Бахшҳо

Эшони Нуриддинҷон: Манъи издивоҷҳои хешутаборӣ роҳи ҳал нест

Нуриддин Тураҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддинҷон, руҳонии маъруфи Тоҷикистон дар мавриди издивоҷи хешутаборӣ изҳори назар кардааст.

Эшони Нуриддинҷон дар матлабе, ки сомонаи «turajon.org» нашр кардааст, мегӯяд, шариати Паёмбари охирин алайҳиссалом барои издивоҷ ва ихтиёри ҷуфти худ якчанд қавонини худро гузоштааст. Чунон, ки дар сураи Нисо ояти 24 омадааст, Худованд издивоҷи чанд гуруҳ занонро ҳаром донистааст, ки аз ҷумлаи онҳо; модар, хоҳар, хола, амма, хоҳари ширхора ва ғайра мебошад. Худованд дар охири ин оят издивоҷи дигар занҳоро барои мард ҳалол донистааст. Яъне издивоҷ бо духтари хола ва ё амма аз назари шариати ислом мамнуъ нест.

«Дар ин ояти муборака сароҳатан зикр шудааст, ки издивоҷ бо духтари хола ё амма, тағо ё амак ҷоиз аст. Шариати ислом дар масъалаи издивоҷ зану мардро мухайяр гузоштааст ва он чи ки барои шариат муҳим аст ин аст, ки дар масъалаи куфъ аҳамият диҳанд. Куфъ яъне зану мард бояд муносиби ҳам бошанд ва марди мусалмон ва намозхон бояд ҳамсареро барои худ ихтиёр кунад, ки солиҳа ва муъмина бошад»,-навиштааст, руҳонии маъруф.

Ахиран, Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кард, никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон аз роҳи қонун манъ карда шавад. Вай дар далели ин пешниҳод гуфт, издивоҷҳои хешутаборӣ бештар боиси бо нуқсон ба дунё омадани тифлон шуда, мояи азияти рӯҳии худи ин кӯдакон ва ҳам хонаводаи онҳо мегардад.

Аммо Эшони Нуриддинҷон аз Паёмбар Муҳаммад (с) мисол задаст, ки бо духтари аммаи худ Зайнаб бинти Ҷаҳш издивоҷ кард ва духтари худро ба никоҳи писарамуяш ҳазрати Алӣ даровард: «Аз ҳазрати Алӣ ва Фотимаи Заҳро фарзандоне ба дунё омад, ки ҳам донишманд ва ҳам шахсиятҳои нотакрори майдони ислом буданд. Ҳасан ва Ҳусайн ду писари ҳазрати Алӣ ва Фотима беҳтарин улгу ва намунаи хирад ва донишу илм буданд. Бинобар ҳамин ин суханҳо, ки гуё издивоҷи хешовандӣ сабаби носолим таваллуд шудани фарзанд мешавад аз назари тиб ба шакли қонуни тиббӣ собит нашудааст. Балки ин ҳолатҳо нисбӣ аст. Ҳолатҳои нисбӣ, ки гоҳо дар баъзе ҳолатҳо рух медиҳад ва дар ҳолатҳои дигар на, наметавонад қонуни қатъии тиббӣ гардида бошад».

Эшони Нуриддинҷон дар идомаи матлаб навишта, ки табибон баён доштаанд, дар сад фоизи ҳолатҳои таваллуди фарзанди маъюб ва ё носолим нисбати издивоҷи хешовандӣ 3 ё 4 фоизро ташкил мекунад. «Магар ин нисбат дар 94%, ки ношӣ аз майзадагӣ ва ё нашъамандӣ ва фоҳишагӣ аст, ки ба чашми душманони дин хурд, ки имруз сару садо баланд кардаанд. Мо намегӯем, ки ҳатман бояд инсон бо духтари хола ва амаки худ издивоҷ кунад, ҳамчуноне, ки дар баъзе аз диёнатҳои ҳиндусӣ чунин аст, ки бар онҳо чунин навъ издивоҷ воҷиб аст, вале ҳаргиз ҳам розӣ бар он нестем, ки ҳалоли Худованд ботил дониста шавад. Ин ҳақро ба мо ҳамчун мусалмон на Худо додааст ва на Паёмбар алайҳиссалом»,-меафзояд руҳонии саршинос.

-Он чи боиси ба дунё омадани фарзандони носолим мешавад танҳо издивоҷи хешовандӣ набуда, балки як ваҳми бегонагон, хусусан масеҳиён аст, ки имруз дунёро аз назари моддӣ ва набардӣ маълумотӣ контрол мекунанд. Мо то ҳол дар кишвар ягон шакле аз оморҳову пажуҳишҳои солими илмӣ дар ин маврид надорем, ки исбот кунад, ки аксари фарзандони носолим таваллудшудаи ҷомеаи мо натиҷаи издивоҷи хешовандӣ аст. Фақат одате бар мо ва бар забонҳои мо часпидааст, ки он чи аз ғарб ва ё фарҳанги ғарб дикта мешавад, бе ягон тафаккури солим қабулаш дорем. Ҳоло он, ки ба гумонам ин қабил издивоҷҳо дар ҷомеаи мо зиёд ҳастанд. Зеро ҷомеаи кишвари мо суннатӣ аст ва мардуми суннатӣ аслан бештар пойбанди таомули хешовандӣ ва падару модарсолорӣ ҳастанд. Аммо то ин дам мушкилии густариши фарзандони носолим аз ҳисоби издивоҷӣ хешовандӣ нигаронкунанда нанамудааст,-менависад Эшони Нуриддинҷон.

