Бахшҳо

Маҳмадов дар бораи ... бозгардондани Самарқанду Бухоро

Масъалаи бозгардондани Самарқанду Бухоро, аз шаҳрҳои қадимии тоҷикон, ки ҳоло дар қаламрав ё ҳудуди Узбакистон воқеъ аст, дар мизи гирде дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Абдураҳмон Маҳмадов, корманди Дастгоҳи иҷроияи президент, ки рӯзи 10 январ дар мавзӯи “Ватан ва ифтихори ватандорӣ” суҳбат мекард, ба ин мавзӯъ дахл намуд.

Оқои Маҳмадов гуфтааст, “дар оғози садаи 20 бо аз даст рафтани Самарқанду Бухоро ва қатлу бадарғаи афроди донишманд ва соҳиби хатту саводи миллати тоҷик руҳияи мо воқеан шикаста шуд. Аммо имрӯз агар мо бигӯем, ки рӯҳи мо шикастааст ва то Самарқанду Бухороро ба мо надиҳанд рӯҳияи худро барқарор сохта наметавонем, ин хато аст. Руҳияи мо аз нав бояд эҳё шавад, мардумро аз нав тарбия кунем.

Ин корманди Дастгоҳи иҷроияи президент афзудааст, “ин нукта собит аст, ки баъд аз сари мо фарзандонамон низ ормони Самарқанду Бухороро дар дил хоҳанд дошт. Вале руҳия ва ғурури миллиро аз сари нав тарбият кард ва ҷасоратро ба мардум баргардонд. Зеро миллати тарсу ба ҳеч коре муваффақ намегардад.” Ба таъкиди профессор Абдураҳмон Маҳмадов, “шикастани рӯҳияи як миллат саҳл, вале барқарор кардани он мушкил аст.” Вай дар идомаи сӯҳбат гуфта, ки насли Шӯравӣ то ҳол арзишҳои он давронро муқаддас меҳисобад, то ҷое ки ватандорӣ ва ифтихори миллиро аз он зовия мебинанд. “Аммо дар бештар аз 20 соли истиқлолият, арзишҳои муқаддастаре падид омадаанд, ки бояд инҳоро қадр кард”,-таъкид доштааст ӯ.

Силсилаи мизҳои мудаввар таҳти унвони “Ватан ва ифтихори ватандорӣ” дар як моҳ як бор баргузор мешавад. Дар ин мизои мудаввар масъулон, доишмандон ва донишҷӯён иштирок ва бо ҳам суолу ҷавоб мекунанд.

Мӯҳр
Дар мардуми мо як одат шудааст, хар шахси мансабдор хох рост гуяд, хох хато хатман онро бояд махкум кард, паст ва гапхои кабех бояд гуфт. Шахсан иштирокчиени фаъоли интернети гапхои олимону донишмандонро носанчида зуд хамла мекунанд. Аввал бояд тахлил кард ки ин шахс чи мегуяд, дар кадом масъала сухбат мекунад ва барои чи махз хамин масъаларо нохун зад.. Баъзе беаклхо бошанд аз мафкураи пасташона мехоханд ки дар хамачо факат масъалаи мухочиратро бояд бардош, хох масъалаи экология бошад хох масъалаи дин бошад, танхо ва танхо масъалаи мухочират охир хар чиз чову вакти соати худашро дорад. Дуюм то чое ки ман шахсан Махмадовро мешиносам у як философ ва сиесатшиноси машхур аст, далели гуфтахо чандин китобхои ба нашр расидаи у мебошад, иловатан мансабе ки дорад чун ба ном Дастгохи ичроя аммо агар яке аз шуморо дар хамон мансаб гузоранд гумон дорам ки шумо кабул кунед он мансабро. Махмадов А. собик ректори донишкадаи Варзиш ва декани Фалсафаи Донишгохи Милли яке аз камтарин шахсонест ки ба лаганбардории хукумат машгул нест, ва у аз руи инсоф содикона ба ин халку миллат хизмат мекунад. Кур шавад хаминхел ношукрхои бадхохони миллат ки инхел олимора паст мезананд(((

э аввал хами мардуми Точикистона талаботхояшонро конеъ кунед, шароити мардумро хуб кунед, ахволи зиндагии халкро бехтар гардонед баъд ба фикри Самарканду Бухоро шавед охир.

Dev
Umuman tojike,ki fikri Samarkandu Buhoro dar sar nadorad, u har ast ! Tojike,ki bajraki davlatashro ba porae latta barobar mekunad u majmun ast!

