Бахшҳо

"Хап кы", "Чабргади лабргади…" ё "Ма имшаб тра мехом"?

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ

Беҳрӯз Зеваров, продюсери маъруфи тоҷик, ахиран дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мазмуни таронаҳои овозхонҳоро ба баҳс кашид.

Ин мавзӯъ зоҳиран аз ёдҳо рафта буд. Бархе соҳибназарон мегуфтанд, танқидҳои зиёд дар расонаҳо овозхонҳоро маҷбур кард, то ба мазмуни таронаҳояшон аҳамият бидиҳанд. Бо ҳамин бисёриҳо умед доштанд, ки акнун ҷумлаи замоне мӯдшудаи «шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям» ба оҳистагӣ моли таърих мешавад.

Аммо вақте Беҳрӯз Зеваров ба ин мавзӯъ баргашт ва як нигоҳи сарсарии мо ҳам ба матни таронаҳо нишон дод, ҳоло низ шоу-бизнеси тоҷик аз гирдоби ҳарфҳои по дар ҳаво ва ғайримантиқӣ берун нарафтааст. Беҳрӯз Зеваров дар саҳифаи Фейсбукаш навишта, ки «ин чӣ мудест, сурудҳои бемазмун навиштан? Ҳамин тавр дар сари мардум ҷой мешавад: «Ту ках, ах, накы", "Бовар намекнм" ("Хап кы"), "Очата бгууу!"...?

«Очата бугу…» таронаи маъруфи Бобои Файз аст, ки чанд соли қабл иҷро кардааст. Аммо танҳо баъди чорабиниҳои аслии ҷашни Наврӯзи имсол дар Душанбе ба таври бесобиқа «мӯд» шуд. Вақте Бобои Файз «Очата бугу»-ро ҳамроҳ бо як хонум дар ҳузури президент иҷро кард, Эмомалӣ Раҳмон ӯро тавсиф намуда, аммо гуфт, ҳамон варианти аввалинаш беҳтар буд. Баъди ин телевизионҳои давлатӣ моломоли «Очата бугу» шуд. Дар мавриди Бобои Файз барномаҳо таҳия карданд ва таронаҳояш фаровон пахш гардид. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо сари ин тарона ва Бобои Файз баланд шуд. Бархеҳо онро як навъ фолклор арзёбӣ карданд, гуруҳе таронаи кӯчагӣ ва гуфтанд, ҷуз суханҳои бемантиқ ва хор кардани забони модарӣ чизе нест.

Аммо «Бовар намекнм» таронаи муосир аст, ки онро Нозияи Кароматулло хондааст.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери хонандаҳои муваффақи поп, назири Парвин Юсуфӣ, Ҷонибек Муродов, Таҳмина Ниёзова ва чандеи дигар аст. Аммо гуфта мешавад, мазмуни таронаҳои ин хонандаҳо низ на ҳамеша олӣ ҳастанд. Аз ҷумла таронаи ахири Ҷонибек, ки мегӯяд: «Ма имшаб тра мехом».

Ба ҷуз аз истифодаи зиёди вожаҳои лаҳҷавӣ баъзан дар сурудҳои тоҷикӣ бо калимаҳое дучор мешавед, ки ҳеч тарҷумоне аз кадом забон будани онро муайян карда наметавонад. Барои мисол таронаи «Чабргади»-и Наимҷони Саидалӣ. Наимҷон дар ин суруд мехонад, ки:

“Ҳой чашми ман ба чашми он паричашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу,
Ҳой аз чашми парӣ ба чашми ман чашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу.
Ҳой гуфтам, ки ба чашми худ бубинам чашмаше, чабргади лабргади, лабргади лу,
Ҳой аз чор тарафе ба чашми ман чашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу.”

Ва нақарот:

“Чабргади лабргади, либргада, лабргада, лабргада, лубргада, либргада лу.”

(зиёд талош кардам, ки ин калимаҳоро дуруст нависам, агар ягон ҳарф ғалат шуда бошад, маъзарат мехоҳам)

Шояд, воқеан, ин лабргдадаву либргада, ки ба тезгӯяки мураккабе монанд аст, ягон маъное дошта бошанд, ки мутаассифона хабар надорам. Агар Шумо медонед, лутфан маънидод бикунед.

