Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 20:24

ДМТ овозаҳо дар мавриди бастани баъзе факултаҳоро рад кард

22 апрел 2013, 16:25

Раҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овозаҳоро дар мавриди бастани баъзе факултаҳо, аз ҷумла фармасевтиро рад карда, таъкид намуд, ки талош дорад, дар донишгоҳ ихтисосҳои нав кушояд.

Ҷамила Раҳмонова, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, овозаҳо дар мавриди лағви факултаи фарматсевтӣ бепояанд ва афзуд, “баръакс, аз Украина таҷҳизоти нав ворид кардем, то заминаи таҷрибаомӯзӣ мустаҳкамтар шавад.”

Раҳмонова афзуд, ният доранд имсол дар факултаи фарматсевтӣ шуъбаи дандонпизишкӣ низ кушоянд: “Инчунин, дар факултаи фарматсевтӣ, ки куллан шартномавӣ буд, мо имсол ният дорем шӯъбаи буҷавиро низ кушоем.”

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон калонтарин муассисаи олии таълимии кишвар буда, 17 факултаро дар бар мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!