Бахшҳо

Рақобат: Ойниҳол Бобоназарова VS Эмомалӣ Раҳмон?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Иттиҳоди нерӯҳои истоҳотхоҳи Тоҷикистон дар баробари нафаре, ки 21 сол зимоми қудратро дар даст дорад, номзадии як ҷинси латифро пешниҳод кард. Акнун Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, нахустин зане дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд, ки барои баландтарин мақом мубориза мекунад.


Тасмими Итиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ як навъ ғайримунтазира ҳам буд. Хелеҳо ҳадс мезаданд, ки номзади онҳо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ё Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ (ҲСДТ) мешавад. Аз нафарони дигаре ҳам назири иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров, журналист Абдуқаюми Қаюмзод ном бурда мешуд.

Муҳиддин Кабирӣ далели пешниҳоди номзадии хонум Бобоназароваро ба фишорҳо болои ҲНИТ ва паҳн намудани овозаҳо дар мавриди ин ки гӯиё Раҳматилло Зоиров «агенти Узбакистон» аст, рабт дод.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) тақрибан аз се моҳи пеш бо ташаббуси ҲНИТ, ҲСДТ ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ барои интихоботи президентӣ ташкил ёфта, номзади худро 10-уми сентябр эълон кард. Тасмими ИНИТ ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд. Ҷонибдорон ва мухолифони ин тасмим кам нестанд. Ҳатто бархе аз аъзои иттиҳод гуфтанд, номзадии хонум Бобоназароваро ҷонибдорӣ намекунанд. Мирҳусайн Назриев, раҳбари як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва узви Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ба “Озодагон” гуфт, дар пешбарии номзадии Бобоназарова фикри на ҳамаи ислоҳотхоҳон ба назар гирифта шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ин мавзӯъ ду рӯзи ахир хеле доғ шудааст. Агар гуруҳе аз ин тасмим пуштибонӣ кунанд, қисме ба он шадидан мухолифати худро нишон медиҳанд. Ҳарчанд Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки ба ӯ на ҳамчун зан, балки чун шахсият таваҷҷуҳ намоянд, аммо на ҳамаи онҳое, ки вориди баҳсҳо мешаванд, ин нуктаро ба инобат мегиранд. Онҳо бар инанд, ки ҳоло ҷомеаи Тоҷикистон омода нест, як занро ба унвони сарвари давлат қабул намояд.

Тоҷикистон дар арафи шашумин интихоботи президентӣ қарор дорад. Дар панҷ маъракаи сиёсии гузашта ҳеч хонуме вориди корзори интихоботӣ нашуд. Қабл аз интихоботи соли 2006 Ҳуриннисо Ғаффорзода, маъруф ба Мӯътабари Раштӣ, эълон дошт, ки тасмими ширкат дар сабқати президентиро дорад, аммо бо омилҳое барои мо норӯшан аз ин маърака дурӣ ҷуст. Масъалаи номзадии як зан ба мақоми президентиро журналистон дар гузашта чандин маврид баррасӣ кардаанд. Бархеҳо ҳатто рӯйхати бонувонеро, ки метавонанд курсии президентиро соҳибӣ кунанд, тартиб дода буданд. Ҳар нафаре, ки ба ин мавзӯъ дахл кард, аз Ойниҳол Бобоназарова ном бурдааст.

Дар ин радиф исми Озода Раҳмонова, духтари дуюми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Хайриниссо Юсуфӣ (Мавлонова), вакили Маҷлиси намояндагон, Руқия Қурбонова, муовини нахуствазири Тоҷикистон, Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Саодат Амиршоева, ягона генералзани тоҷик, Махфират Хидирова, вакили парлумон, Зарафо Раҳмонӣ, масъули ҲНИТ, Ҳуриннисо Ализода, муовини директори Китобхонаи миллӣ, Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси варзида ва Гулрухсори Сафӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон низ дар феҳрасти занҳои муваффақ ва номзади арзанда ба мақоми президентӣ ном бурда мешуд.

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, тамоми талошашро барои демократия, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар кишвар харҷ мекунад. Хонум Бобоназарова, ки раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” мебошад, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.

