Бахшҳо
18 июн 2013 15:38Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

САДО: Навори аудиоӣ бар зидди Додоҷони Атовуллоҳ

Нашри як навори аудиоӣ дар мазаммати Додоҷони Атовуллоҳ, роҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, аз шеваҳои “нав”-и мубориза бо мухолифини тоҷик арзёбӣ мешавад.

Ин навори аудиоӣ тоза ба дасти мо расид ва нафаре, ки худро муаррифӣ накардааст, дар он шеъреро бо лаҳҷаи эронӣ ва зери мусиқӣ қироат мекунад. Аммо муаллифи шеър таъкид кардааст, ки даҳ сол боз дар Тоҷикистон зиста, ба ҷуз ободкорӣ чизи дигареро мушоҳида накардааст.



Дар оғози ин шеър муаллиф аз намоиши тӯйи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар телевизиони “К+” (Қазоқистон) тавассути Додоҷони Атовуллоҳ изҳори норизоӣ карда ва ҷавоби ин суолро ҳам пурсидааст, ки “магар худ дар тӯйи бачат рақс надорӣ?”

Дар ин шеър аз ноамниҳо дар Сурияву Либия ҳам ёдоварӣ шуда, муаллиф ба оқои Атовуллоҳ гуфтааст, магар беҳтар набуд, тамоми пуле, ки барои таблиғи ақидаҳояш сарф мекунад, барои Тоҷикистон фиристад?

“Надидӣ Сурию Мисру Ямонӣ,
Даруни кӯчаҳояш хуни ҷорӣ.
Троблусро надидӣ он замоне,
Ки ҷангу душманӣ буду ҳаромӣ.
Ҳақиқатро бигӯ, аз халқ чӣ хоҳӣ,
Падарро бо писар дар ҷанг хоҳӣ?
...Бад-ин даҳ сол, ки кардам зиндагонӣ,
Дар ин шаҳру диёри ориёӣ.
Надидам аз Эмом Раҳмон хатое,
Амон монад зи ҳар дарду балое”
,-таъкид шудааст дар ин навори аудиоӣ.

Қаблан дар нашрияҳои расмӣ ва сайти “Ховар” матолибе зидди Додоҷони Атовуллоҳ, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зоиров чоп мешуд. Ахиран бар зидди Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав аз нашрия ва ҳатто шабакаҳои телевизионӣ ва низ тавзеи китобча кор гирифта шуд.

Аммо мазаммат ва интиқод тавассути навори аудиоӣ ва он ҳам бо лаҳҷаи эронӣ бори аввал аст.
Мӯҳр
Салом бародарон, ин боиси хурсади ва шодии мо точикистониён аст, ки халкхои дигар далатхо нисбати мо бетараф нестанд ва президенти моро хурмату изата мекунанд. Бинобар ин аз мо талаб аст, ки худшинос бошем, гайбат ва хасудхуриро аз забонамон дур кунем, чунки гайбат кардан хуни бародри худро хурдан аст. Мо Шукр аз даргохи Иллохи кунем, ки ба мо сулху субот ва истиклолиятро Худованд арзони додааст. Баъди тенчи, кор кардан даркор аст, ватанро обод кардан даркор аст, фарзанлонро тарбия кардан даркор аст.

Салом алек. навори наз махкул! Хуб мушуд дар бораий зидаги дар ТОЧИКИСТОН-хам мехонд.Чихел халк озоб мекаша ма шохиди он будам ,ТОЧИК-дар ватани худаш кадр надорад.ХИТОИЙ -хо чихел мехохан рафтор мукунанд халки ТОЧИКА-ти амо власт инро дидан намехоха ба фикри ин як ШАРМАНДАГИСТ. оянда ЧИ мешадро ФИКР кард?????????

"Эй мардум Шумо киро тарафдори карда истодаед? Додољоне, ки худ ќадри миллату давлатро намедонад ва аз пешравињои Тољикистон бехабар аст чихел метавонад вазъи сиёсии кишварамонро бањогузори кунад, вай то њол гумон дорад, ки мо мардуми солњои навадум њастем ва ба осони метавонад ба фитнаву фиреби худ моро бањри нооромии љомеъа истифода барад.

