҳушдор медиҳад. Метавон гуфт, ки ба бесарусомониҳои ҷомеаи мо таълимоти исломӣ гунаҳкор аст ва он то куҷо ба мо хатар эҷод мекунад?

Шокирҷон Ҳакимов: Ман бо ин андеша комилан розӣ шуда наметавонам. Фикр намекунам, ки созмону макотиби хусусияти динӣ дошта ба амнияти давлату миллат хатар эҷод кунанд. Як таҷриба миёни кишварҳои тотолитарӣ ва идеологиву ғайра роиҷ шудааст. Онҳо бо ҳар роҳу восита талош меварзанд, то бо ҳар баҳона афкори ҷамъиятӣ ба вуҷуд оранд ва пайваста аз таҳдидҳои беруна ҳарф мезананд. Ин хуб нест, ҳам аз нуктаи назари ҳуқуқӣ ва ҳам аз нуктаи назари сиёсатшиносӣ. Баръакс, агар ҳар қадар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муташаккилона амал намоянду фазои иттилоотӣ озод бошад, ҳамон  қадар давлат метавонад суд бинад. Интиқоди пай дар пайи асоснок бойиси фаъолияти шаффофи додгоҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мегардад, ки ин худ мехонизми пешгирии дингароии ифротӣ мешавад.

Дар коғаз-асноди байналмилалӣ ӯҳдадориҳои давлатҳо  муаяйн шудааст, раҳбарони сиёсӣ ҳам оид ба демократия, интиқод ва озодии виҷдон сару садо баланд мекунанд. Аммо, дар охир  худ монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд, ки ин бойиси нигаронии ҷомеа мешавад. Ман гумон надорам, ки дин ба Тоҷикистон ҳамчун хатар таҳдид дошта бошад.

Озодагон: Аксари қонунҳое, ки парлумони Тоҷикистон ба баррасӣ мегирад ва онро қабул мекунад, маъмулан аз ҷониби ҷомеаъи шаҳрвандӣ зери интиқоди шадид қарор мегирад. Ҳамчун ҳуқуқшинос баҳои шумо ба заминаҳои ҳуқуқии қонунҳо чӣ аст?

Шокирҷон Ҳакимов: Нахуст бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон усули тартиботи ҳокимияти давлатӣ риоя намешавад. Ҳокимияти давлатӣ самарабахш нест. Таъсири мардум дар идора кардани давлат ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсати давлат фаъол нест. Дар маҷмӯъ ҳокимият аз таҳти назорати мардум дур мондааст. Аз ҳамин хотир, фаъолияти парлумон низ муассир нест. Қонунҳои қабул кардаи парлумон низ манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя накарда, ҳуқуқҳои онҳоро дар аксар маворид поймол мекунад. Парлумони Тоҷикистон, ки яккаҳизб ҳаст, барои ба расмият даровардани ҳамагуна хоҳиши ҳукумат фаъолият дорад, ки ин бойиси паст гардидани сифати қонун мешавад. Аз ҷониби дигар ин қонунҳо умри зиёд надоранд, тағйиру иловаталаб шуда, дар натиҷа баҳри рушди устувори давлатдорӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ мушкил  эҷод мекунанд.

Ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)