Бахшҳо
27 май 2013 18:49Тоҷикистон / Сиёсат

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, бегоҳи 27-уми май ба Тоҷикистон бозгашт.

Ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо хабарнигорони расонаҳои мустақил сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод ва гуфт, ин сафараш бо даъвати шахсии раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Вале дар бораи зиндагии доимиаш дар Тоҷикистон, Бозор Собир гуфт, ҳанӯз дар ин бора тасмими дақиқе нагирифта ва намедонад чанд муддат дар кишвар ҳоҳад буд.

Аммо Бозор Собир афзуд, дар муқоиса ба сафарҳои пешинаш аз ин сафар бисёр хушнуд аст. Чун ба гуфтаи худи ӯ, “ҳар дафъа, ки меомадаму мерафтам, касе эътибор намедод. Аммо ин дафъа, ки сафар бо даъвати президент сурат мегирад, аз ман бештару беҳтар пазироӣ карданд.”

Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”


Бегоҳи 27-уми май барои пешвози Бозор Собир дар баробари дӯстону ҳаводоронаш, инчунин Маҳмадсаид Пиров, мудири бахши фарҳангии дастгоҳи раёсати ҷумҳур, Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Низом Қосим, шоир ва узви Маҷлиси Намояндагон ва Ибодулло Машрабов, раҳбари Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омада буданд.

Ин сафари Бозор Собир бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон панҷ моҳ қабл аз интихоботи президентӣ сурат мегирад. Ва бар хилофи дафъаҳои гузашта хабари бозгашти Бозор Собирро шабакаҳои телевизиони давлатӣ низ намоиш дода, шакли комили гуфтугӯи ӯро пахш карданд. Ин гуфтугӯ зоҳиран қабл аз сӯҳбати Бозор Собир бо намояндагони расонаҳои мустақил ва танҳо бо ҳузури хабарнигорони расмӣ сабт шудааст.

Ӯ дар ин сӯҳбати худ, шоми 27-уми май аз тариқи Шабакаи аввали Тоҷикистон пахш шуд, аз раисиҷмҳур изҳори сипос мекунад, ки бо вуҷуди масоили зиёди кишвар ба масъалаи ӯ ҳам машғул шудааст: “Бисёр ташаккур мегӯям. Мо саддарсад миннатдор. Қаблан аз тариқи хабаргузориҳои байналмилалӣ, мушаххастар аз интернет, бо вазъияти ҷумҳурӣ каму беш шиносам. Дар ин ҷо худсариҳои ҷамъиятӣ зиёд аст. Ҳизбҳои нодаркору ҷамъиятҳои нодаркор бисёранд. Мақсади ҳамаи мо як аст: мардуми замонавӣ бояд ба камол расонем, ки сазовори фахр бошад. Ҳар нависанда бо фахр гӯяд, ки ман мағзи халқам. Дар шакли алоҳида ҳеч чиз намешавад. Пеш аз ҳама бо чорабиниҳо ва кӯшишҳои бевоситаи президент мешавад. Як ман не, балки тамоми интеллегенсияи ҷумҳурӣ бевосита дар паҳлуи президенти ҷумҳурӣ бошем. Ҷамъияти бе контрол нест. Хусусан дар ҷамъияти мутаммадин, ҷамъияе, ки фарнҳангу илм дорад, ҳеч кас худсарона ҳеч кор карда наметавонад. Контрол ҳатмӣ, зарур ва мағзи корҳои дигар аст”

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”


Бозор Собир бори охир се сол пеш аз ин ба Душанбе омада, чанд муддат бо ҳамроҳии ёрону наздиконаш буд ва китоби "Хуни қалам"-аш ҳам дар он замон бо сарпарастии ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва бо теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баромад. Ӯ борҳо дар сӯҳбаташ таъкид мекард, ки бисёр мехоҳад як шаби эҷодияшро бо ҳузури бештари дӯстону наздикон ва ҳаводорон баргузор ва баъд аз он кишварро тарк кунад. Аммо натавонист ин шаби эҷодиро баргузор ва тамоми дӯстдорони шеърашро дар як базм ҷамъоварӣ намояд.

Вале чизе, ки ӯ баъд аз ин сафараш ба ёдгор гузошт, пешниҳод дар бораи бастани Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Бо ин ҳол, сари ҳар чанд вақт бархе аз сокинон бо навиштани нома дар нашрияҳову торнамоҳо бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистонро амри зарурӣ мехонданд ва борҳо дар ин маврид ҳукуматро танқид мекарданд.

Пештар аз ин, Акбари Турсон, донишманди тоҷик, ки понздаҳ сол дар Амрико зиста буд, бо даъвати раисиҷумҳур ба Тоҷикистон омад ва ҳоло раҳбарии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улумро ба уҳда дорад.

Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори Бозор Собир аст.