Додочон бо ин баромади худ чи мехост ба мардуми бофарханги Точик бигўяд, магар аз берун истода мешавад мардумро маслихат дод, албата не. Барои хамин Додочон харакат накун ва худро фарди Ватандуст натарош бо такдири миллат бози накунед, мардуми озоду оромро боз ба гирдоби фитнаву фиребхои худ накашед, чавононро аз хондану ихтирооташон берох насозед маслихату тарбиятатонро ба оилаи худатон кунед, ки мумкин аст аз ватан ва забони модариашон бархурдор нестанд.

Тавре ки Шумо баромад кардед хостед ба мардум нишон дихед, ки чи тавр рохбари давлат дар туйи писараш хурсанди мекунад магар ин гунох аст, кадом падару модар дар туйи фарзандаш шодиву хурсанди намекунад, ё сарвари давлат хаќќи истирохатро надорад, хаќќи хурсанди карданро надорад, иштибох мекунед Сарвари давлатамон на танхо дар туйи писараш балки харрўз хурсандиву шоди кунад кам аст, чунки вакте, ки ба сари кудрат омад дар Точикистон ягон нафас хам ороми набуд мардум дар давлатхои бегона номи гурезаро гирифта буданд вале Ў шабу рўз аз бахри хама чизи дунё гузашта бањри сулху субот дар Точикистони азизамон хизмат кард бо ваъдањои худ сазовор истод, хама мардуми Точикро ба ватан баргардонд Тољикони тамоми чахонро муттахид гардонд, имрўз Ў натанхо президенти Точикистон аст балки тамоми мардуми Тољикзабони дунё Эмомали Рањмонро президенти худ мешуморанд, агар мо мардуми Точик мехнатхои сарвари давлатамонро надонем бовар кунед насли оянда моро намебахшад.

Чи ин кадар аз мухочир будан шикоят мекунед,шарм кунед хамин марде ки ин шеърро хондаст худ мухочир аст , ин огои эрони ба кадри давлату миллати мо мерасаду Шумо ки точик хастен ба мисли занакои лаби об гайбат мекунед.Шукрона кардан даркор касе ки намехохад мархамат наравад мухочир нашавад бо дили соф мехнат кунад дар ватани худ хам ризкашро меёбад.Барои мардо айб аст ин кадар лоф задан.Хунар омузед касб омузед аз Худо ризки худро талаб кунед аз он , ки гвайбат карда ба гапои кадом як мухолиф дода мешавед.Айб аст як бор андеша кунед охир бо як нафар Хитоихоро мисол овардаст намебини ки Хитоихо чандин сол аст ки гарму сардии хаворо нигох накарда дар Точикистон мухочирану бо азобу укубат барои мо кух мекананд, дар тунелхо кор мекунанд.Хар кас дар кучое ки ризки худро ёбад мархамат.Хамин кадараш бас аст ки мо дар хонадонамон садои тую сурро мешунавем, на ин ки чангу чанчолро нафаси озод дорем ин кофист!!!!!!!!!!!!

Додо, ки 21 сол дар Тоҷикистон набуд - нони тоҷикиро нахурдааст! оби Тоҷикистонро нанӯшидааст , барои ободии Точикистон коре накардааст ( ба ҷуз иғвоандозӣ) як зани оддӣ роҳрӯб аз у болотар аст, қадраш дар назди халқи тоҷик , чунки роҳи Тоҷикистонро аз хору хокрӯбаҳо тоза мекунад!!!
Халқи тоҷик шаҳди фиреби шуморо хурдааст, миллати тоҷик ба касофатии Шумо қариб аз байн рафта буд!
Мо модарон намегузорем фарзандонамон ба доми фиреби шумо боз афтанд! Боз модари тоҷик ғариб шавад, боз фарзанди тоҷик ятим шавад!

донишчу аз Амрико
офарин бародар Куруш хуб гуфтен... ин фикри ман аст Чаноб офаринаш бод шахси ободкор созандаи сулх дар Точикистон шуд ва сабти ном дар таърихи точик шуд ва хохад монд, вале хакикат хакикат аст акнун даври расидааст ки бояд иктисодро боло бурд барои ин шахси дигар лозим ки бояд иктисодро хуб донад. садхо бачаи точик дар инчо (Амрико) иктисод хонда тамом кардаги чаро хизби хоким барои худ чалб карда наметонад?Ин кори осон аст, вале чаро намекунанд? боз чанд чарои дигар аст ки мутмаинам бечавоб мемонанд....
аки ДОДОро хуб шинохтам ки аст, ва нуктаи уро рост гуфтан фикр мекунам шармандагии шумо дар назди миллататон аст шумо худатон фикр кунен ва максад барорен ба андешаи аблахонаи дигарон чи чак чак мезанен yahya,

