Бахшҳо

Саволи Юсуф: “Чаро 1 дин дорему ба шиаву суннӣ тақсим шудаем?”

Дар пайи хабарҳои марбут ба Рӯзи Ошӯро хонандагони торнамои “Озодагон” даҳҳо шарҳу назари худро навишта, ба мо фиристодаанд. Аммо дар аксари ин шарҳҳо онҳо якдигарро ба шиагароиву салафигароӣ муттаҳам карда, дар ҳаққашон алфози қабеҳ низ гуфтаанд, ки торнамо ҳаққи нашри онҳоро надорад.

Дар ҳамин ҳол, як хонандаи мо бо номи Юсуф дар пайи андешаҳои Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар бораи Рӯзи Ошӯро шарҳе фиристодааст, ки саросар суол аст. Мо ҳам ин нуқтаи назари хонандаи худро нашр карда, Шуморо ба як баҳси созанда даъват мекунем, то ба ин “чаро?”-ҳои ӯ посух гуфта шавад. Лутфан, хонандаи азиз, аз навиштани ҳар гуна алфози қабеҳ ва таҳқири якдигар худдорӣ кунед!

“Ман дар ин рӯзҳо дар барномаҳои ТВ-и кишварҳои араб дидам, ки чӣ тавр издиҳом (толпа)-и даҳҳо ҳазор пиру барно бо байрақҳои сиёҳу сабз куҷое мешитофтанд. Вале ҳеч кадоми онҳо худро бо занҷирҳо зада, хуншор намекард. Фақат як дастро гоҳ ба сина, гоҳ ба сар мебурданду бо ҳамин тамом.

Суруд хонда мешуд. Ҳусейн, Ҳусейн мегуфтанд. Шояд ин анъанашон бошад, бигзор иҷро бикунанд. Вале ман то ба ҳол намефаҳмам, чаро мусулмонҳо худро уммати як паёмбар дониста, Қуръонро китоби муқаддас шумурда, худро ба шиа ва суннӣ тақсим карда, бо кӯчактарин баҳона гиребони ҳамдигар мегиранд? Яке дигарро сиёҳ мекунад, баъзан кор то ба муборизаи хунин ҳам мерасад.

Фикр мекунам, ин ҳама аз қафомондагии тараққиёт дар ин кишварҳо аст. Агар мусулмонҳо мисли амрикоиҳо, ҷопониҳо, аврупоиҳо шабу рӯз бо илму тадқиқот саргарм мешуданд, дар лаборатория ва пажуҳишгоҳҳои муосир дар ҷустуҷӯи ихтироот ва навоварӣ шабҳоро рӯз мекарданд, он вақт аз паси тақсимкуниҳои мазҳабӣ намешуданд. Ин ҳама аз бекорӣ ва беҳунарӣ аст. Дар муқоиса бо ТВ-ҳои давлатҳои исломӣ, ки бештар рақсу суруд, футбол ва қуръонхониро намоиш медиҳанд, ТВ-ҳои кишварҳои Аврупо барномаҳои ҷиддии илмӣ, техникаи нав, филмҳои таърихӣ, тадқиқоти коинот, намоишгоҳҳои Hi-Tech ва дигар барномаҳои ҷолибро роҳандозӣ мекунанд.

Ин қазияе аст, ҷиддӣ ва барои мулоҳиза. Мехостам, рӯҳоние дар ин сайт мақола нашр карда, тавзеҳ бидиҳад, ки чаро ин тавр аст?

