Бахшҳо

Игор Сатторов аз “Талко” ба Вазорати умури хориҷӣ меояд

Игор Сатторов, сардори Идораи таҳлил ва иттилооти ширкати “Талко”, аз ҳафтаи оянда ба ҳайси сухангӯи вазири умури хориҷии Тоҷикистон корро оғоз хоҳад кард. Як манбаи “Озодагон” дар ин бора иттилоъ дода ва гуфт, қарор аст, муаррифии Сатторов оғози ҳафтаи оянда сурат бигирад.

Игор Сатторов дар гузашта, аз соли 1995 то 2007, низ ба ҳайси сухангӯ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Вай соли 2007 мушовири сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин шуда, баъдан барои кор ба ширкати “Талко” омад. Оқои Сатторов 53 сол дошта, факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1994 ба корҳои дипломатӣ машғул аст.

Дар ҳоли ҳозир Абдулфайз Атоев сухангӯи Вазорати умури хориҷист. Вай моҳи апрели соли ҷорӣ ба ин мақом таъин шуда, Давлат Назриро иваз карда буд. Оқои Атоев то соли 1993 бештар ба фаъолиятҳои хабарнигорӣ машғул буда, баъд аз он ба фаъолиятҳои дипломатӣ пардохтааст. Дар ин муддат ба ҳайси дипломат дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрон ва Афғонистон ва ҳамчун консул дар Қундуз ифои вазифа намудааст.


Акс аз саҳифаи Фейсбуки Игор Сатторов
Мӯҳр
Jon
Salom Mardumi Sharifi Tojikiston.

Megum ki vazirii nav ba monandii khudash kormand dar vazorat tain kardanii hast. Obu havo sanj. In shakhs Josus hast ba mo chi dar kor josus? Pesh az one ki yak kasrooo ba yagonjo tain mekuned boyad doned ki vay arzandaa hasat yoinkii neee. Voy barholii vazoratii korhoii khoriijii tojikiston. Badii zarifii ba bozorii korvon barobar meshavad vazorat.. khair dida isted baad hamash malum meshavad..

Игор Сатторов як бор Вазорати Корхои Хоричиро тарк карда буд. Вазири нави вазорати номбурда бо кадом максад уро фарёд карда бошад? Магар дар Точикистон аз Игор бехтар одам ёфт намешавад? Ин маълум, ки Зарифи касеро аз кор хорич карда буд, акнун вазири нав баркасд онхоро фарёд мекунад...... Структураи ба кор гирифтани коргар ба вазоратхо дар Точикистон хеч вакт тагйир намеёбад....

аз ВКХ
Саидмахмуд,
Чи даркор аст гапхои дуругу беасос? Ба забони руси танхо муколама бо кишвархои ИДМ меравад, бо бокимонда ё англиси ва ё точики, бештар бо точики. Мумкин дар вакти будани ин Игор ба забони руси буд муколама, аммо хамакнун вазъ дигар аст.

Ба Саидмахмуд гуфтаниам, овозахо буданд, ки Игор вакте, ки дар сафорати Точикистон дар Олмон кор карданаш кушиш карда буд гражданстваи Олмонро гираду истад, аммо мардуми олмони раъд карданд. Инро бисёрехо дар Душанбе медонанд. Маълум, ки Аслов лагандбардоронро бештар дастгири мекунад. Хеч ачабе нест, ки дар муддати кутох уро сафири ягон давлат таин кунад.... Ин хатогии калон мешавад.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)