Сарвари давлатам хакки шодиро дорад , хакки онро дорад ки дар туйи писари худ раксад ин чи бахонаеро пеш гирифтан дигар айб наёфтан аз дур истода хурсандии моро хам айб мекунанд ин душманои миллат.Бале точико аминхел хар руз дар хонадони худ туй доран, мераксан шоди мекунанд, аз мотам безорем Худо харгиз моро ба гуфтахои чунин шахсони мухолифу алавмон рахнамои намекунад.мо МУСУЛМОНЕМ ва ба даргохи Худо шукр мекунем барои чунин Сарвар ва сояе , ки бар мо Иллохи ато кардаст. Ман бовари дорам , ки мардуми мо ба гуфтаи як ду нафари бекормонда шарик намешавад,харгиз СУЛХ-и худро ба суханои беасоси мардуми бегона намефурушем инро дониста гирен Додочон ягон нафар тарафдориат намекунад.Аз ин хотир бехуда баромад карди гайбат кардан гунох аст!!!!!Худро бехуда шараманда накун!

Эй азизон то ба кай мо тарки кишвар мекунем.
То ба кай аз бахри пул тарки модар мекунем.
Ин хама шахри урус ободшуд аз дасти мо .
Холу ахволи ватанро кай накутар мекунем .
Пахлавонони диёр зери мушти нокасон.
Аз дашномхои кабех гуши худ кар мекунем.
Чон падарчонам чавобе дар суоли ман бигу.
То бакай аз сузиши дил, дидаро тар мекунем.
Хайфи ин умри ҷавони хайфи ишку ошукӣ.
Ки чудоги аз нигори ёру дилбар мекунем. [/b]Ин ғариби ва овораги чи мусибату балоҳоеро барои чомеаи Тоҷикитон ва миллати шарифи мо овард то бакай ин намоиши дар бадари ва овораги ва бесоҳиби дар ғурбат идома дорад ? Аз дасти ин Муҳоҷиратҳои кори чандин хонаҳо ба ҳам хурду вайрон гашт ва фарзандон дар бадар шуданда ва бисёри аз фарзандон тарбияти падарро надинаду намебинанд Ва чандин Ҷавони ба сини издивоч расидаи мо дар Ғурбат зангирифту ҳамоти духатраи ҳамватани худ дар ватан мунатзир бахту хушиаш аст Чандин марду чавони мо ба хотири мушкилоти Тоҷикитон ба таври ҳамешаги ватанро тарк карданду шаҳрванид дигар давлатҳо шуданд Бисёри аз навдомодон ба хотири фишори зиндагӣ чилашон тамом нашуда бо аруси дилбару дилрабои худ Худо ҳоифзи мекунаанд Бисёре аз фарзандон ба хотири ғурбату дарбадари дар рузи маргу вафтои падару модари худ нестанду наметонанд бошанд

чи рабте дорад ки бо садои Ирони бошад

Ташаккур ба офарандаи аудио. Вокеан барои актиёри "мазхака" Д.А. ин як икдоми дигар барои офариниши сериали минбаъда дар накши "Золим" ва ё "Ахриман" хохад гардид. Пас аз баромади у дар сериаи 4-ум ин далели вокеи ва асоснок бар зидди суханхои бардуруги уст.

