Бахшҳо
05 апр 2013 09:03Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Назари Шумо: Гум шудани кӯдакон -- одамрабоӣ, ё ..?

Шокирҷони Ҳаким, доктори илми ҳуқуқ:
“Аслан, ба назари аввал, чунин амал гӯиё аз бемасъулиятии падару модар рух медиҳад. Аммо сабаби воқеии гум шудани кӯдакону наврасон дар солҳои ахир дигар омилҳои ҷиддитар низ дорад. Масалан, маълум аст, ки тақрибан оилаҳои пурра дар Тоҷикистон намондааст. Дар бисёр мавридҳо кӯдакон беназоратиро эҳсос мекунанд. Зеро ки мушкилиҳои зиндагӣ хотири мардумро парешон кардааст. Ё кӯдаконро бобою бибӣ ё яке аз волидон ва ҳамсояҳо нигоҳубин мекунанд. Аз сӯи дигар, гуруҳҳои муташаккил дар Русия ва баъзе кишварҳои хориҷӣ қаблан ба ҳамингуна амалҳои ғайриқонунӣ даст мезаданд ва ҳадафашон аз фурӯхтани узви бадани кӯдакону наврасон ва фоида гирифтан буд. Бинобар ин, ҳарчи зудтар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои иҷтимоӣ ва муассисаҳои то мактабиву муассисаҳои таҳсилотӣ пеши роҳи зиёдтар шудани чунин амали номатлубро гиранд.”

Султони Ҳамад, собиқ корманди амният:

“Гум шудани кӯдакон одамони дигари солимфикрро водор месозад, ки барои кушодани гиреҳи ин муаммо чанд фарзияро ба миён оваранд ва атрофи он на танҳо фикру андеша кунанд, балки тамоми васила ва имконотро ба кор андозанд, то сари роҳи ин гуна рухдодҳои номатлуб гирифта шаванд. Яке аз фарзияҳо, албатта, одамрабоӣ низ буда метавонад. Вале чун далели муътамаде дар даст надорем, гуфта наметавонем, ки ғайб задани одамон дар ин авохир танҳо ба иллати одамрабоӣ сурат мегиранд. Ин ҳодисаҳо шояд сабабҳои дигар низ дошта бошанд. Масалан, кори дасти онҳое бошад, ки мехоҳанд дар ин соли хеле муҳими интихоботи президентӣ суботи ҷомеаро баҳам зананд. Мардумро ноором созанд. Агар мақсад чунин бошад, пас, онҳоеро, ки ин корҳоро мекунанд, наметавон дӯсти давлату миллат ва кишвар гуфт.”

Ойниҳол Бобоназарова, раиси Созмони ҷамъиятии "Перспектива+":

“Сабабаш мумкин нафари беморест, ки ба ин кор даст мезанад. Шояд ба мақсади пул талаб кардан ҳам бошад. Тавре дигар ҷиноятҳо ҳастанд, ин ҳам яке аз ҳамон ҷиноятҳост. Шахсе, ки ҷиноят мекунад, худаш гунаҳкор аст, ки дар муҳити оила хуб тарбия наёфт. Дар Тоҷикистон ҷиноятҳо зиёд мешаванд. Вақте одам одамро мекушад, дигар дуздидани кӯдак ҳам барояшон мушкил нест. Мақомот бояд диққат кунанду гумшудагонро биёбанд.”

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ:
“Гум шудани одамон дар Тоҷикистон аслан далолат аз бепарвоӣ мекунад, на чизи дигар. Бояд қайд кард, ки аз ҳамаи шумораи умумии нафароне, ки бедарак гум мешаванд, 90 фоизашон ба таври фаврӣ аз тарафи кормандони мақомоти умури дохилӣ пайдо мешаванд ва 10 фоизи боқимондаи дигар боз дертар пайдо мегарданд. Аслан дар Тоҷикистон ягон далели гирифтани узвҳои бадан ба қайд гирифта нашудаанд.”

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот":

“Ин масъала то ҷое нигаронкунанда ҳаст. Албатта, ҳоло чунин фикре дар ҷомеа шакл нагирифтааст, ки дар Тоҷикистон доираҳои хос ба дуздидани афрод новобаста аз соли онҳо шуруъ кардаанд. Вақте гуфтед, ингуна омор ҷой дораду то имрӯз нисбат ба ҳамингуна афроди гумшуда маълумоте нест, пас, ман бо сароҳат метавонам ин корро чунин натиҷагирӣ кунам, ки ҷуз одамрабоӣ чизи дигаре ин наметавонад бошад. Чун агар қасди дигаре медошт, ба як тарзе дар якҷое пайдо мешуд. Чаро тани беҷонро то имрӯз пайдо накардаанд, ин муаммост. Агар ингуна корҳо дар доираи хос оғоз шудааст, фикр намекунам, ки ингуна афрод пуштибоне аз кадом ҷонибе надошта бошад. Вақте ба журналистон ҳамла мешаваду мақомот ҳамлакунандагонро дастгир намекунанд ё намехоҳанд боздошт кунанд, пас, ингуна одамрабоӣ ҳам метавонад дар ҷои дигаре пуштибон дошта бошад ва то як марҳилаи хос ин кор аз сӯи мақомот пинҳон нигоҳ дошта мешавад, баъдан гӯиё чунин як амале ошкор мегардаду ҳамингуна ниҳодҳо баъдан пешгирӣ кардани онро гуфтанӣ мешаванд.”
Мӯҳр
Изхор
Бале одамрабои вучуд дорад бародарон!! Як чизро ба назар гиред, ки дар минтака ё кучае, ки ин ду тифлак гайб задаанд на дарёю дарёча аст, на гори бетаг аст, ки онхо афтода бошанд, на таххонае, на чангале. Дар чумхури хурду калон оид ба ин масъала огох асту медонад. Агар онхо гум мешуданду ягон кас во мехурд ё часадашонро пайдо мекард хатман хабар медод. Пас хулоса кардан мумкин аст, ки овозаи кудакдузди ба хакикат наздик аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)