Юсуф.”
Мӯҳр
Ба себзори бародар хеч мусулмон ба дарси исломии ту барин тафрикаандоз байни муминон ниез надорад ва ба фикри банда фарзанди мусулмон дар бораи дини ислом дониши кофи дорад Мухокимахо инчо алайхи ду мазхаб меравад ва бахои вокеиро аз хаети рузмараи чахони бояд дод на ин ки аз нигохи чоху чалол ва мансабталошии шахсоне ки бо гояпарастии нодурусти худ мардумро ба сангархо кашида бар пояи ин ду мазхаб нишастаю чони садхо ва хазорхо одамони бегунохро курбони вахшоният менаоянд Шумо Бародар аз Сурия бохабаред дар он чо ки хукумронии давлат дар дасти алавихои шиа карор дорад ва давлати дуняви аст ва дар он чанги ду сол боз идома дорад гуруххои мухолиф ки аксарият сунипарастан ( барои шумо ман алхамдулилох мусулмон ва аз мазхаби Имоми азам мебошам яне сунипарастам яне тахамулпазирам ва шахсан шуморо тахкир хам намекунам ба мисли шумо ман назари худро мегуям) як кумондони мучохид дили аскари катории давлатро канда хом о хом хурдааст ки ба тарики шабакахои чахони нишон доданд Максад чи аст максад пешгири аз исломгироихои радикали на бо рохе ки ту мехохи тарбия куни яне касе шиа шудаст ин кор вай корро кунад Агар дар хакикат исломшиноси вокеи боши мебахши аклакии зиедати накуну мусулмононро ба рохи рост тарбия кун хуб медони ки мумин бародаи мумин аст

шоди
Шиъа як мазхаби дини ислом аст дар мукобили мазхаби сунни. вакте пайгамбар чон доданд, чамоати исломи ба ду гурух таксим шуд Али бо ахли байташ саримаит нолону гирён буду Абубакуру Умар барои ба даст овардани хукумат мачлис оростанд ва худро халифа эълон карданд. хамн гуна ду мазхаб падид омад боки аз ин хама сафсатаву бофтаву сохта аст. шиъа яъне Пайравони хонадони ПАйгамбар.. Али Фотиама ва фарзандонашон. сунни яъне пайравони Абубакру Умару усмону Оишаву Муовию Язиду авлодонашон. хар кадомае барои исботи хакки худ хадисхо сохтану худро сахоба тарошиданд вагарна се руз маити Пайгамбари хешро гуру чуб накарданд то хукумат ба даст нагирифтанд. падари муовия абусуфён дар ивази хокимии шахри Шом ба писараш бо Абубакр байат кард вагрна намехост байати касеро. ин аввалин коррупция дар ислом буд . бовар накунед Таърихи Табариро бихонед.. ё лашкар кашидани зубайру талхаву Оишаро бар зидди Али ки нахустин хунрези миёни мусалмонон буд. 90 фоизи эрониён яъне ориёихои хамзабону хамхуни точикон шиъаанд вале 90 фоизи туркон суннианд. мардуми мо низ аксар дар замони махмуди газнавии ва салчукии турк бо зур сунни шуда буд. то онзамон шиъа буд . номи одамону махалхову мазорхоро дар мулки мо хисоб кунед номи адибону олимонро хисоб кунед 90 фоиз аз пайрави шиъа буданашон далолат мекунанд . Хофиз агар кадам зани дар рахи ХОНАДОН ба сидк , бадракаи рахат шавад химмати шахнаи начаф.......мутаасифона мо таърихи миллати худро намедонем ва такя бар китобхои душманони миллати худ мекунем ки нестии моро орзу доранд .хукумат имруз инро медонад ва лачоми мазхабгароёни мутаасиб ва чохилро сахт кашидааст...офаринаш бод...ин комёбии бузургтарини Чаноби Оли мебошад ки бо 84 фоизаз чониби халк такдир карда шуд. муллорхо боршанд хатто 5 фоиз дастхать чамъ капрда натавонистанд.. зеро дар дили халк замина надоранд. холо шуруъ кардед ба тафрика андозии мазхаби байни миллат то чамъияти оромро боз ба чанг кашед...

