Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 15:08
/ Материалы за Ноябр 2013 года
30 ноябр 2013, 13:43

Нозия: “Хушбахтам, ки орзуи падарамро амалӣ кардам” (ВИДЕО)

Нозия, овозхони ҷавони тоҷик ва духтари шодравон Кароматуллои Қурбон, дар рӯзи мавлуди падараш бо “Озодагон” суҳбати кӯтоҳи видеоӣ анҷом дод.

30 ноябр 2013, 13:25

Нахустин вокунишҳо ба мансаби нави Рустами Эмомалии 26-сола

Усмон Солеҳ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Рустами Эмомалӣ кадри ояндадор аст ва аз иҷрои вазифаҳои аз ин ҳам баландтар баромада метавонад.

30 ноябр 2013, 12:53

Роҳи раҳоӣ аз вартаи бало барои Тоҷикистон кадом аст?

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик бар ин аст, ки Тоҷикистон танҳо дар сурати раҳоӣ аз вобастагии Русия ва наздикӣ бо Иттиҳодияи Аврупо, метавонад худро аз вартаи бало раҳо кунад.

30 ноябр 2013, 12:17

Гулнора Ҳасанова аз Амонатбонк ба омор "кӯчид"

Рӯзи 30 ноябри соли ҷорӣ низ тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон идома ёфтааст.

30 ноябр 2013, 11:39

Рустами Эмомалӣ, писари президент -- раиси Хадамоти гумрук

Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, раиси Хадамоти гумруки кишвар таъин гардид. Вай то кунун ба ҳайси муовини раиси Хадамот фаъолият дошт.

30 ноябр 2013, 11:17

ВИДЕО: Истиқбол аз Саламшоҳ Муҳаббатов ва гуфтугӯ бо ӯ

Саламшоҳ Муҳаббатов, раиси Федератсияи гӯштӣ (куштӣ)-и озоди Тоҷикистон, баъд аз дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни бузургсолон, субҳи 30 ноябр аз Дубай ба Ватан омад.

30 ноябр 2013, 11:02

Боз ду маркази тиҷории духтари президент аз фаъолият монд

Дар шаҳри Тошканд боз ду иншооти мутаалиқ ба Гулнора Каримова аз фаъолият мондааст. Ба иттилои расонаҳо, ин навбат дарҳои “Хонаи мӯд” ва мағозаи фирмавии ҷавоҳирот ва атриёти “Guli” баста шудаанд.

30 ноябр 2013, 10:32

Президент: сезабонӣ бояд барои мо зуҳуроти муқаррарӣ бошад

Нурсултон Назарбоев гуфтааст, қазоқҳо набояд забони русиро фаромӯш созанд.

30 ноябр 2013, 10:04

Синни миёнаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон аз 56,7 ба 52 поин омадааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 30 ноябр дар ҷаласаи аввалини ҳукумати нав аз раёсат ва аъзои он хостааст, то барои амалӣ кардани ормони сокинони кишвар ҷаҳду талош намоянд.

30 ноябр 2013, 09:45

Бозҷӯии манзили як сокини Хоруғ бо тирпаронӣ анҷом шудааст (АКС)

Талоши кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон барои боздошти сокини шаҳри Хоруғ бо оташкушоӣ анҷом ёфтааст.

30 ноябр 2013, 09:28

Норозигии раиси нави Хатлон аз “Орел и решка” ва телефонбозӣ

Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси тозатаъини Хатлон аз Ғайбулло Афзалов, раҳбари пешини ин вилоят, бо феъли нарм, муошират ва бо лаҳни адабӣ ҳарф задан тафовут доштааст.

29 ноябр 2013, 21:21

Барканории вазири молия ва вазири нақлиёти Тоҷикистон

Сафаралӣ Наҷмуддинов бо фармони Эмомалӣ Раҳмон курсии вазири молияро холӣ карда, онро ба ихтиёри Абдусалом Қурбонов, акнун собиқ директори Директсия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент гузошт.

29 ноябр 2013, 20:35

Курсии Ҳамроҳхон Зарифӣ насиби Сироҷиддин Аслов шуд

Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки аз соли 2006 дар курсии вазири умури хориҷии Тоҷикистон такя зада буд, рӯзи 29 ноябр аз мақомаш барканор ва Сироҷиддин Аслов ба ҷои ӯ таъин гардид.

29 ноябр 2013, 20:00

Таъмини амнияти Афғонистон мавзӯи суҳбати Раҳмон ва Ян Кубиш

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ян Кубиш, намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар Афғонистон дидор кардааст.

29 ноябр 2013, 19:15

Зодрӯзи Кароматулло бе консерти Нозияву Муҳаммадрафӣ

Хонавода ва дӯстону наздикони шодравон Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони тоҷик, мегӯянд, дар ҳеч вазъу шароите ӯро аз ёд нахоҳанд бурд. Ба қавли онҳо, агар Кароматулло қурбони ҷанги дохилӣ намешуд, имрӯз -- 29 ноябр ба синни 52 мерасид.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!