Бахшҳо

Илҳоми муллоҳо ба ҷӯш омад…

Абдулазизи ВОСЕЪ

Зиҳӣ, зиҳӣ роҳбарам,
Роҳбари сулҳоварам,
Эҳёгари ниёгон,
Ҳомии Тоҷикистон...


Фаъолону ходимони дин дар мулоқот бо президенти кишвар бештар ба тавсиф, таъриф ва санохонӣ машғул шуданд. Ин дар ҳоле, ки худи Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, суханҳо мухтасар ва танҳо таклифу пешниҳодҳо ироа шаванд.


Мулоқоти райисиҷумҳур бо намояндаҳои аҳли ҷамоаи кишвар ва руҳониён 4-уми июл дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор шуд, фишурдаи онро шоми дирӯз телевизионҳои давлатӣ намоиш доданд. Қисмати аввали он чун анъана бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон поён ёфт. Дар бахши дуюм баландгӯякҳо ба ихтиёри иштирокчиён гузошта шуд ва беш аз дуюним соат бештари онҳое, ки сухан карданд, танҳо сифатҳои президентро баршумурда, фурсатро ба тавсифу таъриф сарф карданд. Ин ҳам дар ҳоле ки президент гуфт, танҳо таклифу пешниҳодҳоро баён созанд. «Хизматҳои роҳбари давлатро дар ғоибаш бигӯед. Ман табиатан қабул надорам. Ҳарчи кардам барои халқи худ кардам. Ман ҳастиямро дар сессияи 16-уми Шӯрои олӣ ба мардум бахшидам ва то вақте ҳастам дар хизмати ҳалқам ҳастам»,-таъкид кард ӯ.

Зимнан, интизор мерафт, аз ин фурсат истифода карда, ҳозирин мушкилотро баррасӣ ва роҳи дурусти ҳали онро пешниҳод намоянд. Барои як фазои хуб ва ором таклифҳои муфид ироа карда, мавзӯъҳои муҳимро дар миён бигзоранд. Аммо тавре аз ин суҳбатҳо хулоса шуд, барои намояндаҳои дин дар Тоҷикистон асоситарин мушкил мавҷудияти ҳизби исломист. Чанд нафари онҳо бо таъкиди ин нукта, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад, зоҳиран фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро зери суол бурданд. Як нафар ҳатто ба президент пешниҳод кард, «аз ҳизби наҳзати исломӣ калимаи поки Ислом бардошта шавад, зеро ин ҳизб аз номи поки Ислом ба манфиати худ истифода бурда истодааст».

Саривақтӣ ва дуруст будани «қонуни танзим», беҳтарин ва нодиртарин намуна будани қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодиҳои виҷдон» аз мавзӯъҳои дигар буд. Аммо тавре ишора рафт, бахши аъзами мулоқот таърифу тавсифҳои болохонадори раҳбари кишвар буд. Гуйё, фаъолони ҷомеа ва ходимони дин дар тавсифи президент бо ҳам мусобиқа доштанд. Ҳар нафаре сухан мекард, талош менамуд аз нафари қаблӣ дида сифатҳои зиёдтареро баршуморад.

Бештари онҳое, ки сухан мекарданд, мегуфтанд, «зери таъсири суханҳои президент назди баландгӯяк омадаанд», мо ҳам зери таъсири ин ҳама тавсиф танҳо бархе нуктаҳоро пешниҳоди хонанда мекунем. Сабқати таъриф аз намояндаи Шӯрои уламо аз вилояти Суғд оғоз шуд. Ин нафар ҳарчанд изҳор кард, ки «хизматҳои Шумо барои халқу миллати тоҷик, хусусан ба дину мазҳаб ба таърифу тавсиф ба таблиғ ҳоҷат надорад», аммо дуру дароз ба шумурдани сифатҳои президент пардохт.
«Давлат бунёд кардед, ваҳдати миллиро барпо кардед, миллатро сарҷамъ кардед, халқу мамлакатро соҳибӣ кардед, дину мазҳабро ҳимоя кардед»,-номгӯи нокомиле аз ҳарфҳои ин руҳонист.

Воқеан, яке аз саркардаҳои пешниҳоди ба ҳизб эҳтиёҷ надоштани Ислом ҳам ҳамин нафар буд, ки гуфт: «Ҳазору чорсад сол беҳизб омадем, Ҷаноби Олӣ, ҳамин ҳисоба нигоҳ дорем».

