Бахшҳо

Ин ҷо Душанбе: Роҳкиро -- 1.60 ё 2 сомонӣ? (ВИДЕО)

Дар мавриди худсарона аз мусофирон 2 ва гоҳо 3 сомонӣ роҳкиро гирифтани ронандаҳои мусофиркаш борҳо гуфтаанд ва мардум ҳам аллакай одат кардаанду касе эътироз намекунад.

Рӯзи чоршанбеи даҳуми апрел вақте ба мусофиркаши 33 (тавре бо ҳарфҳои калон навишта шуда буд-Корвон-Саховат) савор шудем, “кондуктор” аз ду нафар 2 сомонӣ талаб кард. Дар ҷавоб он мард ба навиштаҷоти тирезаи мусофиркаш ишора кард, ки роҳкиро 1 сомониву 60 дирам нишон дода шудааст. “Кондуктор” бепарвоёна гуфт, "инро ҳамин хел часпондаанд".

Дубора пурсида шуд, ки охир он бо қарори раиси шаҳр тасдиқ шудааст. Ронанда ба гап ҳамроҳ шуду гуфт, ин мошин шахсӣ асту ба касе писанд нест, фарояд. Мо ҳам ба он ронанда фаҳмонданӣ шудем, ки қарори раиси шаҳр барои ҳамаи мусофиркашҳоест, ки дар хатсайрҳо ҳаракат мекунанд, дар ҷавоб дашном шунидему бо таҳдидҳои паёпайи ронанда маҷбур шудем, аз он берун шавем.

Он ҳама радду бадалҳо бо ронандаи мусофирбарро дар ин навори видео бубинед:


Хонандаи азиз, агар Шумо ҳам боре бо ин ҳолат рӯбарӯ шудаед, ба мо бинависед.
Мӯҳр
Ба ин корхо хукумат чора бинад.

РАКАМ МЕГИРИ Ё ЗАПИСМЕКУНИ НАЛОГУ БДА И ЛИТСЕНЗИЯИ ТОЧИКИСТОН ТАГАБОЗИЯЙ ИНА ХАМА ДИДЕСТАЙ.

Муслиҳ
Аввал ин ки саломат бошед бародари гироми барои ин ҷуръат ва ғайрататон. Шумо кори неке анҷом додаед, ки бисёр касон инро намедонанд.
Ин масъала дар сари 20-дирам, 40-дирам нест. Масъала дар сари ин аст, ки миллати мо чигуна мардум аст ва рафтору кирдор ё минталитети он чигуна аст?
Вақте қонун ё фармони умумӣ баромад бояд ҳамагон онро риоя намоянд. Дар ҳолати риоя нашудани онҳо мардум дар ҳолати ногувор воқеъ мешаванд. Мусофи гумон мекунад, ки нархи расмӣ гирифта мешавад, вале вақте боқии пулашро намедиҳанд ӯ чун талаб кунад ҳама ба тарафи ӯ бо чашми ҳаёратангез нигоҳ мекунанд. Охир ҳақи худашро талаб дорад. Мардуми азиз шумо бояд аз ронанда дар ҳайрат шавед, ки чаро ҳақи мардумро мехурад, ҳаром мехурад, вале касе ба ӯ гап намезанад, чуноне ки дар навор дида мешавад, мардум ҳама хап. гӯё, ки танҳо наворбардор зулм шуда бошанд. Ҳамаашон мазлум воқеъ шудаанд вале инро ё дарк намекунанд ё ҷуръати ҳақи худро талаб кардан надоранд.
Масъалаи дигар ин ки ахлоқи ҷомеъа ба сабаби ин паст меравад. Як одами баобурӯ соҳиби маълумот дар мошин савор мешавад, вақте ҳақи худро талаб кунад аз як ҷиҳат шарм медорад ва аз ҷиҳати дигар посухи бад мешунавад. Оё ин ахлоқ аст, ки ҳам ҳақ мехурад ва агар ҳақатро талаб карди аз мошин фароварда мешави.
Аз ҳама муҳимаш ин ки ин ҳаром аст, он нафар ба зану фарзандаш ҳаром мебарад, ҳаром мехуронад. Ин зулм аст, ва ин татфиф аст, ки дар сураи Мутаффифин омадааст. Ин маънои ҷанги ронанда бо Худо аст. Оё касе метавонад бар зидди Худо ҷанг кунад. Албатта не. шикаст мехурад.Бояд онҳо донанд, ки бо Худо ҷанг дорад бо гирифтани ин ҳақи мардум.
Дигар ин ки агар аз ин нарх рози набошанд аз ҳукумати шаҳр талаб намоянд ва бо тариқи расмӣ ин кор ҳал гардад. Вале вақте фармонҳо ҳамин хел беэҳтиромӣ мешаванд пас кӣ бовар мекунад, ки кадом қонун кати зиндагӣ кунад, бо қонуну фармони ҳукуматӣ ё ронандаҳо?

бале шудаем ва на як бору дубор, ин холат дар хамаи наклиётхои кишвар чунин аст ва фикр мекунам,ки боки хохад монд!!!!!!!! Чуки ДУШАНБЕ сохиб н а д о р а д!!!!!!!!!!!!! Ронандахо дар чои 3-нафара 4-нафар, дар чои 4-нафара 5-нафар мегиранд, дар чои бесохиб касе чиеи хохад хамонро мекунад!!! Агар як ронанда хукуки шахарвандонро поймол кунад пас чи гила аз шахсоне,ки Махмадалии Хаитро лату куб кардаанд!!!!!!!! ё инки чи гила аз он ки моро дар РОССИЯ хамчун ОДАМ эътироф намекунанд!

Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо ман харчи кард он ошно кард!!!

манижа абдулоева
аз ман 2 сомони гирифтан инро чихел фахмем

Ислом
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)