Бахшҳо

Шукронаро ҳам мо кунем, Шумо чӣ кор мекунед?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Тоҷикистон дар гирдоби вируси шукрона гирифтор аст. Ҳама ҷо шукронамания.

Аз президент то вазиру раис, овозхону мулло, журналисту савдогар таъкид мекунанд, ки бояд шукрона кунем. Раисиҷумҳур мегӯяд, «бояд шукронаи ватани маҳбуб» кард, дигарон мегӯянд, «бояд шукронаи Ҷаноби олӣ»-ро гуфт.

Ба ҳамин минвол ангезандаи ин вирус тамоми ҷомеаро фаро гирифта ва ҳамаро сироят кардааст. Ба монанди «Роғун»-у Ваҳдат, истиқлолият ва даҳҳо мавзӯи дигар шукронаро ҳам ба ҳадди ифрот расондаем. Ифрот як вожаи бисёр зеборо хор кардааст.

Суҳбатҳо, мавъизаҳо, баромадҳо ва ҳатто сурудҳоямон шукронаӣ шуданд… Ва бештари онҳо бо президент шукрона мекунанд. Ба ҳадде, ки овозхонҳо дар таронаҳояшон «шукрона мекунам ман бар аҳди сарвари хеш» мехонанд. Бархеи дигар аз онҳо сухани худро бо ҷумлаи «шукронаи Ҷаноби олӣ» оғоз мекунанд.

Вируси шукрона ҳатто “рӯйхати сиёҳ”-и ТВ-ҳоро шикаста, таронаи Шабнаму Фарзона ва модарашон Сурайёро ба эфир баровард. Суруди онҳоро чандин сол аст, ки дар “Шабакаи аввал” ва “Сафина” қариб намебинем, аммо суруди “Шукрона”-ашон ба эфири дуюмӣ роҳ ёфт. Дуруст, ки худи онҳоро намоиш надоданд, танҳо суруд ва наворҳои табиати Тоҷикистон манзур гардид.

Таронаҳои шукрона дар гузашта ҳам буданд, аммо он вақт, ки вируси шукрона паҳн нашуда буд, маҳбуб, хостанӣ ва шуниданӣ боқӣ мондаанд. Барои мисол, суруди Нуқра Раҳматова, ки “шукри обу хок, шому субҳи атрноки Тоҷкистони азиз”-ро мегӯяд. Формати телевизионҳои давлатӣ ҳам гӯиё шукрона бошад. Бештари онҳое, ки тариқи оинаи нилгуни мо суҳбат мекунанд, ҳатман яке аз ҷумлаҳояшон «шукронаи Ҷаноби олӣ» ё «шукронаи истиқлолият» аст.

Шукрона калимаест, ки ҳар фарди мусалмон огоҳу ноогоҳ, боихтиёру беихтиёр онро ба забон меоварад. Хеч ҳоҷате ба ёдрас кардани он набуд ва нест. Гузашта аз ин хеч одами бофаросат ва боақл орзуи барҳам задани субот ва оромиро дар сар надорад. Пас, чӣ зарурат аст, ки ҳар замон бигӯем, ки «шукронаи субот кунед, шукронаи оромӣ кунед»? Инсони бошуур новобаста аз таъкидҳо ҳамеша шукрона мегӯяд. Аз ин хотир ба гӯшзад кардани ҳарлаҳзаии ин калима ниёзе нест.

Вируси шукрона баъди он паҳн шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ гуфт, шукронаи тинҷиву ободӣ ва ватан кунед. Ва ин ҳарфҳоро телевизиони Тоҷикистон қабл аз ҳар бахши иттилоотии «Ахбор» мешунавонад.

Ҳама мегӯянд, ки бояд шукрона кард, «шукронаи Ҷаноби олӣ», «шукронаи истиқлолият», «шукронаи ободӣ», шукронаи... Аммо ҳеч нафар нагуфта, ки шукронаи ҷони мардикоронро намоед, ки сабаби зиндагии нисбатан осудаи мардуми кишваранд. Шукрона бояд кард, ки маҳз бо заҳмати онҳо хонаводаҳояшон пул меёбанд… Ҳама мегӯянд, ки бояд «шукронаи ин неъматҳо (?)»-ро кард. Кадом неъматҳо дар назаранд? Ҳудуди ним соли бебарқӣ дар асри 21 ё манбаи аслии об будану аз беобӣ танқисӣ кашиданро мешавад неъматҳо гуфт?