Мо чангу чангчол хеч гох иншоаллох намекунем лекин гуфтани хастем, ки дар борае, ки бузургони гузашта шиъа буданд хато мекуни...ва хеч гох мо яъне точикон дар гузашта шиъа набудем таърихро нагзтар хон.!
Ва мо гуфтанием, ки хазрати Абубакру Умар ва Усмону Оиша, Талхаву Зубайрро, ки аз чумлаи дах ёри бихиштианд, ки пайгомбар (сав) гуфта буд, холо шумо ва хамон шиъахо онхоро душмани хонадони пайгомбар (сав) медонед???
Хар як сухани пайгомбар (сав) муъчиза буд ва чандин корхоро пешгуи карда буд масалан хадисе аст, ки: "БАЪД АЗ МАН УМАТАМ БА ХАФТОДУ ЧАНД (аз хафтоду ду то хафтоду хафт) ГУРУХ ЧУДО МЕШАВАД, КИ ЯК ГУРУХАШ ДОХИЛИ ЧАННАТ МЕШАВАД" ва чандин хадис дар бораи Дачоли лаъин пешгуи карда буд ва дар бораи Салмони форс (р) хадис омадааст, ва инчунин хадисхои зиёде пайгомбар (сав) дар бораи эхё кунандагони суннаш гуфтааст ба фикрам медони пас савол ЧАРО ДАР БАЙНИ ЧАНДИН ХАЗОР ХАДИСИ ПОК АКАЛАН ЯК ХАДИСИ ЗАЪИФ ХАМ ДАР БОРАИ ШИЪА ВА Ё ХОНАДОНАШ БА ГУФТИ ШИЪАХО АХЛИ БАЙТ ВУЧУД НАДОРАД???
ШИЪАХО СУННИ НЕСТАНД ВА СУННИХОРО ХАМ БАД МЕБИНАНД ПАС САВОЛЕ БА МИЁН МЕОЯД, КИ ВАЙХО ДАР КАДОМ АСОС ХУДРО ДУСТДОРИ АХЛИ БАЙТ МЕДОНАНД, КИ ЁРОНЕРО КИ ПАЙГОМБАР (САВ) БАШОРАТИ БИХИШТ ДОДААСТ СУХАНОНЕ МЕГУЯНД, КИ ГУФТАНАШОН КУФР АСТ ЧАВОБ ДЕХ.?
Барои чи азони шиъахо дигар аст, ки дар ягон хадис наомадааст барои чи???
Ва шумо гуфтед ки вакте ки пайгомбар (са аз дунё гузашт Абубакру Умар барои сарварии худашон мачлис оростанд ва Алию Фотима мотам гирифтанд он кадар ба хакикат рост нест фаромуш накун ки аввал Худою баъд хамон Абубакр буд, ки гуфт "ЭЙ МАРДУМ АГАР ШУМО МУХАММАДРО С МЕПАРАСТИДЕД ХАР ОИНА МИСЛИ МО ОДАМ БУДУ АЗ ДУНЁ ГУЗАШТ ВА Ё АГАР ХУДОИ МУХАММАДРО МЕПАРАСТЕД ХАР ОИНА У ЗИНДАВУ БОКИСТ" ва сабаби пеш бурдани ислом баъди пайгомбар с хамин хазрати Абубакри сиддик (р) буд.....
(бародар фаромуш накун, ки мо бахси илми бо далелхо катъи карда истодаем бисёр илтичо мекардам ки бахсамон бе кина бошад)

савоб
Бахси илми мегуи??? дар бораи шиъа дар хадис чизе нест мегуи?? магар дар хадисхои сунни чизе дар бораи шиа меояд ? охир шиъа як нуктаи ин хадисхои суниро эътироф намекунад. он чи ман гуфтам аз Таърихи Табари аст ки нахондаи. китоби илмии акедеми ки уламои илми гарбу шарк онро эътироф кардааст. на хадисе мавхуме ки кадом муллочок онробофтааст ва хеч пояе надорад. аз руи инсоф бигу Али бо МухХаммад наздиктар буд ё дигарон? агар дигаре наздиктар мебуд ягона нури дидааш Фотимаро ба он дигари медод на ба Али. Дар Мадина киро ансори худ интихоб кард. Чаро баъди маргаш асхобаш ба гуру чубаш нашитофтанд? Охир Али аз ахли байти уст. сирру асрору розаи хар касро ьахли хонадонаш медонад бештар аз бегона. магар дар намози амон ба ахли байташ салавот намефиристкм? ё ба муовию язид? олимону адибони таърихиятро хисоб кун кихоро мебини?. дар гахвора китоби киро мегузоштанд.?мазорхои кишварро сайр кун бипурс кадамчои кистанд?
аксар ба зури табари турку мугул шайбониву карахониву салчукиву мангит аз мазхаби бобохо гаштем. Хайкалхои мамлакат аз кианд? факат чашмро калонтар кушодан даркору бас....