Аз ӯ ба унвони ҳуқуқдони маъруф, шахси боҷуръат, самимиву заминӣ ва ҳалолкор ном мебаранд. Сифатҳое, ки барои як президент хеле лозим аст.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 2013 баргузор мешавад. Ба ҷуз ИНИТ танҳо Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист эълон кардааст, ки муддаии курсии президентӣ мешавад. Аҳзоби дигар ҳам гуфтаанд, ки бо номзади худ вориди корзори интихоботӣ мешаванд ва номзадашон дар анҷуманҳо муайян мегардад. Аммо аз қабл маълум аст, ки номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Новобаста ба ин ки аҳзоби дигар киро номзад ба маснади президентӣ пешниҳод мекунанд, маълум аст, рақобати аслӣ танҳо миёни номзади ҲХДТ (Эмомалӣ Раҳмон) ва ИНИТ (Ойниҳол Бобоназарова) сурат мегирад. Нахустин зани муддаии курсии президентӣ метавонад бар нафаре, ки дар се интихоботи гузашта пирӯз эълон шудааст, ғолиб биёяд, саволест, ки ҷавобашро танҳо баъд аз 6-уми ноябр аз Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хоҳем шунид.
Мӯҳр
Солех
Чаноби Икс,
Чаноби икс хести ки хови. ХХДТ садхо лидер дорад. Мисли оппозитсия камбагалак нест. Лекин дилам ба ИНИТ месузад, ки одам наёфта як занаки бечораро номзад кардиян. Мо бисёр мехостем, ки дар бари Чаноби оли ягон номзади зур бошад, то ки мо нишон дихем ки кй хастем. Мо хазорону хазоре, садхо хазорем. Ба пеш ХХДТ!!!

ВАТАНДУСТ
рассуждение не состоявших политиков и не дальновидных людей, Зинда ва човид монд ЧАНОБИ ОЛИ Э.РАХМОН

Камол
Бар ман фарк надорад, ки ба сари кудрат меояд, асос он, ки хукукхои шахрвандони Точикистонро поймол накунад ва камбагал аст ё бой мувофики Конститутсия (Сарконун)-и Ч.Т. кор ва фаъолият кунад.

eee iltimos surati hamin modaratona az peshi janobi oli gireton.javonon kor kunand meguftan-javonaton haminmi?masxarabozho?

Дар вакте,ки Мухтарам Эщони Акбар аз номзади О.Бобоназарова кабул донистанд, мо хамфикри Мухтарам Эшони Акбар, будем ва хастем ва хохем монд. Ба пеш ОНИХОЛ БОБОНАЗАРОВА ягона умеди мо Шумо,ягона умеди Модарони мо хам шумо. Занчири зулмро Худо хохад мо ва Шумо хохем шикаст.

нурулло
бо умеди инки интихоботи камтар шаффофтареро ноил гардемЧахонгир,
тарафдори сухани Чахонгир хастам офарин бародар

Дехкон
Хонума Ойнихол Бобоназарова бояд роли Роза Отунбаеваро (Киргизистон)ичро кунад, яъне баъди ба макоми Раиси Чумхур интихоб шуданаш, мо ба ин бовари дорем, бояд сараввал мухлати президентиро аз хафт сол ду давра ба чор сол ду давра таъгир дихад. Порагириро дар хамаи макомотхои давлати бархам занад, Хукумати чадид ташкил карда, нафарони чавон ва болаёкатро ба курсихои вазири чалб намояд. Муносибатро бо Узбакистон аз сари нав гирифта,раводидро лагв намояд.
Пеш аз хама бояд ба мардум ОЗОДИро биёрад,яъне озодии баён,сухан,матбуот ва гайраву хоказо.
Ойнихол Бобоназарова бештари мардум ба Шумо раъй медиханд ,лекин Шумо боварии мардумро аз даст надихед.

олим
ин тасмим маънои онро дорад ки мухолифини хукумати феъли масхарабозоне беш нестанд. мала что ба сарашон фишор меоранд чи шуморо опозиция гуфта хукумат бояд сари шонааш боло -боло кунад.? бандед хизбхои худро ва калимаи пурмаънои кадимаи ОПОЗИЦИЯРО бадном накунед... умуман дар точикистон хеч чиз маънои касби надорад на ХУКУМАТ на ОПОЗИЦИЯ .рафтем хама ба мардикори бигузор ин чойро кучманчиёни авлоди чингиз ба чарогохи худ табдил диханду ором бузчарони кунанд. чупонон бо рутбаи полковнику генерал

саид........,
дар дини мубини Ислом сарвар, сардор, раис яъне дар болои сари мардон калон шудани зан ночоиз аст ..... аммо ин Ойниҳол Бобоназароваро донохои дини Ислом Кабирию гайра гайрахо пешниход кардаанд....

Насим
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)