Бахшҳо
25 апр 2012 05:25Гузориш

Интихоботи 2013 -қартаи навбатии Русия

Раванди музокирот барои тамдиди ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон барои солҳои баъдӣ суръат мегирад. Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия Тоҷикистону Русия барои ҳали ин масъала манфаитдоранд.

Имрӯз 24-уми апрел Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба хабарнигорон гуфт, ки тамдиди ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон яке аз мавзӯи муҳими гуфтушунидаш бо президенти Тоҷикистон будааст. Эмомалӣ Раҳмон ваъда кардааст, ки барои баррасии ҳарчи зудтари ин масъала супориш хоҳад дод.

 

Чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистону Русия ҳамакнун талош доранд, то равобит ва муносибати бародаронаи худро барқарор созанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки сафари ҷаноби Лавров ба Тоҷикистон танҳо ба хотири расмӣ кардани бахше аз хостаҳо ва талаботи Русия сурат гирифтааст.

Тақдири пойгоҳи низомии рус дар Тоҷикистон қартаи сиёсии ҷонибҳо нест

Ба бовари гурӯҳе аз тањлилгарон масъалаи тамдиди ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон барои солҳои тӯлонӣ эҳтимолан ба манфиати Русия ҳали худро пайдо созад. Зеро Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи прзезидентӣ қарор дорад, Русия абарқудратест, ки ҳарфаш дар минтакаи Осиёи Марказӣ ҳеч гоҳ бетаъсир нест ва нахоҳад буд. Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази «Диалог» бар ин назар аст, ки Русия ҳанӯз 5-6 моҳ қабл як «баста» талаботи худро ба Тоҷикистон ба таври шифоҳӣ равон карда буд. Ҳамакнун Тоҷикистонро лозим аст, то ба ин ҳама талаботу пурсишҳои Русия посухе бигӯяд. Суханронӣ ва нигаронии Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо фиристодаи президенти Русия дар умури ИДМ, Константин Косачев тасодуфӣ набуд. Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, ки гуфтушунидҳо дар мавриди тамдиди ҳузури низомиёни рус дар ҳудуди Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ қартаи бозии Душанбеву Маскав нест ва нахоҳад буд. Ин навбат президенти кишварро лозим аст,  то 2 ва ё 3 моҳи дигар дар робита ба талаботи Русия мавқеъгирӣ намояд.

«Тақдири минбаъдаи фурудгоҳи «Айнӣ», тамдиди фаъолияти пойгоҳи низомии 201, корхонаи тавлидотии «Талко», саҳмияҳои «Роғун» ва истифода аз «Окно» аз масоили баҳсталабе миёни Тоҷикистону Русия мебошад. Русия ҳамеша кушиш дорад, то аз ин гуна мушкилот худро канор бигирад ва ё роҳи ҳали дигаре пешниҳод намояд. Аммо ин гашти Русия ба мавқеъгирии навбатии ҷаноби Раҳмон бастагӣ дорад. Русия имрӯз мунтазири ҷавоби Эмомалӣ Раҳмон аст ва ин қазияҳо ҳеч рабте ба интихоботи президентии соли 2013 надоранд».

Русия акнун гуфтанист, ки ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз бо ёрии вай сари қудрат буд ва агар ҳар ҳарфе мегӯяд, Душанбе бояд бидуни чуну чаро онро бипазирад. Вале ин мушкили элитаи сиёсии Тоҷикистон набояд боиси бад гардидани вазъияти давлат ва миллати тоҷик бошад, мегӯяд Ҳикматулло Сайфуллозода.

Тоҷикистон танҳо ба хотири курсӣ ба фишорҳои Русия сабр мекунад

Дар ҳамин маврид Амният Абдулназаров коршиноси тоҷик назари дигар дорад. Ба гуфтаи номбурда тақдири интихобот дар Тоҷикистон ҳеч рабте ба мардум ва райъи мардум надошта, ин ба дасти Русия ва кишварҳои узви Шанхай мебошад.

«Ин ҳама фишорҳои давлати Русия ба Тоҷикистон танҳо ба хотири курсӣ буда, Маскав фурсатро аз даст доданї нест. Русия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ нуфузи зиёд дошта, ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад бо Русия дар муносибат фосилаи зиёде дошта бошад. Аз ин хотир эҳтимолан дар масъалаи тамдиди ҳузури низомиёни Русия Тоҷикистон гузашт намояд», илова намуд Амният Абдулназаров. Ба бовари номбурда ҳарчанд Тоҷикистон ҷонибдори ройгон дар ихтиёри Русия гузоштани замини худ нест, аммо дар ин маврид интихоби дигар ҳам надорад.