савоб,
ГУШ КУН БАРОДАР МУСАНИФИ МУШКОТУЛ МАСОБИХ, САХЕХ БУХОРИ, САХЕХ МУСЛИМ ВА ДИГАРХО БАРОИ ТУ ЧИ МУЛОЧОКАНД ТУ МЕДОНИ, КИ ЧИ ГУФТАИСТОДАИ ЧИ МАГАР ПАЙГОМБАР (САВ) БАРОИ СУННИХО ХАДИС ГУФТААСТУ БАРОИ ШИЪАХО ДИГАР ХЕЛ.? ВА ОН ХАДИСХОРО ХАМ ЯГОН МУЛОЧОК НАБОФТААСТ ВАЙХОРО ПАЙГОМБАР (САВ) ГУФТААСТУ ДИГАР УЛАМО ОНХОРО НАВИШТААНД.
ТУ АГАР ОН КАДАР ТАРАФДОРИ ШИЪА ХАСТИ БА САВОЛХОИ МАН АЗ ХАДИСХОИ ШИЪАГИ ВА АЗ НОМИ ПАЙГОМБАР (САВ) НЕ ХАТТО АЗ НОМИ ЯГОН САХОБА ГУЙ МАН БОВАР МЕКУНАМ, КИ ДАР КУЧО ОМАДААСТ "АШХАДУ АННА АЛИЮН ВАЛИЮЛЛОХ" ДАР АЗОНХОИ ШИЪАХО???
МАН АЗ РУИ ИНСОФ ЧАВОБ МЕДИХАМ КИ АЛИ ПИСАРИ АМАКИ ПАЙГОМБАР БУД ВА БАРОИ ПАЙГОМБАР АЗ ХАММАИ САХОБАХОИ ПОКЕ КИ ДОШТ АБУБАКР НАЗДИКТАР БУД ВА АГАР ТУ БА МЕЪРОЧИ ПАЙГОМБАР САВ БОВАРИИ КОМИЛ ДОШТА БОШИ ВАКТЕ КИ ПАЙГОМБАР БА ДАРГОХИ РАББУЛ ЪИЗЗАТ РАСИД ХУДОВАНД ФАРИШТАЕ ОФАРИД БО ОВОЗИ АБУБАКРИ СИДДИК НА БА ОВОЗИ АЛИ ВА ДАР БОРАИ ХАЗРАТИ ФОТИМАИ ЗАХРО РАЗИЯЛЛОХУ ЪАНХО АСЛАН ОДАТИ АРАБХО ИН БУД, КИ ДУХТАРРО ФАКАТ БА ХЕШОВАНДОН МЕДОДАНД НА БА БЕГОНА ВА САБАБИ ПАЙГОМБАР (САВ) ДУХТАРАШРО БА ХАЗРАТИ АЛИ ДОДАН ИН ХЕЛ БУД, КИ ГУФТ ПАЙГОМБАР КАСЕ, КИ КУРОНРО ТЕЗ ХАТМ КУНАД ХАЗРАТИ АЛИ СЕ БОР СУРАИ ИХЛОСРО ХОНД ПВЙГОМБАР (САВ) ДУХТАРАШРО ДАР НИКОХИ АЛИ (Р) ДАРОВАРД.....
БАРОДАРИ АЗИЗ РОХИ ДУРУСТРО ЁФТАН ХУБ АСТ ЛЕКИН ДАР ДОХИЛИ ШИЪА ЗИЁДА АЗ ЯКСАДУ БИСТ ШОХАИ ШИЪАГИСТ КИ ЯК ХАЁТ ЯКДИГАРРО КОФИР МЕНОМАНД ИХТИЛОФОТ ДОРАНД ИН АЗ ОН ШАХОДАТ МЕДИХАД КИ ВАЙХО ДАР ХАМОН ШОХААШОН УСТУВОР НЕСТАНД ВА ФАРОМУШ НАКУН КИ СОХИБИ СИРРИ ПАЙГОМБАР АЛИ НАБУД.