Як таронаи Парвина Шукруллоева, хонандаи муваффақи тоҷик ҳам замоне сабаби баҳсҳои гарм шуда буд, ки мегуфт,

«Доим садо мекуни маро, лали ҷал(в)ӣ,
Ҳастии ҳарфи туро бошад, лали, ҷалӣ.
Хазон мешавад барги дилат, лали, ҷалӣ,
Бар тану ҷонам мехонам, лали, ҷалӣ».

Ҳоло боз сарпӯши деги шоу бизнесро боз мекунем, бубинем, ин навбат дар кафлезамон чӣ бармеояд (фикр мекунам танҳо овардани матнҳо кофист ва ҳоҷат ба шарҳи ман нест. Аммо агар Шумо шарҳе доред, зери матлаб бинависед).

Рӯзибеки Файзалӣ дар таронаи «Телефон» мехонад:

“Хона таклифт кнм, якшаба меҳмонт кнм,
Номри тилфонта бте, Зебо, ки тилфонт кнм.
Ба Ту Зебо, ки дига мисли ма ошиқ мешава,
Номри телфонша намета оҳ, дилакм зиқ мешава. Номри тилфонта бте, номри тилфонма биги, Номри тилфонша намета, э Хдо ҷонша бигӣ.”

Зоири Икромзод бошад, дар суруди «А духтар» мегӯяд:

“А духта шидай т пухта,
Т ба ма ниго к духта.
Т нигоҳ кни ё накни,
Ма тра кадм шинохта»

Нақорот:
“А дхта, а дхта, ма тра кадм шинохта,
А дхта-йе, а дхта, ма тра кадм шинохта”

Намояндаҳои ҷинсҳои латиф ҳам аз мардон кам намеоянд. Миҷгонаи Мирзо дар суруди «Духтари тоҷик»:

“Манам духтари тоҷик,
Ба ишқат шуда ошиқ,
Сароям аз дилу ҷон,
Миёнам химчаборик…

…Занам сурма ба чашмам,
Ба тан куртаи зебо.
Ба абрӯ усмаи тар,
Ба гуш ҳалқаи тило.
Ба сар тоқии гулдуз,
Ба дастам гирам ҳино.
Ба зулфам мушку анбар,
Шавам зеби тамошо.”

Дар жанри РЭП низ суханҳои бемантиқ кам нестанд. Мо ба шеваи сароидани он ҳоло кор намегирем, чун хусусияти жанр ҳамин аст. Аммо дар бархе маворид суханҳои пайи ҳам барчида ба ҳам мувофиқ нестанд. Дар бештари ҳолатҳо рэпсароҳо маънии калимаҳоро намефаҳманд ва ин сабаб мешавад, онро ғалат истифода кунанд. Масалан дар муаррифии таронаи «Ишқи оригинал»-и Mc Fedya «Истеҳсолоти Ҷадидон» мегӯянд. Ба эҳтимоли қавӣ инҳо «истеҳсоли Ҷадидон» гуфтанӣ ҳастанд.

Дар ин тарона ташбеҳи хеле аҷибе аст (воқеан ба мавзӯи ташбеҳҳо дар матлаби дигар бармегардем, ҳоло танҳо бо овардани ду намуна ва он ҳам аз жанри рэп иктифо мекунем). Mc Fedya мегӯяд, «ишқи ма бд аргинал, ишқи т бд хитоӣ». Баха-84 бошад, ҷое «Ма хирсу ту асалӣ» мехонад.

Ин матлабро дуру дароз навиштан мумкин аст, аммо мақсад ин нест. Барои ислоҳ танҳо намунаҳо басандаанд ва ин ҳам чанд намуна буд, ки навиштем.
Мӯҳр
Аслан таронаи рузибеки файзали аз у нест ин таронаро пеш "Гургибек"-ё ин ки Хабибуло хонда буд ин таронаи халки мебошад

Дилшод аз Душанбе
Шахло ту чинси мардро аз зан фар карда метони е не ? Махбуба нест унчада Махбуб аст кур"! Холи бие Махбубро мебини