Ин коршиноси тоҷик аз он изҳори тааҷуб мекунад, ки чаро Русия ҳамчун абарқудрате талаботи байналмилалиро нодида гирифта, аз пардохти ҳақи иҷора ба Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Дар баъзе маворид Русия таъкид мекунад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ низомиёнаш аз манфиати Тоҷикистон низ дифоъ хоҳанд намуд, вале чаро онҳо дар қиболи фишорҳои Узбакистон ба Душанбе хомӯш буданд, мепурсад Амният Абдулназаров. Дар посух ба ин пурсиш Сергей Лавров ба хабарнигорон гуфт, ки Русия ҳеч гоҳ нақши ғолиб барои бартараф кардани мушкилоти Душанбеву Тошканд надошт.

«Албатта Русия дар қазияи Тоҷикистону Узбакистон бетараф буда наметавонад ва ҳарду кишвар аз шарикони стратегиву муҳими Маскав мебошанд. Роҳи аслии бартараф кардани низоъи ду ҳамсоя кишвар ин сари мизи музокирот нишастан аст ва Русия аз ҳарду ҷониб даъват ба амал меорад, то ҳарчи зудтар дар ин маврид ба тавофуқ бирасанд», гуфт Сергей Лавров.

Русия аз ҳифзи муносиботаш бо Узбакистон бештар манфаит дорад

Коршиносон мегӯянд, ки Русия аз баҳси феълии Тоҷикистону Узбакистон манфиатдор аст. Дар сурати ғайр танҳо бо як даъват ва ё ишораи Русия Душанбеву Тошканд сари мизи музокирот менишинанд. Ба бовари таҳлилгарон Русия аз вазъияти Душанбеву Тошканд суистифода бурда, ҷаноби Лавровро барои бароварда сохтани хостаҳои худ ба Тоҷикистон фиристодааст. Мирзои Салимпур, хабарнигори тоҷик низ ба ғайринақшавӣ будани сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон шубҳа дорад. Аз ҷониби дигар 20 солагии равобити дипломатӣ байни ду кишвар баҳонае барои баҳси масоили ҷамъшуда дар равобити Душанбеву Маскав мебошад.

«Ҷаноби Лавров танҳо ба хотири баҳси мушкилот наомадааст ва гумон аст, ки дар ҳалли он пешрафте бошад. Ин масоил дар сатҳи баландтар аз Лавров вуҷуд дошта, калиди он низ дар дасти намояндагони банландтарини ҳукумати Русия мебошад. Русия усулан ба таниши Душанбеву Тошканд дахолад нахоҳад кард, чунки ҳамон гунна ба ҳифзи мушорикат бо Тоҷикистон манфиатдор аст, ба ҳифзи муносиботи худ бо Узбакистон низ манфиат дорад. Шояд ҳатто бештар аз Тоҷикистон». Аз ин хотир намояндаҳое чун Сергей Лавров ба Тоҷикистон меоянду мераванд, аммо мушкилот байни ду ҳамсоя кишвар боқӣ хоҳад монд, илова намуд Мирзои Салимпур.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо фиристодаи Русия дар умури ИДМ, Константин Косачев гуфт, ки равобит ва муносиботи Душанбеву Маскав бояд воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор бигиранд. Чунки Тоҷикистон ягона кишварест, ки Русия дар қаламрави он беш аз ҳама иншооти муҳими стратегӣ дорад. Пойгоҳи низомии 201, гурӯҳи вижаи марзбонӣ, се донишгоҳ ва маркази назорати кайҳонии «Окно» дар Норак аз ҷумлаи ин тарҳҳои муҳими Русия  дар Тоҷикистон мебошанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон аз Русия даъват ба амал овард, ки тавре Душанбе нисбати Маскав эҳтиром мегузорад, Русия низ чунин арҷгузориро нисбати Тољикистон бояд қоил бошад.

Маврид ба зикр аст, сафари ҷаноби Лавров ба Тоҷикистон бо баҳонаи 20 солагии равобити дипломатӣ сурат гирифта, вазири корҳои хориҷии Русия бо Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом дод. Зимни гуфутшунид ҷонибҳо равобит ва ҳамкориҳои дуҷонибаро дар масоили иқтисодӣ, комуникатсия, нақлиёт ва амниятиву низомӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Сергей Лавров зимни суханрониаш аз таҷлили 15 солагии созишномаи сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, гуфт, ки Русия барои бартараф кардани ҷанг дар Тоҷикистон нақши муҳиме дошт.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Русия кишвари абарқудратест, ки талош мекунад, то давлати дигар рушд накарда аз он вобаста бимонад. Маскав ҳамеша ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари «муҳоҷирон» ва «бемориҳои сироятӣ» назар мекунад.  Ба сифати далел коршиносон аз ваъдахилофии ҷониби Русия дар бунёди «Роғун» ва дигар пружаҳои эенержӣ мисол меоранд. Маврид ба зикр аст, соли 2009 Дмитрий Медведев ҳангоми боздиди худ аз Душанбе ваъда карда буд, ки Русия дар наздиктарин фурсат дар дохили дарёҳои Тоҷикистон се нерӯгоҳи миёнасуръат бунёд хоҳад кард. Тавре, ки њама шоњид њастем ин ваъда низ мисли ваъдањои ќаблї амалї нашуд.

 

Ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)