Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:07
/ Материалы за 03.12.2013
3 декабр 2013, 19:49

Кабирӣ ва Каримов дар рӯйхати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон”

Исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, дар феҳристи нави “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон”, ки авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ интишор ёфт, зикр шудааст.

3 декабр 2013, 18:44

"Равшан" ба Ҷоми AFC-2014 рафт, "Истиқлол" монд

Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2014 танҳо як даста, қаҳрамони футболи кишвар намояндагӣ хоҳад кард.

3 декабр 2013, 17:38

ҶИ-2014: Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рақиби Эстония, Украина ва Қирғизистон

Имрӯз, 3 декабр дар Хонаи футболи Иттиҳоди футболи Русия қуръапартоии мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 баргузор шуд

3 декабр 2013, 17:32

Хосият Идиеваи 63-сола мегӯяд, шаҳрдорӣ ба додаш нарасид (ВИДЕО)

“Қонунҳои Тоҷикистон танҳо барои мардуми одӣ будааст, барои мансабдорон дахл надоштааст”,-таъкид дошт мусоҳиби мо.

3 декабр 2013, 17:22

Видеои сӯҳбати мақомоти Саудиву Исроил алайҳи Эрон

Арабистони Саудӣ ва Исроил, ду кишвари аз нигоҳи дину ойин ба ҳам мутафовитро манфиат ва ҳарос аз қудрати Эрон водор кардааст, сари як мизи машваратӣ ба ҳам оянд.

3 декабр 2013, 17:03

Убайдуллоев ширкатҳои сохтмониро ба бозсозии маркази Душанбе хонд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, тасмим гирифтааст, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии пойтахт дар марҳилаи аввал асосан маркази Душанбе бозсозӣ шавад.

3 декабр 2013, 16:52

Кӯмаки низомиёни Амрико ба маъюбони тоҷик (АКС)

Вазорати мудофиаи Амрико бахшида ба рӯзи байналмилалии маъюбон, ки имрӯз, 3-юми декабр, таҷлил мегардад, ба се мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор ба маблағи беш аз 220 ҳазор доллар кумак намуд.

3 декабр 2013, 16:15

Вакилони Зайд хостори гуфтугӯи ошкоро бо Раҳмон шуданд

Фахриддин Зокиров, Шӯҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров – се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ӯ хостаанд, ба қазияи нафари таҳти ҳимояташон дахолат кунад.

3 декабр 2013, 15:44

Юсуф Қарзовӣ Шӯрои уламои “Ал-Азҳар”-ро тарк кардааст

Юсуф Қарзовӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи олами Ислом тасмим гирифта, ки аз Шӯрои уламои маркази “Ал-Азҳар” биравад.

3 декабр 2013, 15:28

Даъват ба Идораи амният барои баргузории "тӯйи исломӣ"

Абдураҳмон Муҳаммад, як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, аз “зиёдаравӣ”-и кормандони амнияти миллӣ ҳангоми ифои вазифа дар ин минтақа шикоят дорад.

3 декабр 2013, 14:52

Чаро президент ба Африқои Ҷанубӣ нарафт?

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон сафараш ба ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро ба вақти дигар гузоштааст.

3 декабр 2013, 14:45

Курсии холимондаи Марҳабо Ҷабборова насиби кӣ хоҳад шуд?

Қарор аст, барои "пур" кардани курсии холимондаи Марҳабо Ҷабборова, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагон ва ҳоло муовини нахуствазир, дар ҳавзаи рақами дуи Исмоили Сомонии Душанбе интихоботи миёндаврӣ баргузор гардад.

3 декабр 2013, 13:45

Абдураҳмон Бузмаков муовини аввали Рамазон Раҳимов шуд

Генерал-майори милится Абдураҳмон Бузмаков муовини аввали Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, таъин шудааст.

3 декабр 2013, 13:44

Рейтинги коррупсия: Туркманистон мавқеаш ду зина беҳтар кардааст

Дар рейтинги нави шохиси коррупсия, ки созмони ҷаҳонии Transparency International нашр кард, Туркманистон дар зинаи 168 қарор дорад.

3 декабр 2013, 11:52

Темур Ҳафизов: "Мурофиаи модари Расули Амонулло ҳанӯз баргузор нашудааст"

Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегӯянд, баррасии парвандаи модари Расули 16-сола ва ҳамсари Амонулло Ҳукуматулло, ки барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон муттаҳам мешавад, ҳанӯз баргузор нашудааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!