Комрон ш Душанбе
Бехтарин матлаб!!! Муаллиф танхо як ду сурудхоро мисол овардааст, шумораи ин гуна сурудхо хело хам зиёданд, аммо дуруст аст ки аз чихати кофиябандию банду баст дуруст нест. Бояд шеър ба ин "мафоилун фаилун.... " рост ояд, лекин ин хама хатои махз аст.
Агар сари масъалаи Беруз Зеваров оем у холо чавон аст ва дар ин рох тачриба зиёд надорад. Бо вучуди ин кушиш мекунад, ки муваффак бошад. Неки хамин бародар як кори хато кард, дар як филм накш бозид, ки ин статусашро поё

Човид
Чаноби композитор як навиштаатро бихон! Бехрузи Зевар бисёр гапхои хуб гуфтааст ин мушкилии замона ва дарди чомеаи мо аст, ки бояд сари рохи инро гирифт вагарна аз фархангу маданияти чандин асраи халки точик асаре хам намемонад! Ту як чизи фаромуш накун ки аз пайдо шудани чунин сарояндагон, шоирон ва композиторони бефахм имруз ахли чомеаи точик аз тамошои телевизиони точики аз гуш кардани радио ва иштирок дар дигар чорабинихои фарханги худдори мекунанд! Мисли ту композиторон ва хофизоне ки чаноби Бехрузи Зевар дар маколааш номбар кардааст як максад дорад, факат пур кардани чайби худ боки хеч... Шумо на бар мазмун кор мегиреду на ба фархангу маданият! Агар дар гузашта мисли шумо рафтор мекарданд имруз мо фархангу маданият намегуфтем! Охир бовар кунед ин сарояндагон ва композиторон пеш аз хама бо забони точики харф зада наметавонанд! Агар ахамият дода бошед дар вакти суханрони факат калимоти лахчави читавре дар сурудахояшон низ чунин аст истифода мебаранд! Пас забони ноби точики кучост!!! Як мисоли одди калимаи "Духтар" сароянда мехонад "Дхта" ё бигирем номи "Худо" дар забони сарояндагон "Хдо" ин чи шармандаги аст ин номи Худованд аст хаминро пурра ба забон гир! Ё вазнини мекунад!? Дар шабакаи интернет як пурсиши гузарониданд агар хато накунам дар "Озоди" буд як нигох кунед кариб 85% ахоли телевизионхои махаллиро тамошо намекунанд! Сабаб чи аст?! Хамон сарояндагону композиторону барномасозоне хастканд ки хамеша дар фикри бастани шартнома ва пур кардани чайбхои худ хастанду бас! На аз забон, на аз фарханг ва на аз маданият харфе намезананд!

Фарханги
Хеле хуб нигoштаед, бардари азиз, Бехруз. Шеъри тoчикирo ин сарoяндагoни нoмакбул мисли худ урён мекунанд.

Махмад
Пири хирад бо сузи дил чунин баён карда буд: Фарёд дар замона хирад монд бепадар! Алфоз бе мураббию афкор дар ба дар!

in lahjai tojikoni kuhiston ast.tu kalxoz chira mefahmi.kompozitori ma'rufu behtarin zikriolloh hakimov ast..in behruz hej kas nest.xujandivu pomirihoham yod giriftan in lahjai tojikiro..hatto meforashon..

nomri telfonta bte.nomri telfonma bgi.nomri telfunsha nameta ei xudo jonsha bgi.in surudi zafarchai ayubi ast.zoirchai kulobi xonda budan solhoi 93 94.

шогирди Рудаки
Ана тоза сари максад омада истодаем.. Эшонхо то аз гуру киёмат гирифта мардума тарсондана.. чазои хакорат ва дашномхое ки дар кучахои мо аз дахони пиру чавон мерезад ба мардум бифахмонанд.. мебахшеду ин сарояндахои бесару оянда забони дарии човидонаамро сахт тахкир карда истодаанд.. Худо чазояшонро бидихад.. омин.. рузи киёмат илохо кару гунгу кур баланд шаванд..

Шумо бародар да бораи Реп Сухан гуфтен охи чи тавр репро ба забони Адаби сароянд ин тамоман но мумкин хаст

шахрванд
Вокеан хандаовар аст наход ин сурудхои пуч ба гуши вазорати фарханг нарасад э бахудо айб аст бо асос хами репхонхои бемаъни

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)