Вай аз профессорҳои машҳур Ален Битлерз, мудири маркази генетикии инсонӣ дар шаҳри Перси Австарилия далел овардааст, ки баъди пажуҳиш дар гуруҳи бузурге аз кӯдакони дорои ноқисии модарзодӣ ба хулосае омадааст, ки эҳтимоли таваллуд шудани фарзандони ноқис ва носолим дар издивоҷҳои бегона 2 дар садро ташкил мекунад ва дар издивоҷҳои хешовандӣ 4 дар сад: «Яъне ин маънои онро дорад, ки издивоҷи хешовандӣ танҳо сабабгори таваллуд шудани фарзандони носолим нест. Балки дар ҳолатҳое, ки дар генҳои падару модари хеш беморие вуҷуд дошта бошад, эҳтимоли интиқол ёфтани он ба фарзанд чанд дар сад зиёд аст. Худи у чунин мегуяд: «Мардум бидуни ин, ки таҳқиқоти лозим дар ин замина анҷом диҳанд ин гуна издивоҷҳоро мамнуъ эълон мекунанд ва ҳоло он ки ин тавр нест». Ӯ пешниҳод кардааст, ки барои пешгирӣ аз таваллуд шудани фарзандони носолим хуб мешавад, ки марду зан қабл аз издивоҷ ташхиси генетикӣ супоранд. Агар дар сурате, ки дар генҳои ҳардуи онҳо бемориҳои ирсӣ вуҷуд дошта бошад аз чунин издивоҷ худдорӣ кунанд».

Эшони Нуриддинҷон мегӯяд, роҳи ҳал ин нест, ки пеши роҳи издивоҷи хешутаборӣ аз роҳи қонун гирифта шавад, зеро таваллуд шудани фарзанди носолим метавонад аз падару модаре низ бошад, ки аслан ба ҳам қаробати хешӣ надоранд. «Агар воқеан ояндаи насл барои давлатдорон муҳим аст, бояд, роҳҳои анҷоми ташхисҳои генетикиро ба роҳ бимонанд ва ҳатто ин озмоишҳоро бепул анҷом диҳанд. Сониян оё манъкунандагони ин издивоҷ метавонанд кафолат диҳанд, ки дар сурати манъи издивоҷи хешовандӣ дигар фарзандони носолим дар ҷомеа таваллуд намешаванд? Магар оморҳои бесару нуги кишварҳои ғарбро наменигаранд, ки чӣ қадар фарзандони маълул ва носолим аз пушти падару модари майзада ва нашъаманад таваллуд шудааст ва чӣ қадар ин амал боиси нигаронии он кишварҳо гардидааст»?

Дар поении навишта вай мегӯяд, шариати ислом аз издивоҷи хешовандӣ дифоъ накарда ва онро низ ҳаром надонистааст. Балки ин амр ба худи шахсони издивоҷмекарда вобаста аст.
-Ҳатто дар ривояте омадааст, ки ҳазрати Ибни Умар ҷавононро тавсия карданд, ки бо бегонагон издивоҷ кунанд. Инчунин фақеҳони ислом гуфтаанд: «Издивоҷ бо хеш сабру таҳаммул мехоҳад ва бо бегона сабабгори таваллуди фарзандони наҷиб мешавад. Яъне агар инсон бо хеш издивоҷ кунад ба хотири силаи раҳми хешӣ сабру таҳаммулҳои зиёд бояд дошта бошад ва издивоҷ бо бегона фарзанди наҷиб мебахшад. Ба ҳар ҳол мо, ки мусалмон ҳастем ва дидгоҳи мо дар асоси ислом бошад ва назари ислом ва тамоми фақиҳони ислом ин аст, ки издивоҷ бо хеш ҷоиз аст ва ҳеҷ касе ҳуқуқи манъи инро надорад. Аммо дар ҳолати вуҷуд доштани бемориҳои ирсӣ, ки баъди ташхиси генетикӣ маълум мешавад, новобаста он ду ҷуфт хеш бошанд ё бегона, беҳтар аст аз чунин издивоҷ худдорӣ шавад.
Мӯҳр
Мухаммадчон
Ман худ розиям ва алакай хешу таборем ин солими ё носолими дар ихтиёри Аллох аст

islomdust.
barodaroni musalmon islomi budani masalara yk taraf monem konuniwa girem agar in peshnihodi amirshoewa muxolifi carkonyni jt. ast . Har konune ki muholifi sarkonun klshvar ast kuvai konuni namegirad.suhanoni eshon 100%durustand.

