Бахшҳо

Пешниҳоди Файзиннисо Воҳидова ба Эмомалӣ Раҳмон

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик, бо пешниҳоди номи чанд тан аз кадрҳо, мегӯяд, агар Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибдори рушду пешрафт бошад, бояд бархе аз мансабҳои давлатиро дар ихтиёри онҳо гузорад.

Ин ҳуқушиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳоле маҳаки асосии савганди раисиҷумҳури Тоҷикистон таъмини ҳуқуқу озодӣ ва ҳимояти шарафи сокинони кишвар буд, бояд ба ҳайси раиси Додгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Ватанов, собиқ муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ ва ҳоло вакили парлумон таъйин карда шавад. Ба гуфтаи Воҳидова, Ватанов таҷрибаи хуби корӣ дар мақомоти додгоҳӣ дошта, ҳамчун вакил ба парлумон фиристодани ӯ хатои ҳукумат мебошад: “Ватанов дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ маҳз дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кор карда, ҳатто дар ҳамон вазъи ҳассоси сиёсии кишвар адолати додгоҳӣ таъмин мешуд.”

Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ба мақоми раиси Додгоҳи конситутсионии Тоҷикистон таъйин шудани Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бисёр муфид аст. Чун, ба қавли ӯ, баробари ба ин мансаб омадани Зоиров ду мушкили ҳассоси кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт: “Якум, Зоиров мутахассиси ҳуқуқи конститутсионӣ ва кадри касбӣ аст. Ҳамзамон ӯ сиёсатмадор ва раҳбари яке аз аҳзоби мухолифини кишвар буда, мансаб гирифтанаш обрӯю нуфузи ҳукуматро боло хоҳад бардошт ва ҳукумат ба боварии мардум соҳиб мешуд.”

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик илова менамояд, курсии раҳбарии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бояд дар ихтиёри Лола Хоҷаева, додраси Додгоҳи олӣ гузошта шавад. "Чун ӯ як мутахассиси варзида дар риштаи ҳуқуқи гражданӣ мебошад ва ҳамзамон ба фаъолиятҳои эҷодӣ низ машғул аст",-гуфт ӯ. Вай афзуд, “таҳияи кодекси гражданӣ, қарорҳои пленуми Додгоҳи олӣ ва як қатор қонуну санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои ҳуқуқи гражданиро ба танзим медароранд, маҳз маҳсули кории Хоҷаева мебошад.” Воҳидова бар ин аст, ки ҳукумат бо таъйин намудани Хоҷаева ба мақоми раиси Додгоҳи олии иқтисодии кишвар, бо як тир ду нишон мезанад.

Воҳидова дар идома меафзояд, ҳукумати Тоҷикистон агар ба ҳайси иҷрокунандаи вазири умури хориҷии кишвар Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиро интихоб кунад, ба нафъи миллат ва худи он мебошад. Ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, раҳбари ҲНИТ ҳам сиётсамадору ҳам дорои дипломатияи хуб мебошад ва дар давоми солҳои охир низ тавонистааст, дар маъракаҳои сиёсию исломӣ Тоҷикистонро муаррифӣ ва аз сулҳи тоҷикон намуна созад: “Ҷаҳони Ислом ӯро мешиносанд ва эътироф мекунанд. Солҳои охир сиёсати берунаи ҳукумати Тоҷикистон чунин ба роҳ монда шуда буд, ки бештар бо давлатҳои исломӣ ва мамолики араб ҳамгироӣ доштанд. Илова бар ин, Муҳиддин Кабирӣ бо аъзои ҳизбаш дар як давлати демократӣ тавонист, ҷомеаи исломии дунявиро созад.”