Барои ашхоси ахли донишу маърифат дакик маълум аст, ки душманони дини мукаддаси Ислом хама вакт миллардхо долларро масраф менамоянд, то ки ба Ислом хаматарафа садама бизананд ва пайравони вайро пеши чахониён бадном созанд. Ба хамин максад садхо хизбхову чараёнхои ба истелох "исломиро" дар мамолики мухталиф, аллалхусус дар манотики мусулмоннишин ташкил намуда, онхоро барои бадном кардани рахбарону олимони Ислом истифода менамоянд. Хар касе, ки агар ба онхо мукобилият нишон медихад, онхоро чисман нобуд месозанд. Чунин чараёнхои иртичоии "исломиро" дастгоххои чосусии мамолики гарб, аксари вакт хам созмон медиханду хам маблаггузори мекунанд ва онхоро ба таври ошкоро мусаллах намуда, бар зидди мамолике, ки сиёсати давлатхои абаркудрати гарбро пуштибони намекунанд, истифода менамоянд. Тачрибаи талхи Афгонистон, Ирок, Чеченистон, Судон, Йаман, Ливия, Тунис, Сирия ва гайра ин токтики зидди исломии мамолики гарбро ба таври возеъ ифшоъ намуд. Вале хазорон афсус, ки мардуми мусульмони дуньё аз ин тачрибаи талхи ин мамолик дарси ибратро на омузиданду доранд масульмононро ба акшору ахзобу чараёнхои мухталиф таксим мекунанд..... ва хамдигарро террор хам менамоянд. Дар ин амалётхои хунин ашхоси зиёди бегунох нобуд мешаванд. Ин хаводиси нанговар тамоми чахониёнро дар хайрату вахшат меандозад ва руз то руз нафрати онхоро мазид месозад.

Оразшох Пояндашоев,
Аҳсан, оқойи Оразшоҳ, агар ин ба ростӣ худатон бошед, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ зоҳир кардед. Ончи Шумо изҳори ақида кардед, дуруст, вале як тарафи мушкилии мусулмонон аст. Мушкилии дигар дар он аст, ки мусулмонон аз паси илму донишандӯзӣ чандон намегарданд. Ба ин чӣ сабаб аст? Кӣ ё чӣ халал мерасонад? Мусаллам аст, ки вақте як шахс ё, бадбахтона, як ҷомеъа, бесавод аст, бозичаи дасти ҳар кас мегардад. Ҳамин тавр не? (мисли Тоҷикистони мо !) Шумо шахси ҷаҳондидаед. Ба ин чӣ мегӯед? Чаро мусулмонон ба худ бесаводиро раво мебинанд? Ман донишу саводи дунявиро дар назар дорам. Мо ҳанӯз ҳам худро дар даврони 1400 пеш тасаввур карда, бо ҳамин хаёлот зиндагӣ мекунем. Оё имконе ҳаст, ки ба ин вазъият тағйир дода шавад. Албатта ки ба ин саволҳои матраҳ ашхоси дилхоҳ метавонад ҷавоби хешро пешниҳод кунад. Вале банда муштоқи ҷавоби ишонам. Саломат бошед.

Rustam Rustamov,
бародар мегуед ки дар сурахои Пайгобар (с) дар бораи шиъахо хеч чи навистаги нест охир ислом бад аз Пайгомбари Худо ба шиъаву сунни чудо шуда, бобову бобокалонхои мо хама шиъа буданд, Рудакиро барои мазхаби Шиъа буданаш мангитиён чашмонашона кур карда будаанд, ина шумо барин одамора мангитихо бо табару лачом зада аз мазабатон кардонданд, бад аз ин Хазрати Али (а) наздиктарин одам буд барои Хазрати Мухаммад (с), Хазрати Мухаммад (с) гуфтааст: " Ман шахри илмам, Али дарвозаи он"

