Бахшҳо
26 мар 2012 11:57Гузориш

«Нархи ҷон»-и афғон 50 ҳазор. Аз амрикоӣ ва аврупоӣ 11 миллион $?

Инсон инсон аст. Чӣ ғарбӣ бошад, чӣ шарқӣ. Чӣ афғон бошад, чӣ амрикоӣ ва чӣ аврупоӣ. Аммо чаро боз ҳам дар баҳое, ки барои кушташудагон пардохт мешавад, табъиз вуҷуд дорад?

 

Дар ҳоле хабари пардохти ғаромат ба хонаводаҳои қурбониён ҳодисаи Қандаҳор дар садри ахбори расонаҳои ғарбӣ қарор гирифт, ки муқоиса байни пардохти ғаромати ҳодиса ва фоҷиаи Қандаҳор навъи нигоҳи мақомоти ғарбӣ ба ҳуқуқи башарро ба хубӣ нишон медиҳад. Давлати Афғонистон ба ҳодисадидагони Қандаҳор ғаромат пардохт кард, ин хабаре буд, ки расонаҳои ғарбӣ рузи гузашта билофосила дар садри ахбори худ қарор доданд.

Бар мабнои ин хабар, давлати Афғонистон бо пуле, ки унвон мешавад артиши Амрико дар ихтиёраш қарор дода ба ҳар фарди кушташуда дар ин ҳодиса 46 ҳазор доллар ва ба маҷрӯҳон низ 10 ҳазор доллар пардохт карда, ки ҷамъан рақами ин ғаромат болиғ ба 840 ҳазор доллар рост меояд.

Дар нигоҳи аввал шояд пардохти 46 ҳазор доллар ба ҳар фарди кушташуда, он ҳам дар ҳоле, ки аксари 17 кушташуда аз 3 хонавода будаанд, рақами зиёде барои хонаводаҳои ин минтақа маҳрум бошад. Аммо бо муқоиса байни ҳаводиси мушобеҳ рухдода дар кишварҳои дигар бахусус Аврупо ва Амрико дармеёбем, ки ин рақам бисёр ночиз аст.

Ҳодисаи Локурбӣ, ки 259 мусофир дар як иқдоми машкуки терористӣ, ки ба Либӣ, нисбат дода шуд, кушта шуданд, намунаи хубе аст.

Дар ин ҳодиса ҳавопаймои Боинг 747 ширкати ҳавопаймоии «Понамрикоӣ», ки дар соли 1988 аз Лондон ба мақсади Ню- Йорк дар ҳоли парвоз буд, бар фарози осмони шаҳри Локербии Шотланд мунфаҷир шуд. Дар пайи ин ҳодиса давлатҳои Амрико ва Англия Либиро муқассир эълон карда ва таҳримҳои байналмилалро алайҳи ин кишвар амали карданд. Ин фишорҳо ба қадре зиёд буд, ки саранҷом давлати Қаззофӣ водор ба таслим ва пардохти ғаромат шуд ва омили ҳодисаро, ки Амрико Абулбосити Муқраҳӣ медонист, таслими Англия кард, ки Муқраҳӣ дар ин моҷаро тавассути дастгоҳи қазоии Британия ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Дар соли 2003, Қаззофӣ бо пазируфтани масъулияти ин ҳодиса маблағи 2 миллиард доллар ба унвони ғаромат ба хонаводаҳои қурбониён пардохт кард, ки ба ҳар фард беш аз 11 млн доллар мешуд.

Дар он ҳодиса кишваре муқассир эълом ва фарде ба ҳабси абад маҳкум ва 2 млрд доллар ғаромат ситонида шуд, дар ҳоле, ки на Либӣ ва на фарди мазнун ҳеч гоҳ масъулияти ҳодисаро напазируфтанд ва давлати Либӣ танҳо ба далели фишорҳои байналмилалӣ ва таҳрим маҷбур ба ин кор шуд.

Аммо ҳодисаи Қандаҳор ба куллӣ дигар аст. Дар ин ҳодиса, ки гуфта мешавад як ё чанд сарбози амрикоӣ ба маҳал рафта зимни таҷовуз ба 2 зан 17 нафарро, ки аксари онҳо кӯдак ва зан буданд, кушта ва аҷсоди онҳоро оташ задаанд.

Роберт Билз, фарде, ки аз сӯи артиши ИМА ба унвони мазнуни амали ҳодисаи Қандаҳор муаррифӣ шуда, барои маҳкамаи худ ба Амрико рафт ва қарор аст ба зудӣ маҳкум шавад, ки эҳтимолан ин қазия ба тарҳи мушкили равонии сарбози мазкур ба чанд соли ҳабси ӯ идома ёбад, ҳамчун намунаи қаблӣ дар зиндонҳои Абуғурайби Ироқ ва Багроми Афғонистон.

Пардохти ғаромат ба атбоъи афғонӣ ҳодисаи Қандаҳор бори дигар демократия, озодӣ , баробарӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар мавриди иддаои ғарбро ба суоли ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад. Оё арзиши ҷони инсонҳои бегуноҳ ва ғайринизомиён дар кишварҳои рушднакарда бо кишварҳои пешрафтаи ғарб тафовут дорад?

Инсон инсон аст. Чӣ ғарбӣ бошад, чӣ шарқӣ. Чӣ афғон бошад, чӣ амрикоӣ ва чӣ аврупоӣ. Гарчи ин ғаромат наметавонад бори дигар кушташудагонро зинда кунад. Аммо чаро боз ҳам дар баҳое, ки барои кушташудагон пардохт мешавад, табъиз вуҷуд дорад?

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)