Суҳбати ӯ бо ҷумлаи «Ходимони дин ва имомхатибон доим мехоҳанд таҳти роҳбарии ҷаноби Шумо тинҷу ором бошад» поён ёфт. Имомхатиби ноҳияи Шоҳмансури Душанбе мулоқот бо райиси ҷумҳурро дар арафаи Рамазон «нишонаҳои хушбахтӣ» унвон кард.
Намояндаи шуғнони Бадахшони Куҳӣ кам наомад ва гуфт: «Ҷаноби Олӣ, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, сарвари тоҷикони куллӣ олам, пешвои асри 21… Ҷаноби Олӣ мегӯянд, хуршеди ҷаҳонтоб дар осмон месӯзаду дар замин месозад. Шумо низ президенти ваҳдатофарину ваҳдатшиори мо ба хотири рифоияти мардуми худ, ба хотири саодати мардуми худ сӯхтед, сохтед, кохи бегазанди ваҳдату сулҳу якпорчагиро дар ватани азизамон бунёд кардед. Дар бораи хизматҳои фарзандонаву падаронаи Шумо Ҷаноби Олӣ, дар бораи баланд бардоштани рифоияти рӯзгори мардум ва дар бораи садоқати бепоёнатон, дар бораи истеъдоди фавқуллодаи фитриятон дар бораи имону саодататон бисёриҳо гуфтанду навиштанду хоҳанд навишт ва ин ҳам ҳанӯз кам аст, чаро ки ин муҳаббат ҳар рӯзу ҳар соат, ҳар лаҳза бо ҷиллову рангҳои тоза нав мешавад ба дилҳо шодиву сурур ва ба дидаҳо нур мебахшад… Ҷаноби Олӣ мардуми соҳибақл, мардуми бофарҳанг бо шумост, Шуморо дӯст медоранд».

Ва нафари дигар, ки худро муаррифӣ накард, афзуд, «дар аҳодиси пайғамбар (с) омадааст, ки агар Худованд дар кадом мамолике хубиеро биоварад аввало як шахси одилро бар сари онҳо ҳоким мегардонад. Шукри Худованд мардуми сарзамини Тоҷикистон ба ин неъмати пурбаҳо ноил гардидаанд (воқеан ин нафар ҳам яке аз афроде буд, ки мегуфт Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва ба президент пешниҳод кард, «аз ҳизби наҳзат калимаи поки Ислом бардошта шавад, зеро ин ҳизб аз номи поки Ислом ба манфиати худ истифода бурда истодааст)».

«Парвардигоро ин ин сулҳу салоҳ, ин тинҷиву амонӣ, пешравиҳову иншооти бузург, ин дастурхони пурнозу бобаракати мардуми сарзамини Тоҷикистонро бо ҳамроҳии сарвари давлатамон доимо пойдор ва устувор бигардон ва сарвари давлатамонро дар олам руйсурху сарбаланду обруманд бигардон»,- дуо кард вай.

Аз тавсифҳои намояндаи ноҳияи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ пораи шеъриеро ҳам менависем:
Зиҳӣ, зиҳӣ роҳбарам,
Роҳбари сулҳоварам,
Эҳёгари ниёгон,
Ҳомии Тоҷикистон.


…Он ибораҳои тиллоие, ки дар ин маҳфил, умуман дар баромаду паёмҳои Шумо меоянд, зиракии сиёсӣ, зиндагии шоиста ва аҳдофу мақсадҳои миллӣ, инҳо дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин иншоолоҳ навишта шудаанд… Мо дастуру супоришҳои Шуморо ҳамчун қаҳрамон нури дида рӯи чашм медорем».

Намояндаи Дарвоз: «Моро зиндагии шоиста ва серию пурӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дар пеш аст. Мо дарвозиёни Бадахшон танҳо ва танҳо ба Эмомалӣ Раҳмон эътимод, эътиқод, ва боварӣ дорем, ки дунболи ӯ нодиртарин ва пурарзиштарин уфуқҳои зиндагиро фатҳ менамоем».

Ва як намоянда аз Рашт афзуд, ки «Ҷаноби Олӣ! Агар хизматҳои шоёни Шуморо дар роҳи дин чанде ҳисоб кунем, рӯзҳои тӯлонӣ ва моҳҳои тӯлонӣ каманд, ки дар шумор биёрем». Аммо ба қавли ин нафар бузургтарин хидмати Раҳмон ин будааст, ки танҳо баъди ҳарфҳои ӯ дар минбарҳои баланд, ҷаҳон фаҳмид, ки Ислом пок аст ва ҳеч иртиботе ба ифротгароиву ҷанг надорад.

Илҳоми қофиябандии намояндаи Файзобод ҷӯш зад: «Мо мардуми тоҷик шукргузор, посдор, вафодор, амонатдор, бурдбор, дӯстдору ҷонисори ин сарзамини муқаддаси куҳанбунёди аҷдодӣ буда, тарафдору нигаҳдору пуштибони сиёсати хирадмандонаи Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ будем, ҳастем ва хоҳем монд»

Мусобиқаи тавсиф идома дошт…
Мӯҳр
Суолхое, ки бояд рухониён пешниход мекарданд.
1- Мухтарам Рохбари кишвар конуни Худо болотар ё конуни ки шумо дустур додед манъи чавонон ба намоз (масчид).
2- Чаро дар мактабхои миёна ва донишгоху донишкада соатхои тарбияви аз дини ислом истифода бурда намешавад?
3-Чи бади дорад ришу хичоб?
4-Оё дар мохи мубораки рамазон нархи озука дубаробар зиёд мешавад ё кохиш хохад ёфт?
Мухтарам рухонинён пас шумо аз дину хадису ояи куръон бохабар бошед Худованд ситоиш тнасифу таъриф аст ё бандааш??????????????????????