Мансур
БАРОДАР МАН МЕДОНАМ, КИ ШИЪА БАЪД ПАЙДО ШУД ВА МЕДОНАМ, КИ ХАЗРАТИ АЛИ (Р) КОНИ ИЛМ БУД ВА МАН ХАМ МЕДОНАМ, КИ ХАЗРАТИ АЛИ (Р) ЯКЕ АЗ ЧУМЛАИ ЧАХОР ЁРИ БОСАФОСТ ВА АЗ ЧУМЛАИ АШАРАИ МУБОШАРА АСТ ЛЕКИН ГАП ДАР ДИГАР ЧИЗАСТ, КИ ДАР КАДОМ ХАДИС ОМАДААСТ, КИ ПАЙРАВИ КУНЕД ХОНАДОНИ МАРО ВА Ё АЛИ (Р)-РО.??? АГАР МАН ХУДАМ ЧАВОБ ГУЯМ ДАР ЯГОН ХАДИС.
МАН МУМКИН ТАРЧУМАИ ХОЛИ РУДАКИРО НА ОНКАДАР ХУБ ДОНАМ ЛЕКИН МАН МЕДОНАМ, КИ ЧИ СУХАНХОЕ ШИЪАХО МЕГУЯНД ИСНОД НАДОРАНД ВА ОН ХАДИСХОИ ПОКРО АФСУС, КИ ХАТО ТАХЛИЛ МЕКУНАНД ВА ДАР ОЛАМИ ИСЛОМ САХЕХТАРИН КИТОБ БАЪДИ КУРОНИ МАЧИД КИТОБИ САХЕХ БУХОРИСТ, КИ ТАМОМИ ХАДИСХО САХЕХАНД ШИЪАХО ИН КИТОБРО КАБУЛ НАМЕКУНАНД САБАБ ЧИСТ МАН Ё ИН, КИ МО НАМЕДОНЕМ. МАН ФИКР МЕКУНАМ ШИЪАХО БАРОИ ОН ИН КИТОБРО КАБУЛ НАМЕКУНАНД, КИ ДАР БОРАИ АЛИ (Р) ХАСАНУ ХУСЕЙН (Р) НАБЕРАХОИ ПОКИ ПАЙГОМБАР (С-А-В) ХАЗРАТИ ФОТИМАИ ЗАХРО (Р) ВА ИМОМИ ЗАМОН ЯГОН ЧИЗЕ, КИ МУВОФИКИ ТАБЪИ ШИЪАХО БОШАД НЕСТ БАРОИ ХАМИН ИН КИТОБРО КАБУЛ НАМЕКУНАНД ВА САВОЛ:
"АШХАДУ АННА АЛИЮН ВАЛИЮЛЛОХ" АЗ КУЧО ПАЙДО ШУД...

БАРОДАР АГАР ШИЪА ШУДА БОШЕД ИН ИНТИХОБИ ШУМОСТ ЛЕКИН МАН ХАМИН КАДАР МЕХОСТАМ, КИ ДАР БОРАИ АФЪОЛИ ШИЪАХО ДАЛЕЛ БИЁРЕД, КИ АСЛАН ШОХАИ ШИЪА ИСНОД НАДОРАД ШУМО ХАРАКАТ МЕКУНЕД, КИ ШИЪАРО БЕ ДАЛЕЛ БАЛАНДТАР БАРДОРЕД ДАВЛАТХОИ НАСРОНИ ДАР ИЛМ ЧУНОН ПЕШ РАФТААНД, КИ БАРОИ ТАМОМИ МАХЛУКОТ КОРИ САВОБ КАРДА ИСТОДААНД ВА МО БОШЕМ ДАР ИХТИЛОФИ ОНЕ ХАСТЕМ, КИ МАЗХАБИ МО ДУРУСТ АСТ ВА Ё ШОХАИ МО.
БОВАР КУНЕД ХАНАФИ МАЗХАБХО ЧАНДОНЕ, КИ ХОНАДОНИ ПАЙГОМБАР (С)-РО ДУСТ МЕДОРАНД ШИЪАХО ДАР МУРДААШОН ДУСТ НАМЕДОРАНД ХЕЧ ГОХ ФАРОМУШ НАКУН..!!!

парвиз
Дар ислом На шиа хасту на сунни ,хак асту ботил .Аз расули акрам ривоят аст,:Ё Али касе ки бо ту дусти мекунад аз барои ман ва касе ки ба ту душмани кунадам аз барои ман .Хадиси сакалайн:Баъди маргам ба шумоён ду чизи гаронбахо мерос мегузорам, касе ки аз инхо истифода бурд дар рохи рост аст; 1 КУРЪОН ва 2АХЛИ БАЙТАМ (хонадонам).

сами
салом барои бародарони ахли суннат ва чамоат шуморо оллох аз мехри ъудаш ва бехтарин паёмбари охир замон мехру мухаббати шуморо дур накунад .

садик
Озодагон корут дуруст нест. !!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)