Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими миллии Қувайт
Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар ҷамъомади омӯзишӣ дар шаҳри Қувайт дар аввалини бозии дӯстона аз тими миллии ин кишвар бо ҳисоби 6:1 шикаст хӯрд.
Голи ягонаи мунтахаби футзали Тоҷикистонро дар ин дидор Акбар Муҳаммадов вориди дарвозаи мизбонон намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамрин, ки то рӯзи 19-уми апрел идома меёбад, таҳти раҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов қувваозмоӣ мекунанд. Дар ин муддат футболбозони тоҷик боз дар як бозии санҷишии дигар худро хоҳанд санҷид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |