Бахшҳо
27 янв 2014 11:35Тоҷикистон / Акс

(VIDEO) Маҳмадсаид Пиров: "Аз рафтани Барзу чизеро аз даст надодем"

Шамсиддин Орумбеков, вазири нави фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 27 январ тайи як нишасти хабарӣ дар мавриди тарки Ватан кардани Барзу Абдураззоқов -- коргардони шинохтаи театри тоҷик изҳори назар кард. Ӯ гуфт, “ин ҳаққи шаҳрвандӣ ва хоҳишу интихоби худи Барзу аст.”

Орумбеков афзуд, Абдураззоқов боре ҳам барои кор ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат накарда ва дар мавриди кор бо вазир мулоқоте ҳам надоштааст. Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарҳанг, илова кард, ки ӯ бо Барзу сӯҳбати тӯлонӣ дошта ва аз нияти барои кор ба хориҷа рафтанаш огоҳ будааст: “Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст, ки мутахассисони хуб барои кор ба хориҷа мераванд. Мо ҳам барои ҷалби коргардонҳои маъруфи хориҷӣ маблағи кофӣ дорем. Барзу ҳам дар асоси шартнома кор мекард ва рафтан ба Бишкек ин интихоби ӯст. Барзу агар аз мост, ӯ бармегардад."



Маҳмадсаид Пиров бо зикри он ки Барзу Абдураззоқов ба Қирғизистон рафтааст, таъкид намуд, "ӯ ба ягон дунёи дигар нарафтааст". Муовини аввали вазири фарҳанг афзуд, “аз рафтани Барзу мо чизеро аз даст надодаем. Ин ҷо ягон тараф гунаҳкор нест. Рафтани Барзу Абдураззоқов ба нафъи мост, чун ӯ ҳамчун намояндаи Тоҷикистон фаъолият мекунад.”

Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи театри тоҷик, баъд аз зуҳри 26 январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард. Наздикони Барзу Абдураззоқов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, ӯ барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳидро ба уҳда дошт.



Тарки Тоҷикистон кардани ин коргардони маъруф дар ҳолест, ки тавре худи вазири фарҳанг мегӯяд, феълан тақрибан нисфи кормандони соҳа маълумоти олӣ надоранд ва ин аст, ки фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. “Аз 7092 корманди соҳа 46,2 фоизи онҳо бо маълумоти миёнаи умумӣ кор мекунанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон ин нишондод ба 64,2 фоиз баробар аст”,-таъкид дошт вазири нави фарҳанги Тоҷикистон.


Дар акс: Маҳмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ПИРОВ! Барзу ба дунёе рафтааст, ки хунараш, аклаш кадр дорад. Шумо, ки чанд сол пеш фаъолияти раисиатонро аз буридани чанорхо ва арчахои бузурги киностудия шуруъ карда будед,(сурхии реша ва танахои навбуридаи он дарахтон асло аз ёдам намеравад!) то хол ба чапагардон кардани истеъдодхо ва хунар идома дода истодаед.

мухочир
Уууффффееее......
Хай ябора биен вазиро хами мардми точика хамаша равон кнед хорича намояндаги кнан точикораву шумо вазирону раисон шикамотона гафс карда шинед. Ман намедонм и раисокати и давлати мо кчо мерафта бошад. Шмо ягон майда фикри пардма мекнен ё не.
Барзу брава ба фойдай шмохай, зайда махкам кнен ба фойдай шмохай, мовароуннахра банден ба фойдай шаохай, кабута махкам кнен ба фойдай шмохай, неки кадомш ла фойдай мардмай?
Я бор фойдай хтона ай фойдаи мардм чудо кнен бад ба фойдай мардм кор кнен.

Осиёбчи
Осиёб ба навбат аст Пиров...

Ой журналистон! Пиров гуфтаст дунёи дигаре нарафтааст Барзу. напурсидед чанд дунёи дигаре вучуд дорад. Кунчкоби накардед, то мардум аз саводи у бохабар шаванд ва бидонанд чанд дипломе ки дорад чи гуна гирифтааст. Рости гумон мекардам " Академия госслужбы при президенте РФ" бонуфуз аст, чун фахмидам Пиров дипломи онро дорад, арзиши он академия дар назарам ба хоки сиёх яксон шуд.

Afsus, sad afsus. Hamin namoyandagoni vazorati Farhang, baxusus Pirov bo rafiq Vazir nimi savodi Barzu Habibuloevijro nadorand.

Магар вазорати фарханг хочатхона надошт, хонаи истирохату душхона чи лозим, ки шумо як утоки фаолро ба хочатхона табдил додед.

Видеои нишасти матбуотиро тамошо кардаму шармам омад , вой бар холи фарханги точик. Ваша оценка ноль, ув. Пиров.