Бо шукронаи соҳибистиқлолӣ кардан оё мешавад шикамҳоро сер ва Тоҷикистонро обод сохт? Бо шукрона гуфтан ватан рушд мекунад? Касе ҳам намегӯяд, ки бо «шукронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» гуфтан, коррупсия аз байн намеравад, роҳҳои пулакӣ ройгон намешаванд, дар маҳбасҳо зиндониён ба таври мармуз намефавтанд…

20 сол аст, шукрона мекунем. Тайи ин бист сол тафовут танҳо ҳамин аст, ки 20-сола будему 40 сола шудем. На соҳиби замин на соҳиби хона. Худо накунад, ки бо шукронагӯӣ чунин нимгуруснаву бе замину бе хона 60-сола шавем. Ҳатто гоҳо ташвиш мекашем, ки агар яксолаҳои ҳамин мансабдорон бистсола шаванд, яқинан ба мо ғайр аз шукронагӯӣ чизе боқӣ нахоҳад монд.

Аммо шигифтӣ инҷост, онҳое, ки ба мо шукронагӯӣ ташвиқ мекунанд, ҳатто гоҳҳо маҷбур низ менамоянд, ки шукрона кунем, чаро худ шукрона намекунанд? Онҳое, ки моро аз солҳои нооромӣ метарсонанд, чаро ҳолати иҷтимоии 20 сол қабли худро пеши назар намеоранд? Чаро қасрҳои имрӯзии худро бо кулбаҳои дирӯзаашон муқоиса намекунанд? Охир Шумо, ки аз ҳеч соҳиби ҳама чиз шудед, гумон доред, ки мо ҳам тағйир хӯрдаем? На! Валлоҳ, ки мо ҳамон тавре, ки будем ҳамонем, баръакс он замон барқу газ доштем. Имрӯз якеро аслан фаромӯш кардему дигареро ним сол мебинем ним соли дигар аз дур, яъне дар хонаи мансабдорон! Манзур ҳеч баҳонае барои шукронагӯӣ (ба истиснои шукр ба Худо) надорем!

Хулоса, онҳое, ки заминҳоро гирифтед, мансабҳоро гирифтед, имконияту шонсҳоро гирифтед, корхонаву коргоҳҳо, фурӯшгоҳҳу бозорҳоро гирифтед, «шукрона»-ро низ худатон гиред! Моро ба ҳоли худ гузоред!
Мӯҳр
Турахон
Бародар Абдулазизи ВОСЕЪ вакте ки дар гур даромади он чо низ даъво кун ки 2/1 кам аст. Ман шукр намегуям. Мумкин барои шумо иловаги територия чудо кунанд. Шукр нагуи, рав Мурси кати як ба як бош. Шумо аз падару модар шукр намегуед. Сад хайфи мехнати Рахмонов ки барои системаи антишукрият талош мекунад. Мо 90 фоизи Точикистон бо РРААХХММООННООВВ - падари маънавиамон шукр мегуем. Шумо нолида гардед. Пир ки шудед, дар масчидхои дар давраи президентии Рахмонов сохтаги намоз хонда, механический савобатон ба он кас омадан мегирад. Ин теоремаи мукобили ашхоси ношукр аст.

Мухочир
Аз сухани хак чаро меранчед? ягон сухани Абдулазиз нохак нест харф ба харф, нукта ба нукта хакикатро гуфтааст. Пас чаро ба иззати нафи касе, ки суханаш хак аст мерасед? Касе, ки чунин вазъияти ногуворро дар Точикистон фарохам сохтааст, хох нохох чавоб мегуяд, аз карда пушаймон мешавад. ин тафрикаандози нест мардум кур нест. Илм нест, амал ба чуз дузди чизи дигар нест барк нест, газ нест ё ба хамин нестхо хаст гуянд, ки тарафдорони ин давлати "хукукбунед"- и демокративу дуняви" озурда набошад.

Ч,аноби оли дар х,амаи Ч,о Мо-Кулобих,оро барои ч,ангу ч,анч,ол гунах,кор мекунанд,Барои Ч,ияни Нусрати бетурсик писари худорах,матии омузгори ДДОш.Кулоб Талбаковро,ки дар мактаби президентии Бохтар мехонад бо дасти мусалах, зада сарашро кафондаанд.Бо тарси он ки байни Кулобу Дангара-Курган ч,анг нашава директори ин мактаб(банани сиях,шуда) хонанда Бахтиёрро тарс додааст,ки агар ба касе гапи х,ак,ро бигуи дигар ин ч,о намехони!Магар меарзад,ки барои дар Ватани худат тарсида рох,гаштан Шукрона куни??????????????????

номус
ман ба хеч вачх шукрона намекунам агар рахмон ба сарконун тагйирот дароварда боз номзадиашро ба мансаби президенти гузорад..

Сармад
Шукронаи мардикори точик!

дангарачо - = н
акаи абдулазиз зик нашав хамаи гапот 100 дай и турахон ягон косалеси дастнигарай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)