Ин мардакам ориеи будай. Яке яке мо ба хамон тарафи шахрхои кадимтарин ва машхуртарини Самарканду Бухоро мерем. Лекин дар он чо дуруг, касам, гапи сап сата, хакорату бетартиби хеле камай. Камтаре дигари токат куне, Махмадов, Точиконе ки дар вакташ барои ободкунии ин тарафхо омада будан,яъне аз заминхои Мовароуннахр, дигар ба микроскоп намеевен. Афсус, ин хакикат хаст.

А бача, ира хонаш свет дора чи, э мардак, ба халка кай барк мешава. хами Душанбе басайтон, то учара мери ки асри 27 меша.

Мухтарам чаноби профессор Махмадов, оё бо фалсафаи суфиёнаи "шукргузори", ки хама руза тавассути ВАО-и расми садо медихад, ҷасоратро ба мардум баргардонида мешавад?

Салом Озодагон!
Бародарон, ин чо оқои Махмадов Самарқанду Бухороро ба худ бармегардонем нагуфтаанд, прафессор гуфтанианд, ки аз даст рафтани Самарқанду Бухоро ва кулфатхои ба сари зиëиëни точик омада , мардумро рухафтода кард ва бидуни ин шахрхо иддаои барқарор сохта натавонистани рухияи мардум, хато .
Чи гуна мардумро тарбия мекарда бошанд? Мумкин бо воситаи сохтани ГЭС-и Роғун ба мардум рухияи нав эхë кунанд. Ба хар хол то интихоботи дигар , хар чи барои миллат мекунанд, фоиданок бошад! Комгору мувоффақ бошанд!

Худи мардуми Самарканду Бухоро чи акида дорпд дар ин масъала? Намедонед. Ахволи зисти худ бех кун, баъд фикри берун.

Чанобони пучу холи охир хамин Точикистона хору зор кардед дар назди башарият кадри точикаву Точикистона ба хоки сиех боробар кардед. Дар Точикистона ягон гушаю корхонаю макони обод намонд Хабаровск мысли хашарот талаву тороч кардед, боз ин хавои дахану бехуда сафсата доред???

Профессор, хам нагуфтааст, ки биёед Самарканду Бухороро гирем. Шумо гапро дигар су мебаред, чизеро мефахмед, ки дар сари худатон аст на дар матни Озодагон. Ачиб мардумед. Профессор мегуяд мо бояд аз нав рухияи миллиро тарбият кунем.

Ин суханони хангомаомез (сенсация) ба он баромади профессор А. Махмадов кам иртибот дорад. Малохаташро рабудед, мухтарам журналистони Озодагон.

Сенсация хам ба эбаш, Шумо он чо будед, росташро гуед, ки дар Суханони А. Махмадов ягон чизе буд, ки Самарканду Бухороро бояд гирем. Аз Худо битарсед ва сухани дуруст бигуед (Куръон). Албатта дар байни мардум ин сухан чун армон аст, дар шеъри Бозор низ армон аст, дар сухани Жириновский чангандозист, ки аз он эхтиёт бояд кард. Умед дорем ки чоп мекунаед, чун дам аз Озодаги мезанед.

Баъзе аз рузноманигорони мо рушди миллатро намехоханд. Устод Махмадов дар мизи гирд хеч гох ба масъалаи баргардонидани Самарканду Бухоро харфе назада буд. Махз чунин изофанависи ва игвоангезии рузноманигрони мо сари мардумро гаранг мекунанд. Наход, ки мо масъалахои миллиро аз профессор Махмадов дида хубтар донем. У донишманде аст, ки кариб тамоми фаъолияти илмии худро ба тахкики масоили милли бахшидааст. Чи илоч мардуми мо миллат ва хуввияти милли, ватан ва ифтихори ватандориро чунин мефахманд. Гузашта аз ин, устод Махмадов сиёсатшиноси шинохтаест, ки чунин галати сиёсиро хеч гох намекунад. Нафароне ки нисбат ба устод харфи бадеро раво мебинанд. Шунидан кай бувад монанди дидан. Агар ин мубохисони гоибонаи мо дар ин мизи мудаввар ширкат медоштанд, баъд мефахмиданд, ки ки хак асту ки рост.

naxod ki dar sari kompyuteru menavistagiho hama uzbaku uzbaktabor boshand? az in komentariho bui tojiki nameoyad.

koshke ki hama tojik ba misle shumo mahmadov meshudand.

,Чаноби Махмадов! Агар камтар хиси милли медоштед як бор аз Хочаи Ало ва Ворух дидан мекардеду бад ба Самарканду Бухоро мечаспидед

Мегуед миллати тарсу хечкор карда наметавонад аммо чаро худатон миллатро метарсонед дар холе ки 20 соли чанг гузашт хануз мардумро аз чанг метарсонед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)