Точики мусулмон
Чавоб ба савол. Аз паси ин гуна " муллохо" намоз хондан дуруст нест. Чанозае ки инхо мехонанд бе чаноза меравад. Куоъоне ки онхо дар сари кабри мархум мехонад хеч савобе надорад ва аз ин ру хеч сабукие бари мархум эчод намекунад. Зеро Худо аз мунофик ибодаташро кабул намекунад. Худо е хидояташон кунад

Собир
Гиряи Мулло Абдурахим чехраи аслии нахзатихоро намоён кард! Агар ба гиряи у хандида бошед пас хар хандаи Шумо дард дорад? Ин дард аз кибр ва чохилятон пайдо шудааст! Худоё ин рахгумонро аз торикихо рахо бикун, ки инхо то хануз аз хуни инсон сер накардаанд!

Умар
призидент худаш гуфт,ки пешниход кунетон,ин буздил,дуруя,дуруггу,МУНОФИК муллохо бо таъриф мекунанд,аз хад гузаронданд,гуё призидент ризкдиханда,ман ин спектаклро дида ба ёдам филми ЮСУФ омад,гуё дар маъбади омун хастанд,ин окибати хуб надорад,

Усмон
Ба мулло рахим карим,ман тавсия медодам,ки ба актёри ба тиатри С Айни равад,ха,ха,ха,,,,,,,,,,,,,

Аслан ин муллохое, ки чунин таърифу тавсифи зиёд карданд вайхо бо фармудахои хукуматдорон карданд ва аслан вайхо ХАТОИ МАХЗ карданд. Магар чашмонашон нобиноянд, ки дувуним миллион халки точикро намебинанд, ки хуни дил хурда истодаанд дар РУСИЯ. Ва онхое, ки гуфтанд дар ислом мазхаб нест ва яъне мазхаб ба мо даркор нест, он муллохо бояд бидонанд, ки худи онхо барои ислом даркор нестанд.! Ва хар он чизеро ки муллохо гуфтанд барои вайхо аз тарафи хукумат тексти таер дода буданд...

БАРХИДДИН
Ин вухури набуд ин як барномаи шоу буд

муаллим
агар дар ислом хизбнабошад пас ХХДТва...аз кадом динн хастанд?йо шумо муллохои абулкафо худои дини хизбхои гайриИСЛОМИРО МЕПАРАСТЕД!?
хеч мантикеродар суханони тутихо намебинам.инно лилло ва инно илайхи рочиъун

агар дар ислом хизб набошад пас ХХДТва...аз кадом динн ахастанд?йо шумо муллохои абулкафо худои дини хизбхои гайриИСЛОМИРО МЕПАРАСТЕД!?
хеч мантикеродар суханони тутихо намебинам.инно лилло ва инно илайхи рочиъун

агар дар ислом хизбнабошад пас ХХДТва...аз кадом динн хастанд?йо шумо муллохои абулкафо худои дини хизбхои гайриИСЛОМИРО МЕПАРАСТЕД!?
хеч мантикеродар суханони тутихо намебинам.инно лилло ва инно илайхи рочиъун

Он муллохое, ки гуфтанд дар ислом хизб нест вайхо ВАХОБИЯНД.
Шумо медонед, ки Муҳаммад ибни Абдулвахоб кист.? Муҳаммад ибни Абдулвахобро такрибан сесад сол пеш (+. -) дар Англия таълими исломи меомузанд ва ба Арабистони сауди мефиристонанд ва бо фармони Англия уро эмом ё худ пешвои дини интихоб мекунанд хамчун хам чосуси Англия ва хам эмоми мусулмонон барои гумрох кардани мусулмон..........

Мешавад ҳар мударози хирқапуш,
Оҳ, аз ин савдогарони динфуруш.
Бо муридон рузу шаб андар сафар,
Аз заруриятҳои миллат бехабар.
Воизон, ҳам суфиён, мансабпараст,
Эьтибори миллати байзо шикаст.
Воизи мо чашм бар бутхона духт,
Муфтии дини Худо фатво фурухт.

Мирзо
хади акал аз паи ин "муллохо" намоз хондан шубханок аст, шоя
д чоиз хам набошад.

Махмад
"Ватан вайрона аз ёр аст ё агёр,ё харду,Мусибат аз мусалмонхост ё кофар,ё харду"-гуфтааст каламкаше.Пас аз тамошои ин "спектакл" дигар чизи мегуфтаги хам намонд,маддоххо хама масъалахоро талкин карданд...

салом алекум ..чида хами муллохои мо икадар дузабонаю лаганбардору дуругуян ???? бо хизматгори динан бо руи рост дуруг меган шайтони мекунан ..барои хаму 4 тангае ки ваъдашон додай кариб омадан ки ба номи Эмомали касам хуран !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)