Ташаккур ба нафаре, ки бар зидди Д.А. шеърро ќироат намудааст. Офарин. Ањсан.
Мо Њаќиќатпарастон сериалњои офаридаи коргардони номуваффаќ Додољон Атавуллоев, ки ба воситаи телвизиони К+ пахш гардидааст дидем ва онро хамчун сериали хинди, ки аслан вокеат надорад бахо медихем. Мо ба як буздил, дурўѓгўй ва зархариди хориљї њељ гоњ гўш нахоњем дод.
Ў таъкид менамояд, ки «Барои муњаббати онњоро харидан ба њар як нављавон Эмомалї Рахмон якдонагї Планшет њадя кард». Ин амали роњбари давлат аз як тараф њисси дўстдории љавонони кишвар бошад, аз љониби дигар ќадрдонї ва эњтироми Президент ба љавонони пешсаф, муњаќќиќон ва донишљўёни фаъол мебошад. Зеро дар ин рўз «љавонони болаёќат ва фаъоли гўшаву канори љумњурї» даъват шуда буданд. Саволе ба Атавуллоев дода мешавад, ки Шумо барои як љавони миллати тољик ягон маротиба хизмат намудед ва ё дар Тољикистон як нињоле шинондаед, як муњољири мењнатиро ёрии моддї расонидааед? Пас чаро ба нафаре, ки аз њисси дўстории халќи худ ба онњо Планшет ва осоиштагию рушдро њадя мекунад, њасад мебаред?!. Маълум, ки Шумо њама чизро танњо бо пул бањо медињед ва танњо калимаи «харидан»-ро медонед. Не љавонони тољик ба мисли Шумо барин «тољирон» ба пул харида нашудаанд. Атавуллоев Шумо муќаддасот надоред, Шуморо мардуми Тољикистон бад мебинад. Барои он бад мебинад, ки Шумо дар суханрониятон онњоро тањќир мекунед.
Аз ин маълум мешавад, ки Додољони Атаввуло:
- тањќиркунандаи роњбари давлат;
- тањќиркунандаи шахсони мансабдор;
- тањќиркунандаи пешвоёни дини ислом;
- тањќиркунандаи табаќаи камбизоат;
- тањќиркунандаи мардуми мањалњои алоњида;
- тањќиркунанди њар як тољик ва умуман миллати тољик аст.
Атавуллоев дуруст такид менамояд, ки «Имрўз дар Тољикистон боди озодї мевазад!». Ваќти Атовуллоев барин љангандозону хоинони миллат тамом шуд. Агар монанди филмњои бисёрсериягии туркию њиндї баромадњояшро Атавуллоев давом дињад њам халќи бофарњангу бомаданият ва донишмандї тољик ба ў бовар нахоњад кард. Зинда бод Тољикистони озод, зинда бод Тољикистони раиятпарвар, адолатпарвар, зинда бод Тољикистон бо роњбари хубу кордон ва адолатпарвару дўстдори тољикон Эмомалї Рањмон!

салом асосан сиёсат хаминтур аст,

Офарин ба ту бародари хукукшинос!! Кош заррае аз аклу тамизи туро Додо хам медошт. Мисли занакои лаби об гайбат карда намегашту ободие барои ватан мекард. ё сари ятимеро сила мекард. У ки маҳз бо ин васила солҳои навадум мардумро ба майдонҳо оварда, дар аланга задании оташи ҷанги шаҳрванди даст дошт, боз аз пайи иҷрои хамон «усул»-ҳои кӯҳнаи хеш аст. НЕ У ХАТО МЕКУНАД. Дар Тоҷикистон шумораи мардуми ватандӯсту соҳиби нангу номуси баланди миллӣ ба маротиб зиёд аст ва мо намегузорем , ки нақшаву ниятҳои душманони миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшад.

Додочон хохони ташкили чанг нест! У журналист аст. Оппозиция аст! Чи оппозиция бояд президентро таьриф кунад? Мардум бесавод нест, алакай дар 21 сол хела чашмарон кушода аст! Кадоми гапи Дододжон нодуруст аст?! Кани як фикр кунед! Шахсан ман на тарафдори Эмомали ва на тарафдори Дододжон!Нестам! Ман намехохам ки мо ДЖАМШУДУ РАВШАН бошем! Баром чи чаноб пеши ин ахмакоро нагирифт? Дар дунье мо чурка шудем, чамшуду равшан шудем. Мардум бояд зиндаги кард на он ки вучуд бошад, асри 21 аст.

Манучехр Ковиёни
чавоб ба Сарафроз. Ба фикри Шумо рохбари гамхор кист ва ки шуда метавонад? Шумо ба суханони як зархариди русхо ин кадар бовар кардед! Нафаре, ки чонибдориаш мекунед дар хакикат зархарид аст на Ватандуст! Агар дар фикри ободии Ватан мешуд аз хорича истода бе ракобат кардан оиди пешрафти чомеа ва халки Точикистон пешниходхо мекард, чунки чанд сол аст дар давлатхои пешрафта карор дорад! Наход дар тули ин солхо тачрибае наандухта бошад! Аммо дониста бошед, ки шахси озодандеш ва окил руи рост ба тахкири шахсият намепардозад! Хамаи суханхои у фармоиши аст бояд инро донед

Эй бародарон чи даркор гапхои бехударо гуш кардан хар кас каллаи худашро кор фармояд хамаашро мефахмат .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)