Тавре Назири Нусрат, сардабири рӯзномаи «Имрӯз News» ба Озодагон иброз дошт, баъди 20 дақиқаи оғози мурофиаи додгоҳӣ, Шерзод Низомов судяи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз хабарнигорон тақозо кард, ки толорро тарк кунанд ва ҷараёни додгоҳ паси дарҳои пӯшида идома ёфт.
Ёдрас менамоем, дар нашрияи мазкур матлабе таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов: «дарди сар» - и падарҳо шудаанд» нашр шуда буд, ки дар он аз маводи расонаҳои хориҷӣ низ истифода шудааст. Чанде қабл бошад, Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» рӯзномаро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, шаъни ӯро барқарор кунад. Номбурда аз рӯзномаи “Имрӯз News” 50 000 сомонӣ талаби ҷуброн кард ва ҳамчунин аз додгоҳ хост, то даъвои ӯро пушти дарҳои баста баррасӣ кунад.
Мӯҳр