Хонум Воҳидова аз табдил ёфтани парлумони Тоҷикистон ба як хонаи “ҷаримавӣ” иброзӣ нигаронӣ дорад. Чун ба қавли Воҳидова, парлумони Тоҷикистон дар таҳия ва қабули қонунҳо мустақил ва нақши асосӣ надорад. "Аз ин рӯ, вақтҳои охир ҳар мутахассисе, ки барои ҳукумат “нолозим” мешавад, ба ин макон "фиристода" хоҳад шуд. Чанд нафар мутахассисони касбии соҳаи худ бемантиқ ба парлумон "фиристода" шуда, ҳоло онҳо моликияти зеҳнии хешро ба амал бароварда наметавонанд”,-афзудааст ӯ.

Ҳуқушиноси тоҷик дар ин бора мисол оварда аз Азизмат Имомов, Меърочиддин Хакимов, Маҳмадалӣ Ватанов ва Убайдулло Давлатов, собиқ кормандони додситонӣ ва додгоҳи кишвар ном мебарад, ки ҳоло ин ниҳоди Тоҷикистон ба ингуна кадрҳо ниёз дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ба Парвиз! Курбони он касам, ки у хаки гапро мегуяд! Дар хакикат ягон вазири точик гами халкро намехурад ва аз хамин сабаб чи давлат ва чи чомеаи мо ягон зарра пешрави надорад. Хама дар гирдоби таназзул гирифторем ва касе бе розигии ЧО наметавонад ягон навовари намояд. Мисоли одди, мушовири давлатии Президенти кишвар Чумахон Давлатов зидди ба нафака равон кардани кухансолони хукумати фикрашро баен кард дар натича уро мудири шуъбаи вазорати наклиет таъин карданд. Судяи чавон Шухрат Шодиев аз хукукхои конуниаш истифода карда ба Суди конституциони бо ариза мурочиат кард, дар натича 5 карори кабулкардаи уро ба тарики назорати бекор карда худашро ба нохияи Рошткаъла бадарга карданд.Ин аст сиёсати кадрии давлати мо. Пас хак бда чониби Парвиз аст.

Намедонам чи максад дошта боши Ватанов ва Мухиддин Кабири тамоман дигаран кори хта кн номи Ватанова дар харчо нагир.. Саломат боши!

Субхон
Бехтарин пешниход. Бояд чунин нафарони боаклу бофаросатро мо кадрдони кунем ва аз онхо истифода барем. Ман фикр мекардум мардуми точик бааклан вале аз назар санчихо бар меояд хама аз руи шунид гап мезанан акли худра кор намебаран. Кабири, Зоиров, Косимов, Бобоназарова, Вохидова ино нафаронеан ки бояд бо чашми акл инхора дид на бо чашми кур. Худованд нигахбони шермардои милати точик.

Ба Умарали. Чаро аз ном гирифтани Ватанов талхат кафид? Метарси ки баъди номи уро овардан Ватанов аз курсии вакили хам махрум мешавад? Дар чунин вазъ як фикр кун, ки агар аз ном гирифтани як шахси болаёкат тарси ки дар оянда ба ин шахс проблема мешавад пас чи тавр ту ин хукуматро таъриф мекуни ва кобили кабул дори? Ин маънои диктатураро надорад агар фикр куни ки баъди навиштани ному насаби кадоме аз мансабдорон ба онхо проблема шавад. Бинобар хамин ман фикр мекунам, ки хар касе ки ин хукуматру рохбари давлатро таъриф мекунад самими нестанд онхо аз тарс таъриф мекунад ва ту худат якеза онхо мебоши.

Ба рости ман агар ягон власт медоштам ба хамин зан як ордени часорат медодам. Мебинам ки имруз мардзои майдон ки худро мард мехисобанд аз ухдаи навиштани чунин суханхои чуръатона метарсанд хатто хамон лаганбардоро худдори мекунанд чунки аз чанобашон метарсанд аз тарс тарифкуни мекунанд. Ман Файзинисо Вохидоваро ягон чоизаи чуръат ё часорат ном монда месупоридам. Зинда боши хохари азиз. Ана ин кору пешниходи Вохидова ватандусти мебошад на ин ки дигарон таги номи ватандусти пинхон шуда дар асл хич хел ватандуст нестанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)