Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:41
/ Материалы за 05.09.2017
5 сентябр 2017, 17:23

Пирӯзии яккачини футболи Тоҷикистон бар Непал

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври саввуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи Непалро шикаст дод.

5 сентябр 2017, 16:54

Мактуби боз ба вазири тандурустӣ: Шикоят аз гирифтани “лифтпулӣ” ва “бозори бахилфурӯшон”

Гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” дар як мактуби боз ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хостори расидагӣ ба чанд мушкил дар самти хизматрасонии тиббӣ шудааст.

5 сентябр 2017, 16:33

“Ховар”: СААД Ҳизби наҳзати исломиро ба феҳристи созмонҳои террористӣ ворид кард

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил кардааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ додааст.

5 сентябр 2017, 15:18

6 пешниҳоди як ҷавони тоҷик ба шаҳрдорӣ, Вазоратҳои маорифу нақлиёт

Як ҷавони фаъоли тоҷик барои роҳат шудани равуои сокинон ва меҳмонони пойтахт дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба раиси шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илм, инчунин Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳодҳое ироа кардааст.

5 сентябр 2017, 14:18

Корхонаи тиллои “Зарафшон” мунтазири иҷозатнома аст

“Зарафшон” – калонтарин корхонаи истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмондааст. Як манбаи "Озодагон" далели инро ба дарёфт накардани иҷозатнома рабт дод.

5 сентябр 2017, 12:22

Ҳусайнов барои кордкашӣ ба тарафи шиносаш наздики 9 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як сокини ин ноҳияро барои 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Миралӣ Ҳусайнов ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт пушти сар хоҳад кард.

5 сентябр 2017, 11:05

Сокини Файзобод: Дар хонаи харидаи ман каси дигар зиндагӣ дорад...

Як сокини ноҳияи Файзобод мегӯяд, дар манзиле, ки ӯ харидааст, нафари дигар зиндагӣ дорад.

5 сентябр 2017, 10:19

ВКД: Маъмури истироҳатгоҳ ҷойи корашро ба фоҳишахона табдил додааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти корманди яке аз истироҳатгоҳҳои ноҳияи Варзоб хабар дод, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад.

5 сентябр 2017, 09:28

Соҳибкори тоҷик дар фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии истеҳсоли Узбакистон муттаҳам мешавад

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор гардидани фурӯши ғайриқонунии либосҳои истеҳсоли Узбакистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.

5 сентябр 2017, 09:12

Келин хушдоманашро барои хона оташ задааст...

Дар шаҳри Тирмизи Узбакистон модари се фарзанд дар пайи як баҳси манзил модаршавҳари худро оташ задааст. Дар натиҷа пирзани 72-сола ба ҳалокат расидааст.

5 сентябр 2017, 08:44

6 голи футболбозони тоҷик ба дарвозаи Қазоқистон-2

Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дидори аввали худро дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон бо пирӯзӣ анҷом дод. Ин бозӣ 4 сентябр баргузор шуд.

5 сентябр 2017, 07:25

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

СЕШАНБЕ. 5-уми сентябр - 248-умин рӯзи сол. То поёни сол 117 рӯзи дигар монда.

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!