Зоиршо
Шумо чи ин кадар ба Махмасаид Пиров часпидаед бешармхо барои он ки Пиров аз минтакаи собик вилояти Кулоб мебошад барои хамин боз як бефархангу бемаданияташ ки номи худашро МУХЛИС ном мондаст навиштааст, ки кишлокихо кишлоки худат бесавод, падару бобохои тухам аз кишлок омадааст мардуми рус Сталинградро Душанбе кард наинки ту чалласавод асли холро гирем мардуми Точикистон хама аз кухистон омадааст мову шуморо хамин мардуми рус камтар маданият одамгариро омухт лекин сад афсус ин хам аз даст рафта истодааст. Барзу Абдуразокоро касе мачбур кардааст вайро шахси донишманд гуем агар Устоди санъат бошад барои чи тарки ватан мекунад барои он ки ватан маоши кам медихад яъне дар вакте, ки ватан ба душвори дучор мешавад бояд уро тарк кунем ин хамин аст нангу номуси ватандори хамин аст точик будан дар вакте, ки ватан туро хононд босавод кард дар огуши худ хамчун фарзанд парварид бояд таркаш куни ин шармандагист. Ман фикр мекунам, ки Махмадсаид Пиров онро дар назар дошт, ки яъне мохам Точикистон хам санъаткорони асили дигар давлатхоро бо маблаги калон маблаггузори кунем омада санъати худро ба мо муарифи мекунанд. Албата инхам рост хаст барои ин маблаг лозим хаст ман сад фоиз бо Пиров рози хастам. Барзу хам маблаги калон мехохад барои хамин бо тарики шартномави кор мекунад мехохад маблаги калонро сохиб шавад дар холе, ки дигар санъаткорон бо хамин ватану маош кор мекунанд. Дар масъалаи он, ки ба хочатхона ва ба хочат рафтани мардум кордор мешавед инро ба шумо мегуям наход хаминкадар бе маданият бошед кафомонда бошед намедонед чихел одамонро сиёх кунед ин натанхо аз руи одоб балки аз руи одамгарихам намебошад чуб дар даст гирифта кофтан мегиред ки дар кучо ахлот мекунад. Бигзор хар шахс худаш интихоб кунад ки чи корро бояд ичро кунад Барзуро ба Махмадсаид Пиров баробар накунед Пиров дар таърихи кинои Точик сахми арзандаи худро бо мавкеи дарачаи Оли гузоштааст мехнати халолаш мебошад кордор нашавед ин бача бо мехнати халоли худаш кадрдони шудааст.

дилбар аз фархор
безор шудем аз заид саид боз паидо шуд барзууууууууууу

Точики бурунмарз
Хангоме ки вазорати Фарханг дар суханрони калимахои урусиро истифода меберанд, аз дигарон чи суд...?
Барзу бехтарин санъаткор ва марди фозил аст, акидаи сунатиаш боаъло. Таърихи спектакли гузоштааш "Безумие. Год 93-й" ба ёд оред.

Аксарият медонанд, ки вазорат ба бинои дигар мекучад ба наздики. Пас чи хочат ба сохтани хочатхона ва хаммоми шахси дар он бинои кухна хаст? Ин гувохи он аст, ки Пиров танхо дар фикри фарогату осоиши худ аст? он маблаге ки ончо сарф шуд, хуб набуд бо он китобхонае ё муассисае обод шавад? на! чаро? пас муборизаи Пиров барои вазифа ба хотири чи буд? пули ин халк сохиб дорад ё на?

Dev
Зоиршо,
Dar hakikat mo hama az kishlok omadaem, vale boyad ba zuddi bo zaboni adabii tojikiamon harf guftanro omuzem, vakte dar sohtorhoi davlati faoliyat mekunem ba suhan jomai falsafi pushonem, chun tamomi mardum chashm ba mo dorad ,ki yake suhani parokandae chun tarosha az dahoni besarhadamon berun najahad. Chun janobashon Pirov kisman bo lahja suhbat dorad , barodare uro kishloki guft,ki man ham sad dar sad tarafdoram. Janobi Pirov agar bohush ast, hud hub medonad,ki Barzu yak saru gardan az u bolost . Tashbehi timi futbol bo sanatkor niz mahsuli sari garang ast.

р
Зоиршо,

Чи сахм дорад Пиров дар кино? танхо роли Восеъро бозидааст, хамон хам дар сатхи хеле пасти касби. Хамон ролро ба хотири он доданаш ки Восеъ хамшахрии уст. Ролхояшро дар Орзуи падару Кухистони ба ед набиер, ки онхоро кино номидан хам дуруст нест.

зарина
зиндаги чист хуни дил хурдан

беном
Комил Ерматов (коргардони ма'руфи синамо)хам точки буд вале уро имруз хама чун узбек мешиносанд.

Довар
беном,
Беном, он "ҳама"- е, ки ту мегӯӣ киҳоанд, ки Комил Ёрматовро ӯзбак мегуфтаанд? Намедонам, туву дигарон, ки ту "ҳама" мегӯӣ, ин коргардони бузургро чӣ мегӯед, вале дар Ӯзбакистон ду тоҷики бузург ҳеч гоҳ худро ӯзбак нагуфтаанд ва ҳамеша бо сари баланд ва пур аз ифтихор худро тоҷик мегуфтанд. Инҳо ҳунармандон ва инсонҳои нотакрор Комил Ёрматов ва академик Мухтор Ашрафӣ буданд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)