Бахшҳо

Гиряҳои Бозор Собир ва таассуфи ӯ дар Шабакаи аввал

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон дар барномаи навбатии “Президенти мардумӣ” наворҳоеро дар бораи Бозор Собир, шоири тоҷик, намоиш дод, ки ҳадди ақалл даҳ соли қабл сабт шуда, то ин вақт аз пахши он худдорӣ мешуд.

Дар яке аз ин наворҳо Бозор Собир ҳангоми хондани таронаи “Аз хоки Ватан дар дили ман гӯри падар монд...” сахт гиря мекард ва ин навор тақрибан даҳ соли пеш сабт шудааст. Ин навори видеоиро чаҳор соли пеш телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон дар 72-солагии Бозор Собир, замоне ки телевизионҳои давлатӣ аз гирифтани номи ӯ худдорӣ мекарданд, намоиш дода буд.

Дар барномаи “Президенти мардумӣ” ба ҷуз истифодаи наворҳо аз бойгонӣ, худи Бозор Собир низ ҳузур дошт, ки бештар пурсишу посухҳо атрофи эҷодиёти кӯҳнаву тоза ва сафару бозгашти ӯ ба Ватан, аз ҷумла иштибоҳҳои кардааш буданд. Худи шоир аз он дар таассуф буд, ки дар гузашта бо сабаби поин будани сатҳи фаҳмиши сиёсияш даст ба эҷоди бархе аз шеърҳо задааст, ки қобили қабул нестанд. Ҳарчанд ӯ дақиқан нагуфт, кадом шеъраш иштибоҳан эҷод шудааст, вале изҳор дошт, ки агар дар гузашта, чунин фаҳмиши сиёсӣ ба мисли имрӯз медошт, ҳаргиз чунин шеърҳо наменавишт: “Мо он вақтҳо хеле саводи сиёсии мухтасар доштем, ҳоло низ аксари мардуми тоҷик, аз ҷумла нависандагону олимони тоҷик саводи сиёсии кам доранд.”

Муаллифони “Президенти мардумӣ” як қисмати барномаи худро дар бораи Темур Собиров, бародари Бозор Собир низ бахшида, чанд бор акси модари ӯро низ намоиш доданд. Дар ин қисмат, Бибикалон Собирова, хоҳари шоири тоҷик дар бораи меҳри бародарии аз ҳад зиёди Бозор Собир ва обод шудани қабристони деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод аз сӯи ӯ сухан мекард. Инчунин, дар барномаи мазкур қиссаҳо дар бораи зодгоҳи шоир - деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод шуда, аз ӯ дар бораи вуҷуди созмону ҳаракатҳои дорои аҳдофи ғаразнок дарТоҷикистон саволҳо мешуд. Бозор Собир аз он ибрози нигаронӣ дошт, ки ҳоло дар Тоҷикистон, бахусус Душанбе беш аз 1000 созмони хориҷии иртиҷоӣ фаъолият дорад, ки ба гумроҳ кардани ҷавонони тоҷик машғуланд.

Саидқул Билолов, ҳунарманди тоҷик низ, ки яке аз иштирокдорони барномаи “Президенти мардумӣ” буд, ба тавсифу мадҳи шоири бозгаштаи тоҷик ба Ватан пардохта, мегуфт, ин 20 соли ғурбат шоир Бозор Собирро шоиртар кардааст: “Аслан ин устоди мо чи тавре дар равияҳои аҳли тасаввуф мегӯянд, дар узлат буд, касе ёфт намешуд шеърҳои ӯро хонад...” Дар лаҳзаҳои охири барнома навори видеоии ҳангоми бозгашти шоир ба Ватан намоиш дода мешуд, ки Бозор Собир дар ин қисмат аз тамоми зиёиёну соҳибони ақлу хирад даъват мекард, то дар канори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гирд оянд: “Аз муаллим то академик дар паҳлуи президент буданаш беҳтар аст, чун мегӯянд, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад!”

Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст. Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.

Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
Бехтарин шеърро дар васфи Миллат, Ватан, Точикият Бозор Собир гуфтааст. Агар гуноху савобашро дар тарозу баркашанд, мизони савоб бештар аст. Зихи Бозор Собир!

Аклхо мар аклро ёри диханд...Акли иддае аз харсаворон то он дарача рушд накардааст, ки ба кадри мардони бузург хамчун Бозори Собир расад. Онхое ки ба самти Устод Бозор Собир санг меандозанд "точик"-и хоназоданд ё точикони чавони максималист (хаддиаксарталаб - баднафс), нигилист (мункири хама чиз - пучгаро)-янд, ки аз бинияшон фаротар чизеро намебинанд. Хар ки хар чиз гуяд кур-курона думболаш равонанд, хар чиз хар чо уфтода онанд. Акл шариф аст ба хар кас намерасад, Пари товус бузург аст ба каргас намерасад - фармудаанд гузаштагонамон.

ашур
хайфо ки лоику кутби даргузаштанд ашур сафар даргузашт.инхо мебудандба бозор руз намедоданд.холо бошад шоири хакгу намонд албатта бозор низ хонаву пулро аз шеъру шоири авло донист.бозор агар вичдонаш бошад фак ат дар васти хукумати кунуни шеър гуяд вагарна шеъри у дигар таъсирбахш нест.

собир
Фарзанди падар дар гами молу дари хона

мероси падар илму дину лахчаву чома

уболу харом буд ки ба инсоф расиди

акнун ки расиди он чомаи бобои дариди.

МУСЛИМ
"ОЗОДАГОН" ХАМИНХОЕ, КИ ИСЛОМРО ТАХКИР МЕКУНАНД "МАТНИ ШАРХАШОНРО" КУР КУН ВА ЧУНИН НИЗОЪРО БА БОР НАЁР.......... бА ХАМОН БЕИМОНЕ,КИ ИСЛОМРО ТАХКИР КАРДАГИСТ ГУФТАНИЯМ,КИ ЭЙ ТУ, КИ АЗ ОЛАМ БЕХАБАРИ ЧУНИН СУХАНХОИ КОФИРОНАРО БА ЗАБОНАТ НАЁР МОРО БА ХАШМ НАЁР!!!!! ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ ХАР АЙБЕКИ АСТ ДАР МУСАЛМОНИИ МОСТ!!!!

беном
[b]Шоири 
бехтарин эчодиёт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)