Бахшҳо
23 дек 2013 12:57Тоҷикистон / Сиёсат

Radiosawa: Зарифӣ аз қазияи мошинҳо огоҳ буд ва... ба Берлин нарафт

Пулиси Олмон хабари ошкор шудани 200 мошини дуздидашудаи истеҳсоли ин кишвар дар Тоҷикистонро таъйид кардааст. Бино ба иттилои расонаҳои олмонӣ, гӯиё аксари ин мошинҳо дар дасти афроди наздик ба оилаи раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.

Тибқи иттилои нашрияи олмонии “Handelsblatt”, мақомоти пулиси Олмон гуфтааст, навиштаҳои нашрияи “Bild” дар мавриди соҳибӣ шудани мошинҳои дуздидашудаи навъи "БМВ" аз сӯи хонавода ва афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳақиқат дорад.

Аз сӯи дигар, радиои арабзабони “Sawa” такя ба матни “Bild” гузориш додааст, ки мақомоти Олмон қазияи ошкор шудани мошинҳои дуздидашудаи ин кишвар дар Тоҷикистонро ҳанӯз моҳҳои майи соли ҷорӣ бардошта буданд. Ба иттилои “Radiosawa”, ба Вазорати адлияи Олмон рӯзи 23 майи соли ҷорӣ расман тариқи нома муроҷиат шуда, дар он оварда шудааст, ки аксари ин мошинҳо дар дасти ашхоси наздик аз нигоҳи масоили иқтисодию оилавӣ ба Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ин шабакаи радиошунавоӣ гуфтааст, “қарор буд, вазири умури хориҷии Тоҷикистон (Ҳамроҳхон Зарифӣ) моҳи октябри соли ҷорӣ дар доираи як сафари расмӣ вориди Олмон шавад. Вале чун фаҳмид, ки мақомоти кишвари мизбон ҳатман масъалаи мошинҳоро ба миён мегузорад, ин сафарро лағв кард.”

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик ин иттилоъро муғризона номида, мегӯянд, даъвои мақомоти Олмон асосе надорад. Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфта буд, “кас намедонад, чӣ тавр аз Олмон 200 сабукрав дуздида шуда ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Дар ҳоле ки аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо на мошин, ҳатто сӯзанро дуздидан ғайриимкон аст.”

Рӯзномаи олмонии “Bild” рӯзи 19 декабр бо интишори матлабе гуфт, ҳудуди 200 мошини дуздидашуда дар Олмон дар ихтиёри дӯстон ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ба иттилои ин нашрия, аз ин миён 93 адад сабукрав тамғаи BMW будаанд. То ин замон сафири Тоҷикистон дар Олмон, Вазорати умури хориҷӣ ва хадамоти гумруки кишвар воқеият будани ин хабарро рад карданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
э чура, о хами сиёсати хирадмондонаи гуфтагит, расман сиёсати дархои боз ном дорад. дар дари боз хама чиз медарояд ва хама чиз аз он берун мешавад. сиёсати дари боз бояд, ки нозир дошта бошад, аммо афсус...

Хамаи сайтхоро набандам нашуд. шумо безор кардед мара

Бег 6
Кахрамро наоред, ки хозир бо 1 тир чархи 200 БМВ-ро шикоф мекунам!

davron
пула ки сарф кунаду халки бечора садхо миллион пула аз бучет дода халос кунад??? вой ба холат халки точик!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)