искандар
офарин бобои эшон чигари гапа гуфтед

Ассалому Алейкум ва Рахматуллохи ва баракатух. Бобои Эшон Худованд хамеша мададгоратон бошад! Аз Шумо эхтиромона хохишмандам, то ки ба саволи зерин посух медодед. Каблан аз сахмгузориатон сипосгузорам.
Савол чунин аст: " Оё агар зани худро Модар гуфта монед, Никох Бурида мешавад ё не? Агар ин суханро надониста ва мехрубонии занро бо модар баробар намудан бошад, чи! Мурод ин нест, ки занро Модар Гуфта аз у дигар канорачуи намоям, албатта не. Ва бо як Модар гуфтани хамсар, у Модар шуда наметавонад ку.

Илтимос Бобои Эшон ба ин савол равшани дихем!

Ассалому Алейкум ва Рахматуллохи ва баракатух. Бобои Эшон Худованд хамеша мададгоратон бошад! Аз Шумо эхтиромона хохишмандам, то ки ба саволи зерин посух медодед. Каблан аз сахмгузориатон сипосгузорам.
Савол чунин аст: " Оё агар зани худро Модар гуфта монед, Никох Бурида мешавад ё не? Агар ин суханро надониста ва мехрубонии занро бо модар баробар намудан бошад, чи! Мурод ин нест, ки занро Модар Гуфта аз у дигар канорачуи намоям, албатта не. Ва бо як Модар гуфтани хамсар, у Модар шуда наметавонад ку.

Илтимос Бобои Эшон ба ин савол равшани дихем!

Абубакр
бо салом каломи худо агархам аз карни 7 тум бошад ин ро бедонид ки то рузи киёмат улгу ва рохнамои башарият аст карнхо мегузарад то олимони имруза гапои курон ро кашф ва бе нишонаи аз он паи бебаранд ин гапи эшони нуриддинчон нест ин он каломи аст ки махлуки чахониён аст пас каломи худо аз худост ва худохам абадист харфи ро мезанад бехуда нест ва ба нафъи мардум аст , агархам дар баъзи завчхо нокиси фарзандхо дида мешавад аксарияти инхо аз нофармони худо ва дур шудан аз худо ва корхои зишт ва палиди ро анчом мидаханд аст ки фарзанд нокис ё кам хуш мешавад ки ин ро хам курон дар сураи исро ояаи 7 ва... фармуда аст, ва чан дарсади ки хам вучуд дорад дурустаи ки иллати фарзанти нокис хешу табори хаст вали ин далил бар ин нест ки хамаи ин издивочхо далилл бар нуксони фарзандон шаваду мо ичоза надихем ки ин издивочхо сурат бегирад.

Точик
Ассалому алайкум хамватанони азиз. Ман духтари тагаи модарамро ба зани гирифтаам.Худованд ба мо 6 (шаш) фарзанд дод. 4-писар ва 2-духтар.Шукри Аллох хама фарзандон зехни бурро ва солиманд.Дар масъалаи никохи хешу табори хаминро кайд менамоям,ки бигузор пеш аз хонадоршави аз духтур харду гузаранд, боке надорад. Аммо манъ намудани издивочи хешутабори , ки боиси носолимии оила ва фарзандон мегардад - ин исботи 100 %-за надорад.Аппаи худам соли 1994 бо марди бегона хонадор шудааст.Аз онхо духтари инвалид ба дунё омад .Духтар айни замон хамсину соли синфхои 8-ум мебошад.Лекин то хозир аз акл бегона аст.Аз тарафи дигар БАЪЗЕ бегонагон ХОНАДОРШАВИИ ФАРЗАНДОНАШОНРО бо талаботхои ГАРОН мепайванданд.Аммо хешу табор аз руи танзим ва инсоф амал менамоянд, чунки онхо якдигарро аз рузи аввал мешиносанд.Боки дар харду холат аз фармон ва такдири Алох гофил набошед.

Исфара
Ин депутатхо аз тарафи мардум интихоб нашудаанд, барои хамин чунин конунхо мебароранд!

бобои эшони ман бо оилаам бо 6 фарзандонам чудо шудам ман дар шахри руссия хастам вайхам дар хаминчо ман хонашон гирифтам заминшон хам вй арак нуши кард кудакора акоратхои безеб мекард хамика фахмондум нафахмидум кудакоро боман чап кард бад ман духтар аммашро гирифтам лекин падару модараш намедонанд лекин бохохудаш никох кардем шохидхо буданд оё ин никох дурустаст аст ё не бобои эшони ? вай духтар буду дар 29 илтимос чавобашро тиед бобои эшони

Саломи худро ба хама мардуми мусалмон мерасонам ва баъдан гуфтаниам чаро конун дар бораи фоишагари дар бораи занони точик ба шахвар баромадан ба дигар миллат. дар бораи харомхури. дар бораидигар намуди дискатекахо намебароранду махз конунхои зиди исломи бебароранд.

Рост мегуяд роҳи ҳал ин
нест, ки пеши роҳи издивоҷи хешутаборӣ
аз роҳи қонун гирифта шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)