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”
Мӯҳр
ном Салим.
Назари банда нисбати (шоир) фикр мекунам санъаткорон,варзишгарон ва инчунин Бозор Собир агар хоханд ,ки хамчун милли бошанду сохиби иззату эхтиром бошанд бояд аввалаш бо сиёсат ва баъд бо дини он миллат эхтироме дошта бошанд.......
Вале афсус садхо маротиба афсус,ки У назди мардуми мусалмон алакай нуфузашро обу руяшро аз додааст пештар ашъорашро мутолиа мекардам як хурсандихои зиёде маро фаро мегирифт ,акнун танхо нафратам меояд ..
Гумон мекунам хатто аз бозоро магозахо аз ин сарзамине ,ки як вактхо як (дирам)-хам кадру киммате надошт нонашро нахури ,
Дар масъалаи бисёрхизби худат хубтар медони ,давлатхои пешрафта танхо дар натичаи бисёрхизбиву озодфикри рушд кардаанд ва гул-гул шукуфон шудаанд ,агар шахрвандии Амрикоро дошта боши ба хотири монеъ шудан дахолат кардан бо дину оини як миллат ,ташвикот таблиг кардан(КАМ КАРДАНИ ХИЗБХОИ СИЁСИ) барои хизбхои сиёсии ин миллату давлат ноором сохтани он давлат бояд Амрико якумра хабсат кунанд.
Фикр мекунам пешравии рушд кардани Точикистонро намехохи нузубиллох: Кадамхои аввалат зиди дину оини ин миллати бузург буд ,бовар намекунам файзу барокот ба Ватан оварда боши сину солатам бо чое расидааст гашта чавон намешавику акалан чунин рафтор кун ,ки як-ду чанозахон барои худат дошта боши......
Боз хам Худованд худаш бузург аст дар рохи рост хидоятат кунад,холохам мардуми мо зудбовар аст акалан нзди мардум бахшиш узр бипурс ба хотири ором кардани калби худат.Худо хофиз...........

Дуст
Ин шоири мо Бозор ба амрико рафту Ачинабозор шуда баргашт.)))))))).
Давраи кораш фаро расидааст. аку ика таъриф мена, бо хизб даркор нест мега, чоплуси менаву бади интихобот пшаймун шида меравад.
Хай хичи гап надора ба хами хотирам чор танга бгира ай и хукумат мешава. Ба хотири танкиди хизбо увам пулдор шававу эхтиром пайдо кна ишам хизмати хами хизбохай ку.

Бо тамоми пастиву баландии ашъору мафкурааш вай точик аст ва омаданаш боиси хушию хурсандист,хуш омад!

Muslim
Худо нишон надихад, инхо боз хамон рузхои торикро бар сари халки Точик оварданианд чи? бе хадаф дар инрузхои хассос инчо наомадааст,ягон балое бар сари мо овардааст!!!

Синочони Точик
салом ба хама дустон
як чиро мехохам буфахмам ки чаро Бозор Собир мехохад ки ХНИ Точикистон бата шавад?
Ин хизб бв у чи бади кардаст?

То холо малум нест ки худи Бозор дар Душанбе бари хамеш мебошад ё бари чандруз
Чи даркор хамин фитна ангезихо корхок ки дар солхой 90 карда будан бас набуд ки боз айсар шуру кардестан

Ислом
". Ҳизбҳои нодаркору ҷамъиятҳои нодаркор бисёранд. Мақсади ҳамаи мо як аст: мардуми замонавӣ бояд ба камол расонем, ки сазовори фахр бошад." - ОО доду фарёду махалгароихои(мардуми вилояти Сугд(Ленинободро) узбак гуфта буд) майдони "Шахидон" кучо шуд? Аъзои нави Фабрикаи чавоб, мумкин сардори сехи ин фабрика шавад ин шоири маъруфатон.Боре гуфта буданд, ки: Ман аз бекадрии хори сари девор донистам......

Ba ali
Ali,
tu nomi buzurg doshtai vale hayfi tu ki yak maxluqero pushtiboni mekuni ki meguyad : ''xudoham joi leninro namegirad'' . Yakbor ''ashorashro'' xoned

Az Bozor Bezor
Aknun Bozor bozori shud !!!!

Бозор Собиров барин лаганбардорро Худо мезанад. У агар марди дошт хеч гох бар намегашт , вале у мисли зани аз шу баромада боз гашта омад... шарманда

Дуруд азизон банда яке аз мухлисони шеъри Бозорам вале аз сухану шеърхои зидди исломиаш безорам.Бо забони алома Икбол бахраш гуфтаниям хамон дине,ки ту зид хасти яъне-Ислом на факат савм асту салот аст,Илм асту низом асту хаёт аст,Имруз,ки куфр аст чомеъаи мо,Ислом биомуз,ки ислом хаёт аст.Бо эхтиром.

БОЗОР МОРО МАДЕХ ОЗор ,
КАРДИМОН ХОРУ ЗОР.
БОЗ АЗ ТУ ЧИ ИНТИЗОР ,
БОЗОР БОЗОР БОЗОР.
(МЕХРОБ.А )

LA
Мдаа, Ин шоири мо хамелион аст. Ба 75 расидасту то хол акидаи комилу устувори худро надорад. Гайри хама ношукрихош аз Даврони Шурави, Депутати, Америкаву Эрону Точикистону Имону Аллох ва худи ватанаш Точикистон, ки хамеша эхтиромаш мегузоштанду дар вакти мушкилоташ пуштибони ва панохаш дода буданд, хамеша фикру акидаашро иваз мекард! "шоир"-е, ки аз худову расул безор асту бадохатан шеър гуфтанро шоири намехисобад, лоики хурмат нест.

surob
in Bozorboy hamavakt 2 pagon dorad to diruza tana mezad imruz omada lagandbardor shudast!

Хайдар
Бозор Собир шоире хаст, ки бо калами хеш гами халкашро мехурад. Носозгорихои замона, нофахмихои баъэе аз ашхос уро водор сохт, ки тарки ватан кунад ва ИМА-ро чойи зист интихоб кунад. Лекин Бозор Собир ватанашро дуст медорад. У Точикистонро бо шерхояш ба чахониён ошно кардааст. Ман, гумон мекунам, ки Бозор Собир дур аз Ватан зиндаги кунад, хам у бо калам ва дафтари хеш дар Точикистон мебошад.

Хайдар
Бозор Собир ягон вакт дини Исломро зери танкид нагирифтааст. У ун нафаронеро, ки дар зери шиори Ислом худро мусулмони асил метарошанд ва аз баъзе рафторхои ношоиста, ки аз расонахои хабари (радиову телевизион) мебинему мешунамем зери танид карор додааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)